Ҳероин. Дар коляска, дар бадани кӯдак ва ҳатто дар ... лонаи гург (2 ВИДЕО)

Ҳероин дар коляска

Пулиси Русия аз боздошти ду зан бо иттиҳоми фурӯши маводи мухаддир дар шаҳри Тамбов хабар дод ва гуфт, ин занон дар ин пеша кӯдакони хурдсоли худро ҳамчун сипар истифода мебурданд.

Дар шаҳри Тамбови Русия ду зан аз Осиёи Марказиро бо иттиҳоми даст доштан дар қочоқ ва фурӯши маводи мухаддир дастгир кардаанд. Пулис мегӯяд, ин занҳо кӯдакони хурдсоли худро дар ин “тиҷорат” ба ҳайси сипар истифода мебурданд.

Гуфта мешавад, боздошти зани аввал, ки аз Тоҷикистон будааст, ҳанӯз рӯз 9 феврал дар кӯчаи Рилеев ва замоне сурат гирифтааст, ки ӯ дар либоси кӯдаки 5-солааш 60 грамм ҳероинро пинҳон карда, мехост ба як майдафурӯш бирасонад. Ҳамон рӯз як зани дигар аз Узбакистонро ҳам дастгир карданд, ки аз боздоштшудаи аввал рӯзе пеш барои фурӯш 457 грамм ҳероин гирифтааст. Ин маводи мухаддирро аз коляскаи кӯдаки якунимсолаи ӯ пайдо кардаанд.

Пулиси Русия мегӯяд, қочоқбарони маводи мухаддир дар солҳои охир аз хидмати занон торафт бештар истифода мебаранд, чунки занон назар ба мардон мавриди шубҳаи камтари пулис қарор мегиранд. Аммо дар ин авохир мавридҳои истифодаи занони ҳероинфурӯш аз кӯдакони хурдсол ба ҳайси сипар зиёд мушоҳида мешавад.

Маъмурони пулиси Тамбов гуфтаанд, зани кӯдакдор маъмулан мавриди таваҷҷӯҳи пулис қарор намегирад ва ин занҳо аз ҳамин бовари мақомот сӯиистифода мекардаанд.

Ба гуфтаи пулис, дар моҳҳои охир дар Тамбов чандин мавриди дар истгоҳҳои автобус ва ҳатто дар майдонҳои бозии кӯдакон пинҳон кардани маводи мухаддир ошкор шудааст. Қочоқбарон ба хотири ба даст наафтодан одатан як миқдори маводи мухаддирро дар ягон ҷои дуртар аз маҳалли зисташон пинҳон мекунанд ва баъди гирифтани пулаш тавассути телефон ё Интернет ба нафари харидор ҷои пинҳонгоҳро нишон медиҳанд. Харидор дар ин сурат худаш танҳо барои гирифтани маводи мухаддир меояд ва ин бо далели шайъӣ дастгир кардани фурӯшандаҳоро барои пулис тақрибан ғайримумкин мегардонад.

Мақомоти Русия то кунун роҳу василаҳои гуногуни қочоқи маводи мухаддирро ба истилоҳ “коллексия” кардаанд. Аз ҷумла дар дохили анору харбуза, дар дасту пойҳои сунъӣ, дар меъда ва ҳатто дар маъкаду фарҷ, дар қуттиҳои шарбат, дар кӯлоҳу дар дохили кулчаву нон...

Яке аз бародарони дар Маскав дастгиршуда

Аммо усули пинҳон кардани ҳероин аз сӯи ду бародар аз Тоҷикистон, ки дар ин ҳафта дар шаҳри Маскав дастгир шуданд, ҳатто афсароин ФСКН – Хадамоти федеролии мубориза бо маводи мухаддири Русияро дар ҳайрат гузошт. Ин ду бародарро ибтидо дар километри 53-юми МКАД- шоҳроҳи атрофи пойтахти Русия ҳангоми дар як пинҳонгоҳ гузоштани беш аз 1 кило ҳероини сифаташ баланд дастгир карданд.

Таҳқиқи баъдӣ пулисро ба як базаи истироҳати хусусӣ дар ноҳияи Очаково-Матвеевское овард. Ин ду бародар ин база нигоҳубини як боғчаи хурди ҳайвонот (мини-зоопорак)-ро бар ӯҳда доштаанд ва ҳероинро дар лонаи гурги ваҳшӣ пинҳон мекарданд. Пулис аз ин пинҳонгоҳи ғайриоддӣ боз 8 кило ҳероин мусодира кардааст.

Маълум шудааст, ки ин ду бародар ба фурӯши маводи мухаддир ба умдафурӯшон ба андозаи на камтар аз 1 кило машғул будаанд. Алайҳи онҳо бо иттиҳоми “фурӯши ғайриқонунии маводи мухаддир” парванда кушодаанд. Тибқи қонунҳои Русия, акнун ба ин ду бародар аз 15 то 20 соли зиндон ва ҳатто ҳабси умрбод таҳдид мекунад.

Наимҷон Ёқубов

Тоҷикистон, ки бо Афғонистон – як манбаи асосии тавлиди афюну ҳероин – 1370 километр марзи мустақим дорад, ба як масири умдаи қочоқи маводи мухаддири афғонӣ ба самти Шимол, асосан ба Русия ва Қазоқистон, табдил ёфтааст.

Дар ҳоли ҳозир дар зиндонҳои Русия 7786 тоҷик адои ҳукм мекунанд. Гуфта мешавад, беш аз нисфи онҳо бо ҷурми даст доштан дар қочоқ ё фурӯши маводи мухаддир маҳкум ба зиндон шудаанд. Ба ин далел, дар матбуоти Русия ва ҳамчунин дар забони мақомоти он кишвар муҳоҷирони тоҷик як манбаи густариши қочоқи маводи мухаддири афғонӣ нишон дода мешаванд.

Аммо ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, дар байни ин тоҷикони бо ҷурми қочоқ зиндонишуда даҳҳо нафаре ҳам ҳаст, ки бо тӯҳмат пушти панҷара рафтаанд. Яке аз онҳо Наимҷон Ёқубови 41-сола аст, ки соли гузашта баъди адои 5 соли ҳукмаш аз зиндон раҳо шуд ва ҳоло мехоҳад ҳукумати Русияро барои ба тӯҳмат зиндонӣ кардану сӯзондани 5 соли зиндагиаш ба додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар дар Страссбурги Фаронса бикашонад.

Раҳматуллоҳ Назаров

Дар соли 2009 Раҳматулло Назаров ном як сокини Душанбе баъди адои 3 сол ҳукми зиндон бо иттиҳоми даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир ҳукумати Русияро ба додгоҳи Аврупо кашонда, аз Кремл барои азобе ки дар зиндон дид, 18 500 евро рёнда буд.

Вале ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, аксари тоҷиконе ки бо тӯҳмат дар Русия ҳукми зиндон мегиранд, барои ҳуқуқи худ мисли ин ду нафар талош намекунанд ва маъмулан ба тақдир тан медиҳанд.

Сӯҳбати Озодӣ бо Наимҷон Ёқубовро инҷо тамошо кунед: