Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Осиёи Марказӣ дар 2023. Гоҳ бо Амрико, гоҳ бо Аврупо, вале дӯсти Чину Русия


Раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Олмон
Раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Олмон

Дар соли гузашта кишварҳои Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи бесобиқаеро аз сӯи бозигарони байналмилалӣ ва минтақаӣ таҷриба, аммо робитаи наздики худро бо Маскав ва Пекин ҳифз карданд.

Ин сол барои кишварҳои Осиёи Маркзӣ пур аз рухдодҳои сиёсӣ буд. Дар ҳоле, ки Маскав даргири ҳарчи бештари ҷанг дар Украина ва рӯёрӯӣ бо кишварҳои ғарбӣ буд, муттаҳидони наздикаш дар Осиёи Марказӣ барои худ имкониятҳои нав пайдо карданд.

Тибқи арзёбии коршиносон, сатҳи таваҷҷуҳи дипломатӣ ба минтақа дар тӯли сӣ соли истиқлол ба болотарин сатҳ расидааст. Худи кишварҳо низ талош доранд, ҳамкории минтақаиро густариш бидиҳанд ва робитаҳои мавҷудро ниҳодина бисозанд.

С5+1 ҳамчун формати нави куҳна

“Ҳамкории фаъоли Осиёи Марказӣ бо бозигарони берунӣ воқеан қобили мушоҳида буд. Дидори сарони кишварҳои минтақа бо раиси ҷумҳурони Амрико, Олмон, Чин ва албатта сафари ахири раиси ҷумҳури Фаронса Макрон ба Қазоқистон ва Узбекистон намунаҳои барҷастаи ин ҳамкориҳостанд. Дар айни ҳол метавон мушоҳида кард, ки дар ин авохир сафари мақомоти баландпояи Русия ба Осиёи Марказӣ низ зиёд шудааст. Аз ҷумла барои Тоҷикистон соли 2023 пур аз иттифоқоти сиёсӣ буд. Тақвияти равобити дуҷониба бо Эрон: ба роҳ андохтани ҳамкориҳои низомӣ ва лағви низоми раводид намунаҳое аз наздикии Душанбе ва Теҳрон аст,” - мегӯяд пажуҳишгари мустақил Муслим Буриев.

Ба гуфта ӯ, кишварҳои минтақа барои гуногунии робитаҳои хориҷӣ талош карданд, аммо фосила гирифтан ва ё коҳиш додани вобастагӣ аз Русия барои онҳо даст надод. Дар солҳои ахир дидорҳо дар шакли С5+1 ба суннати сиёсии минтақа табдил ёфтааст. Аз оғози соли 2022 дидори маҷозӣ дар ҳамин шакл бо Ҳинд, сипас бо Русия дар шаҳри Остона, бо Чин дар шаҳри Сиан, бо сарони кишварҳои Халиҷи Форс дар Ҷидда, бо раиси ҷумҳури Амрико дар Ню Йорк ва бо садри аъзами Олмон дар Берлин анҷом шуданд.

Ваъда ва дурнамо

Чин тарҳи тавсеаи худро бо ҳадафи эҷоди масирҳои ҷойгузин барои ҳамли молу коло ва маводи хом ироа кард ва таъмини амнияти минтақаро замонат дод. Илова бар ин, Пекин ба таври фаъол ба тарвиҷи сохти роҳи оҳани Чин – Қирғизистон –Узбекистон ва сохти роҳи Чин –Тоҷикистон –Узбекистон шурӯъ кард.

Ҳамкорӣ байни шоҳигариҳои арабӣ ва кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз баргузории нишасти нахустин дар моҳи июни соли 2023 ва тавофуқ бар сари тарҳи ҳамкориҳо барои солҳои 2023–2027 вижагиҳои ниҳодӣ касб кард.

Дар нишасти Иттиҳоди Аврупо-Осиёи Марказӣ дар Чолпон-Ата масъалаҳои иқтисодӣ, тиҷорат, табодули фанновариҳо, сармоягузориҳои мутақобил ва робитаҳои рақамӣ баррасӣ шуданд.

Дар дидори сарони кишварҳои минтақа бо раиси ҷумҳур Ҷо Байден Амрико дар баробари арсаҳои дигар нияти худро барои тақвияти ҳамкории амниятӣ иброз кард. Аз ҷумла дар масъалаҳои дифоӣ, фаъолиятҳои ҳифзи ҳуқуқ ва мубориза бо терроризм.

Натиҷаи дидор бо садри аъзами Олмон дар моҳи сентябри 2023 баёнияе буд, ки дар он “мушорикати роҳбурдии минтақаӣ” байни Олмон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ эълом шуд.

Манфиатҷӯии муваққатӣ?

“Агар ба фурсатҳое, ки барои содироти колоҳои таҳримшуда ва ниёзҳои ҷадиди бозшудаи Русия дар минтақа нигоҳ кунем, низомҳои худкома, аз ҷумла Қазоқистон ва Қирғизистон то андозае аз ин фурсатҳои нав истифода кардаанд. Ҳамчунин тақвияти ҳамкорӣ дар мавриди ҳамлу нақли гази Русия тавассути қаламрави Қазоқистон ва Узбекистон қобили мушоҳида аст. Низомҳои истибдодии Осиёи Марказӣ аз Чин замонати амнияти тамомияти арзии худро гирифтаанд, ки онро низ метавон манфиатҷӯӣ аз вазъи мавҷуд унвон кард,”- мегӯяд сиёсатшиноси қазоқ Димаш Алжанов.

Ба унвони мисол аз Қазоқистон ном мебарад, ки ба гуфтаи ӯ, аз худ ҳамчун ҳамкори бартар барои кишварҳои ғарбӣ ба намоиш гузошт ва тавонист чандин қарордоди судовари содироти нафт ва манобеи дигар имзо кунад, ки дархури манфиатҳои кишварҳои ғарбиянд. Ин на танҳо ҷойгоҳи қаблан дар ихтиёри Русияро ишғол кард, балки бо истифода аз ниёзмандии аврупоиҳо аз низоми худ тавсири беҳтаре ироа кард.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳаҷми мубодилоти тиҷории ва кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ибтидои таҷовузи Русия ба Украина 15 дарсад нисбат ба соли гузашта афзоиш ёфта ва ба беш аз 42 миллиард доллар расидааст. Ин тамоюлро аз ҷумла ба давр задани таҳримҳои алайҳи Русия тавассути кишварҳои минтақа рабт медиҳанд.

Талош барои ҳамкорӣ

Денис Бердаков, сиёсатшинос аз Қирғизистон мегӯяд, кишварҳои минтақа аз имкониятҳои пайдошуда истифодаи ҳаддиаксарӣ мекунанд. “Масъала ин аст, ки тафаккури нухбагони сиёсӣ на дар ҳамаи кишварҳо тағйир наёфтааст. Мо дар тӯли 30 сол даргири таҷзия ҳастем ва танҳо аз соли 2016 равандҳои ҷиддӣ шурӯъ шуданд. Соли гузашта ин равандҳо 10 баробар афзоиш ёфтанд. Эҳтимолан баъди 3-4 соли дигар мо Осиёи Марказии аз назари кайфият мутафовитро хоҳем дид,” -ҳадс мезанад Бердаков.

Дар пасманзари рақобатҳои геополитикӣ, кишварҳои Осиёи Марказӣ беш аз пеш барои қавӣ кардани мавқеи худ ва ниҳодина сохтани равобити минтақаӣ ки дар раванди нишасти машваратии сарони кишварҳои минтақа дар Душанбе мушоҳида шуд, талош карданд.

Таваҷҷуҳ ба минтақа ҳифз мешавад?

Аммо, ба гуфтаи хеле аз коршиносон, таваҷҷуҳ ба минтақа наметавонад барои ҳамеша дар чунин сатҳ боқӣ монад ва истифодаи лозими нухбагони сиёсӣ аз ин имконият баъид аст.

Ба гуфтаи Ҷеннифер Брик Муртазашвили, роҳбар ва бунёдгузори Маркази мудирият ва бозор дар Донишгоҳи Питтсбург инҳо ҳама унсурҳои як тасвири печидаанд, ки дар он Маскав “мавқеи бартари роҳбурдӣ” - ро дар Осиёи Марказӣ ҳифз мекунад, аммо дар ҳоли аз даст додани фишангҳои таъсиргузор аст.

“Кишварҳои дигар шоҳиди заъфи Русия ва аҳамияти геостратегии Осиёи Марказӣ шуданд. Таваҷҷуҳи дар ҳоли афзоиш ба минтақа ба ин кишварҳои имконият медиҳад, ки сиёсати деринаи хориҷии чандҷонибаи худро амалӣ кунанд. Сиёсате, ки солҳо орзӯи онро доштанд”- мегӯяд коршинос.

Сиёсатшинос Димаш Алҷанов низ чунин дурнаморо мебинад.

“Ҳамаи кишварҳо сиёсати чандҷониба надоранд ва мизони алоқаи онҳо ба бозигарони аслӣ ва вобастагии онҳо мутафовит аст. Ман ҳеч дурнамоеро намебинам. Ба далели пасрафти сиёсии дохилӣ кишварҳои дохилӣ дар ҳошия ва ақибуфтода хоҳанд монд ва сиёсати хориҷии онҳо низ инъикоскунандаи ин мавзӯъ хоҳад буд,”- мегӯяд коршинос.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG