Ӯ ҳар субҳ аз хона берун шуда, тақрибан 50 километр роҳро бо мошин ба самти Файзобод тай мекунад. Вай дар корхонаи мурғпарварии маҳаллӣ бо кори дӯстдоштаи худ – байторӣ машғул аст ва дар ин шабу рӯзи сардиҳову боришоти барф хеле нигарон аст, ки мурғу чӯҷаҳо азият нашаванд. “Ин паррандаҳо хеле нозуканд, ба онҳо боэҳтиёт муносибат кардан лозим аст”, мегӯяд Раҳматуллоҳ Назаров.
Шояд на ҳама ҳамсолони ин ҷавони 29-сола машғулияти ӯро дуруст дарк карда тавонанд, вале вай мегӯяд, аз хурдӣ ҷонварону табиатро дӯст медошт ва аз ҳамин хотир баъди хатми мактаби миёни 34-уми Душанбе ба Донишгоҳи кишоварзӣ дохил шуд. Ҳоло ӯ дар дил нияту барномаҳои зиёд дорад ва пирӯзии ахираш дар Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар дар Страсбурги Фаронса, ки ӯро аз айбномаи додгоҳи Русия пурра сафед кардааст, барояш умедҳои тоза мебахашд.
Яке аз муҳимтарин ҳадафҳояш ҳоло хатми риштаи аспирантураи Пажӯҳишгоҳи ҳифзи ҷонварони шаҳри Владимири Русия аст, ки бо амри сарнавишт панҷ сол пеш натавонист ба ин ҳадафаш даст ёбад. Cе моҳ то марҳилаи ҳимояи дипломи донишгоҳ монда буд, ки ӯро гирдоби тақдир дучори чолишҳо ва имтиҳонҳои сахти зиндагӣ кард: бо тӯҳмати милиса Раҳматуллоҳро дар ҷинояти марбут ба қочоқи маводи мухаддир ва ташкили гурӯҳи ҷиноӣ муттаҳам карда, се сол зиндонӣ карданд.
Ин ҷавон мегӯяд, ки бо вуҷуди чунин ноадолатиҳо, аз оғоз аслан ноумед ва ё шикаста нашуда худро ба даст гирифт ва барои худ қарор кард, ки мубориза мебарад: “Тамоми гушнагию ташнагиро тоқат кардам. Ман дар шароите зистам, ки одам наметавонад таҳаммул кунад. Вақте ки ман аз оилаи интеллегент, яъне аз аспирантура, аз он мартабаи баланде, ки доштам, маро ба замин фароварданд, ба ман хеле сангин буд”.
Раҳматуллоҳ мегӯяд, ки итминони комил ба бегуноҳиаш ба пирӯзии ниҳоии ӯ сабаб шуд. Мегӯяд, ки аз оғоз сарсахтона ва бидуни шубҳа ба нирӯву дониши худ, забондониву савод ва бо фикри падару модар дар сар ба самти исботи бегуноҳиаш ҳаракат кардааст.
Вай мегӯяд: “Қалби бақувват, ватандӯстӣ, рӯшанфикрӣ ва зиракии одам – ҳамаи ин якҷоя қувваи мукаммале медиҳад, одам аз мушкил раҳо шавад”.
Дар зиндонҳои Русия ҳоло тибқи баъзе ҳисобҳо дар ҳудуди панҷ ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба сар мебаранд, ки қисмати ағлаби онҳо бо иттиҳоми нигаҳдошт ва қочоқи маводи мухаддир ба маҳбас афтодаанд.
Созмонҳои мудофеи ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия мегӯянд, ки дар мавридҳои хеле зиёд бисёре аз онҳо бегуноҳ танҳо ба хотири шаҳрванди Тоҷикистон буданашон бо ҷурми сахти қочоқи маводи мухаддир тӯҳмат ва пушти панҷара андохта шудаанд. Раҳматуллоҳ Назаров мегӯяд, иштибоҳи бисёре аз ин ҳамватанони бегуноҳ зиндонишудааш ин аст, ки дар ин ҳолат худро аз даст дода дар маҳбас вақтро зоеъ мекунанд ва дар фикри раҳо шудану собит кардани бегуноҳии худ намешаванд:
“Ҳар як дақиқае, ки доред, бомантиқ истифода баред. Вақти худро беҳуда нагузаронед, чунки одам аз ҳар як лаҳзаи зиндагӣ бояд як чиз биомӯзад, як навигарие барои худ кашф кунад, як коре кунад. Мегӯянд, ки аз одами бекор худо ҳам безор. Ҳастанд дар зиндон онҳое, ки қонунҳои Русияро хуб медонанд, ҳастанд китобҳое, ки тамоми қонунҳо дар он ҷо навишта шудаанд. Вақте ки одам қонун ва шахсияти худро бишиносад, ба ӯ хеле роҳҳо кушода мешавад ва дар оянда ба ӯ кӯмак мерасонад, ки фикри худро баён кунад, гапи худро гузаронад, яъне агар одам ҳуқуқи худро донад, ҳеҷ гоҳ хор намешавад”.
Вай мегӯяд, ҷараёни додхоҳӣ хеле сахт асту гоҳо фурсати зиёд талаб мекунад, баъзеҳо аз ин муборизаҳо, аз номаву шикоятҳои беҷавобашон шадидан ноумед ва шикаставу дилсард мешаванд, вале инсон бояд пуртоқату мубориз бошад ва аз роҳи худ нагардад.
Ӯ мегӯяд, дар зиндон маҳбусони зиёди қафқозиву афғонӣ ба ҷасорату талошҳои вай ангушти ҳайрат газида, мавридҳои зиёди зиндонӣ шудани ҳамватанони дигарашро мисол меоварданд, ки аз тарси “нороҳат” кардани додгустарҳо, бо сабаби бесаводиву надонистани забони русӣ омода буданд, ҳама гуноҳи боршударо ба гардан гиранду бе ҳеҷ сабаб солҳои зиёди умри худро паси панҷараҳои заҳу торики Русия сиёҳ кунанд.
Раҳматуллоҳ мегӯяд, ки ҳамеша дар зиндон бо фикри волидонаш зиста ният доштааст пеш аз ҳама ба падар собит кунад, ки ӯ аз роҳи ҳаққи гуфтаи ӯ нагаштааст.
Падари ӯ муҳандиси риштаи сохтмон Ҳикматулло Назаров мегӯяд, ки даҳшати солҳои маҳрумият аз фарзандашу доғдор шудани номи неки ӯро хуб ёд дорад: “Ман бовар накардам, барои он ки ман ин писарро ин хел тарбия накарда будам. Писарамро дар рӯҳияи худам тарбия карда будам, ки бисёр мустаҳкаму устувор бошад, ростқавлу ҳақиқатҷӯ бошад”.
Вай мегӯяд, дар он лаҳзаҳои сахт аз дӯстону наздикон пули зиёд қарз гирифта омода буд барои озод шудани писараш хонаи худрофурӯшад. Вакили дифоъ ҳам, ки аз ҷониби падар барои Раҳматулло ҷалб мешавад, барои раҳнамоии ӯ дар муборизаҳои додгоҳӣ нақши созанда бозидааст. Оқои Ҳикматулло ба ёд меорад, ки дар давоми се соли таҳсили писар дар аспирантура бо нияти сарфаи пул ӯ боре ҳам ба Душанбе нарафта танҳо тавассути телефон бо хона дар тамос будааст ва аммо баъди зиндонӣ шудани ӯ дар соли 2004 аллакай мақомоти зиндон ба падар иҷозаи дидор бо писарро надоданд.
Ҳикматулло Назаров мегӯяд: “Акнун тасаввур кунед, ки ман ба роҳи дур, ба Русия рафтам, вале ба дидори писарам муяссар нашудам. Маро намонданд. Бо кадом хаёл ман ба хона баргаштам, худо медонад. Ба ман гуфтанд, ки писари шумо як гуноҳи азим кардаасту шумо чӣ хел писар тарбия кардед? Аммо ҳозир бинед, ки ман ҳақ баромадам! Вақте бори аввал бо вакилаш вохӯрдем, вай гуфт: “Шумо падари ӯ ҳастед?”. Гуфтам: “Бале”. “Писаратон гуфт, ки агар падарам занг заданд, барояшон бигӯед, ки ман бегуноҳам”. Ман бовар кардам. Ман бо писарам ифтихор мекунам. Ӯ ҳамеша як писари мағрур ва ростқавл буд, ман писарамро хуб мешиносам”.
Оқои Ҳикматулло мегӯяд, ки пирӯзии писари худро дар додгоҳи Аврупо на фақат обурӯи хонаводаи ӯ, балки обурӯи Тоҷикистон арзёбӣ мекунад, ҳарчанд, бо алам мегӯяд, ки таҷрибаи талхи хонаводаи онҳо собит кард, ки ҷавонҳои тоҷики ба ингуна ҳолат афтода дар зиндонҳои Русия бесоҳибу бекасанд, касе ба доди онҳо намерасад:
“Ин хел бачаҳои тоҷик дар он ҷо бисёранд, ман инро бо чашмам дидам. Мо, ки давлат дорем, бояд пуштибон дошта бошем. Он ҷо як писари ман не, ҳазорон ҳазор тоҷикписарон ҳастанд. Аз ҳамин ҳазорҳо шояд панҷсад нафарашон бегуноҳ бошанд. Аз инҳо пуштибонӣ бояд кард, тавре ки Русия аз ҳар як шаҳрвандаш пуштибонӣ мекунад. Ягон кас нагуфт, ки ӯро бегуноҳ зиндонӣ карданд. Ман худам танҳо даводавӣ кардам, на сафорат ва на ягон намояндаи Тоҷикистон кӯмак накард. Камбудии мо дар ана ҳамин аст”.
Ҳоло Раҳматуллоҳ ният дорад, пеш аз ҳама аз паи тоза кардани санадҳояш аз доғи сиёҳи судӣ бошад, то ки тавонад ба Владимир баргашта, таҳсили нотамоми худро дар аспирантура ба анҷом расонда, дар ватан аз рӯи ихтисоси байториаш корро идома диҳад. Машғулияти дӯстдоштаи вай нигоҳубини аспу гӯсфанд ва дигар ҷонварон будааст.
Дӯсти бачагиаш Мӯъмин Ҷабборов мегӯяд, ки аз хурдӣ Раҳматуллоро чун як писари пуртаҳаммулу бофарҳанг ёд дорад, ки барояш дар пушти сар кардани сахтиҳои зиндон мусоидат кардааст: “Бачаи хоксору вазнин аст, аз кӯдакӣ якҷоя калон шудаем. Ягон одам дар пастӣ афтад, дасташро ҳамеша дароз мекунад. Вақте аз зиндон баромада омад, аслан асабонияташро нишон надод. Одам дар ин хел ҳолатҳо каме худро гум мекунад, дасту по мехӯрад. Вале ӯ ин хел нашуд. Як муддат барои одат кардан ба муҳит дар сохтмон кор карду ҳоло ба ҳамон соҳае, ки худаш ният карда рафта буд – соҳаи кишоварзӣ - ба ҳамон баргаштааст. Дар корхонаи мурғпарварӣ кор мекунад. Як хислати дигар дорад, ки беҳуда гаштанро нағз намебинад, фақат кор-кор мегӯяд, ҳамеша аз паси кору зиндагӣ аст”.
Раҳматулло Назаров ҳоло соҳиби оила асту духтари хурдсол дорад ва мегӯяд, фарзандони худро низ тавре тарбия хоҳад кард, ки дар ҳолати пеш омадани мушкилот тавонанд бо сари баланд аз худ дифоъ кунанд ва инсонҳои бошарафе шаванд, номи неки худро ҳифз карда тавонанд.
Ман бовар накардам, барои он ки ман ин писарро ин хел тарбия накарда будам. Писарамро дар рӯҳияи худам тарбия карда будам, ки бисёр мустаҳкаму устувор бошад, ростқавлу ҳақиқатҷӯ бошад...
Шояд на ҳама ҳамсолони ин ҷавони 29-сола машғулияти ӯро дуруст дарк карда тавонанд, вале вай мегӯяд, аз хурдӣ ҷонварону табиатро дӯст медошт ва аз ҳамин хотир баъди хатми мактаби миёни 34-уми Душанбе ба Донишгоҳи кишоварзӣ дохил шуд. Ҳоло ӯ дар дил нияту барномаҳои зиёд дорад ва пирӯзии ахираш дар Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар дар Страсбурги Фаронса, ки ӯро аз айбномаи додгоҳи Русия пурра сафед кардааст, барояш умедҳои тоза мебахашд.
Яке аз муҳимтарин ҳадафҳояш ҳоло хатми риштаи аспирантураи Пажӯҳишгоҳи ҳифзи ҷонварони шаҳри Владимири Русия аст, ки бо амри сарнавишт панҷ сол пеш натавонист ба ин ҳадафаш даст ёбад. Cе моҳ то марҳилаи ҳимояи дипломи донишгоҳ монда буд, ки ӯро гирдоби тақдир дучори чолишҳо ва имтиҳонҳои сахти зиндагӣ кард: бо тӯҳмати милиса Раҳматуллоҳро дар ҷинояти марбут ба қочоқи маводи мухаддир ва ташкили гурӯҳи ҷиноӣ муттаҳам карда, се сол зиндонӣ карданд.
Ин ҷавон мегӯяд, ки бо вуҷуди чунин ноадолатиҳо, аз оғоз аслан ноумед ва ё шикаста нашуда худро ба даст гирифт ва барои худ қарор кард, ки мубориза мебарад: “Тамоми гушнагию ташнагиро тоқат кардам. Ман дар шароите зистам, ки одам наметавонад таҳаммул кунад. Вақте ки ман аз оилаи интеллегент, яъне аз аспирантура, аз он мартабаи баланде, ки доштам, маро ба замин фароварданд, ба ман хеле сангин буд”.
Раҳматуллоҳ мегӯяд, ки итминони комил ба бегуноҳиаш ба пирӯзии ниҳоии ӯ сабаб шуд. Мегӯяд, ки аз оғоз сарсахтона ва бидуни шубҳа ба нирӯву дониши худ, забондониву савод ва бо фикри падару модар дар сар ба самти исботи бегуноҳиаш ҳаракат кардааст.
Вай мегӯяд: “Қалби бақувват, ватандӯстӣ, рӯшанфикрӣ ва зиракии одам – ҳамаи ин якҷоя қувваи мукаммале медиҳад, одам аз мушкил раҳо шавад”.
Дар зиндонҳои Русия ҳоло тибқи баъзе ҳисобҳо дар ҳудуди панҷ ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба сар мебаранд, ки қисмати ағлаби онҳо бо иттиҳоми нигаҳдошт ва қочоқи маводи мухаддир ба маҳбас афтодаанд.
Созмонҳои мудофеи ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия мегӯянд, ки дар мавридҳои хеле зиёд бисёре аз онҳо бегуноҳ танҳо ба хотири шаҳрванди Тоҷикистон буданашон бо ҷурми сахти қочоқи маводи мухаддир тӯҳмат ва пушти панҷара андохта шудаанд. Раҳматуллоҳ Назаров мегӯяд, иштибоҳи бисёре аз ин ҳамватанони бегуноҳ зиндонишудааш ин аст, ки дар ин ҳолат худро аз даст дода дар маҳбас вақтро зоеъ мекунанд ва дар фикри раҳо шудану собит кардани бегуноҳии худ намешаванд:
“Ҳар як дақиқае, ки доред, бомантиқ истифода баред. Вақти худро беҳуда нагузаронед, чунки одам аз ҳар як лаҳзаи зиндагӣ бояд як чиз биомӯзад, як навигарие барои худ кашф кунад, як коре кунад. Мегӯянд, ки аз одами бекор худо ҳам безор. Ҳастанд дар зиндон онҳое, ки қонунҳои Русияро хуб медонанд, ҳастанд китобҳое, ки тамоми қонунҳо дар он ҷо навишта шудаанд. Вақте ки одам қонун ва шахсияти худро бишиносад, ба ӯ хеле роҳҳо кушода мешавад ва дар оянда ба ӯ кӯмак мерасонад, ки фикри худро баён кунад, гапи худро гузаронад, яъне агар одам ҳуқуқи худро донад, ҳеҷ гоҳ хор намешавад”.
Вай мегӯяд, ҷараёни додхоҳӣ хеле сахт асту гоҳо фурсати зиёд талаб мекунад, баъзеҳо аз ин муборизаҳо, аз номаву шикоятҳои беҷавобашон шадидан ноумед ва шикаставу дилсард мешаванд, вале инсон бояд пуртоқату мубориз бошад ва аз роҳи худ нагардад.
Ӯ мегӯяд, дар зиндон маҳбусони зиёди қафқозиву афғонӣ ба ҷасорату талошҳои вай ангушти ҳайрат газида, мавридҳои зиёди зиндонӣ шудани ҳамватанони дигарашро мисол меоварданд, ки аз тарси “нороҳат” кардани додгустарҳо, бо сабаби бесаводиву надонистани забони русӣ омода буданд, ҳама гуноҳи боршударо ба гардан гиранду бе ҳеҷ сабаб солҳои зиёди умри худро паси панҷараҳои заҳу торики Русия сиёҳ кунанд.
Раҳматуллоҳ мегӯяд, ки ҳамеша дар зиндон бо фикри волидонаш зиста ният доштааст пеш аз ҳама ба падар собит кунад, ки ӯ аз роҳи ҳаққи гуфтаи ӯ нагаштааст.
Падари ӯ муҳандиси риштаи сохтмон Ҳикматулло Назаров мегӯяд, ки даҳшати солҳои маҳрумият аз фарзандашу доғдор шудани номи неки ӯро хуб ёд дорад: “Ман бовар накардам, барои он ки ман ин писарро ин хел тарбия накарда будам. Писарамро дар рӯҳияи худам тарбия карда будам, ки бисёр мустаҳкаму устувор бошад, ростқавлу ҳақиқатҷӯ бошад”.
Вай мегӯяд, дар он лаҳзаҳои сахт аз дӯстону наздикон пули зиёд қарз гирифта омода буд барои озод шудани писараш хонаи худро
Бачаи хоксору вазнин аст, аз кӯдакӣ якҷоя калон шудаем. Ягон одам дар пастӣ афтад, дасташро ҳамеша дароз мекунад. Вақте аз зиндон баромада омад, аслан асабонияташро нишон надод...