Русҳо Тоҷикистонро шарики боэътимод намедонанд

Акс аз бойгонӣ

Натиҷаҳои як назархоҳӣ дар Русия нишон додааст, ки мардуми ин кишвар ҳамчунон нисбат ба Тоҷикистон назари манфӣ доранд ва гуфтаанд, ки Душанбе шарики боэътимоде барои Маскав нест.
Ба андешаи танҳо 2 дарсади аҳолии Русия, Тоҷикистону Туркманистонро метавон аз шарикони боэътимодтарини кишвари онҳо дар арсаи байналмилалӣ донист.

Маркази умумирусиягии таҳқиқи афкори умум (ВЦИОМ) дар остонаи нишасти сарони кишварҳои муштаракулманофеъ дар Туркманистон пурсидааст, ки ба назари онҳо кадоме аз кишварҳои ин ҳавза дар арсаи байналмилал, шарики боэътимодтарини Русия аст ва аксари онҳо Ҷумҳурии Белорус ва Қазоқистонро (мутаносибан 46 ва 38 дар сад) ном бурдаанд. Украина дар мақоми саввум аст ва сипас Арманистону Қирғизистону Озарбойҷон ва Узбакистон. Гурҷистон, ки Русия соли 2008 бо он ҷанги кӯтоҳе дошт, дар ҷадвал дар мақоми аз ҳама охир аст.

Суоили дигари Маркази умумирусиягии таҳқиқи афкори умум аз мардуми Русия, ин аст, ки кадоме аз раҳбарони кишварҳои муштаракулманофеъ сазовори боварии бештар аст? Боз ҳам аксарияти мардуми Русия Александр Лукашенко аз Белорус ва Нурсултон Назарбоев раиси ҷумҳури Қазоқистонро, аз раҳбарони сазовори эътимоди Русия дониста ва танҳо ду дарсадӣ аз Қурбонгулӣ Бердимуҳамадов, раиси ҷумҳури Туркманистон ва Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ҳамчун раҳбарони шоистаи боварӣ ном бурдаанд. Михайил Саакашвилӣ, раиси ҷумҳури Гурҷистон аз ин назар дар мақоми аз ҳама охир аст. Ислом Каримов низ чандон мавриди эътимоди мардуми Русия набудааст, зеро танҳо ба андешаи 3 дар сади русҳо ӯ метавонад қобили эътимоди Русия медонистаанд.



Айни замон дар ин назархоҳӣ пурсидаанд, ки аз миёни 10 кишвари шӯравии собиқ, Тоҷикистон, Ҷумҳурии Белорус, Қазоқистон, Украина, Арманистон, Озарбойҷон, Ҷумҳурии Молдова, Узбакистон, Туркманистон, Қирғизистон, кадоме аз онҳо муввафақтару босубот аст ва модерсозии кадоме аз онҳо хубтар аст? Аз ин назарҳо ба андешаи мардуми Русия Тоҷикистон аз ҳама ақиб мемонад.

Маркази умумирусиягии таҳқиқи афкори умум мегӯяд, назархоҳии мазкурро ахири моҳи гузашта ва дар миёни 1600 нафар дар 46 вилояту ҷумҳуриҳои Русия анҷом додааст ва иштибоҳи эҳтимолӣ дар он на бештар аз 3,4 дар сад аст. Тоҷикистон соли панҷум аст, ки дар назархоҳиҳои шабеҳи ин созмони таҳқиқи афкори умум дар Русия баҳои шабеҳ мегирад.

Мақомот ва ҳалқаҳои сиёсии Тоҷикистон мегӯянд, сабаби чунин бардошти Русия, муҳоҷирати кории тоҷикони зиёд ба Русия ва бадномсозии пайвастаи онҳо ҳам дар матбуоти давлатӣ ва ҳам мустақил дар он кишвар аст. Тоҷикистон айни замон мизбони пойгоҳи 201-ум бузургтарин пойгоҳи низомии Русия дар хориҷ аз ин кишвар аст ва мақомоти Тоҷикистон дар гузашта борҳо аз Русия хостаанд ба манофеъи миллии кишвар эҳтиром бигзорад.