Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти "майор" барои ҳамдастӣ бо қочоқбарон


Як афсари қисми низомӣ дар ноҳияи Конибодом барои ҳамкорӣ бо як гурӯҳи созмонёфтаи қочоқи маводи мухаддир, боздошт шудааст.

Мақомоти Оҷонсии зидди маводи мухаддири Тоҷикистон аз боздошти як гурӯҳи созмонёфтаи панҷнафарӣ иттилоъ доданд, ки дар миёни онҳо як афсари нерӯҳои қудратӣ низ ҳузур дорад.

Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи Оҷонсии зидди маводи мухаддир рӯзи душанбеи 19 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳафтаи гузашта дар натиҷаи гузаронидани амалиёти вижа аз сӯи кормандони ин ниҳод дар Суғд дар ҳамкорӣ бо кормандони додситони ҳарбии вилоят, дар ҳудуди шаҳри Конибодом ҳангоми талоши фурӯши маводи мухаддир, хизматчии ҳарбии яке аз сохторҳои қудратӣ бо рутбаи “майор” боздошт гардид.

Хушнуд Раҳматуллоев гуфт, барои анҷоми пурраи ин амалиёт, ному насаб ва қисми ҳарбии афсар ошкор карда намешавад. Ба гуфтаи манбаъ, аз майори боздошшуда як адад борхалта мусодира гардид, ки дар дохили он 10 адад бастаи рангаш сабз бо бӯи махсус мавҷуд буд.

Дар идомаи ин амалиёт, ҳангоми ҷустуҷӯи як хонаи истиқоматӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ин панҷ нафар 15 килограм маводи мухаддир ва дар ноҳияи Конибодом 9 килограм маводи мухаддир, аз ҷумла 5 кг ҳероин кашф шудааст. Дар ҳоли ҳозир аз ин гурӯҳ дар маҷмӯъ 23 килогрм маводи мухаддир мусодира шудааст.

Оҷонсии зидди маводи мухаддири Тоҷикистон мегӯяд, дар натиҷаи пурсиш маълум шуд, ки бо ин гурӯҳ се нафар сокинони Душанбе ҳамкорӣ доштаанд ва феълан онҳо боздошт шуда, барои ошкор кардани фаъолияти гурӯҳ, ба Хуҷанд бурда шуданд.

Хушнуд Раҳматуллоев афзуд, ин се нафар аз Душанбе барои ин гурӯҳ маводи мухаддирро мерасонданд ва онҳо дар ҳамкорӣ бо майори қисми ҳарбӣ, онро ба хориҷ аз кишвар интиқол медоданд. Муфаттишони Оҷонсии зидди маводи мухаддир алайҳи аъзои ин гурӯҳ парвандаи ҷиноӣ боз намудаанд, ки тафтишот идома дорад.

XS
SM
MD
LG