Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирони тоҷикро ба имтиҳоноти русӣ омода мекунанд


Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ба хотири боло бурдани сатҳи дониши забони русии муҳоҷирони тоҷик дар саросари кишвар марказҳои омӯзишӣ ташкил мекунад.

Анвар Бобоев, муовини раиси ин ниҳод ба Радиои Озодӣ гуфт, ба хотири ташкил кардани курсҳои махсус дар назди донишгоҳҳои оливу марокизи забономӯзӣ, хадамот бо вазоратҳои маорифу шуғли аҳолӣ тавофуқ кардааст. Вай афзуд, ҳоло дар шаҳри Душанбе дар 14 маркази омӯзиш, курсҳои забони русӣ ҳам фаъол шудаанд: "Бо раисони шаҳру навоҳӣ, созмонҳои давлативу ғайридавлатӣ вохӯрда, ин мавзӯъро баҳс мекунем, ки барои омӯхтани забони русӣ ба муҳоҷирин мусоидат кунанд. Ҳоло фурсати муносиб аст, зеро аксари муҳоҷирини меҳнатӣ ба Ватан баргаштаанд ва се моҳи зимистон имкон дорад, сатҳи дониши забони русии онҳоро беҳбуд бахшид, то ба Русия рафта, баҳузур кор кунанд.»

Моҳи ноябри соли равон Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, қонуни нав дар бораи имтиҳони забони русӣ барои муҳоҷиронии кории хориҷиро имзо кард, ки шурӯъ аз 1-уми декабр ба ҳукми иҷро даромад. Бар пояи ин қонун муҳоҷирини кор барои дарёфти санади иҷозаи кор дар соҳаҳои тиҷорату савдо, хизмати маишӣ ва хоҷагии коммуналӣ бояд муҷаввиз дошта бошанд, ки забондонии онҳоро собит мекунад.

Ҳасан Абдуллоев, муҳоҷири тоҷик, ки дар як бозори шаҳри Санкт – Петербург рӯбанда ва фурӯшандагӣ мекунад, мегӯяд, сатҳи русидониаш хеле паст аст, зеро дар деҳаашон, ки дар канори Душанбе воқеъ мебошад, муаллими забони русӣ набуд ва ҳам дар фаъолияти корӣ ба ӯ он қадар олӣ донистани забон муҳим нест: «Бовар кунед, мо худ ин ҷо раҳамонро гум кардаем. Мо ин ҷо барои кор кардан омадаем, на омӯхтани забони русӣ. Вақте фаҳмидем, ки ҳамин гуна қонун баровардаанд, тарсида – тарсида, пас – паси долу дарахти кӯчаву паскӯча руст шуда ба кор рафта меоем. Охир, мо бо дастонамон кор мекунем, на забонамон. Ин боз як роҳи пулкоркунӣ мебошад. Ҳарчӣ нест, як мушкили дигар ба мо шуд.»

Мақомоти Русия мегӯянд, ин ҳанӯз ибтидои роҳ аст ва соли 2015 қонун дар бораи донистани таърих ва асосҳои давлатдории Русия низ қабул мешавад. Дар ҳоли ҳозир дар саросари Русия даҳҳо муассисаи таълими забони русӣ таъсис ёфта, танҳо дар 150-тои он тест ё санҷиши забони муҳоҷирин сурат мегирад. Ин ҳама имкони имтиҳон кардани ҳудуди 140 ҳазор муҳоҷирро дар як сол хоҳанд дошт.

Коршинос Аъзамшоҳи Қӯқаншоҳ бо ишора ба он ки дар Русия беш аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон кор мекунанд, мегӯяд, то замони соҳиби муҷаввизи забон шудан ба мушкили зиёд рӯбарӯ хоҳанд шуд: «Русия ҳам як кишвари фасодзада аст. Бахусус, муҳоҷирини кории тоҷикро ҳар намояндаи зидахли ҳукумат ҳар гуна хоҳад ғорат мекунад. Шояд то 4 дарсади мардум тавонанд асноди худро бидуни миёнараву бе пора ба даст оранд. Бақия, албатта, пора медиҳанду ҳуҷҷат мегиранд. Аз ин хотир, гирифтани муҷаввизи забон ҳам ба онҳо бе пора ба даст нахоҳад омад.»

Коршиносон ҳамчунин ба ҷанбаҳои сиёсии қонуни нави Русия ишора мекунанд. Бино ба ин қонун, агар шахс то соли 1991, яъне даврони Шӯравӣ мактаби миёнаро хатм карда, ё аз кишваре бошад, ки забони русӣ дар он мақоми забони давлатиро дорад, зарурате ба муҷаввизи забон надорад. Тоҷикистон соли гузашта Қонуни нави забони давлатиро ба тасвиб расонд, ки бино ба он, дар кишвар забони русӣ мақоми забони муоширати байни миллатҳоро ҳам аз даст дод.

Муҳоҷирони тоҷик солона аз Русия ҳудуди 3 миллиард доллар пул мефиристанд, ки баробари қариб нисфи маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон буда, асбоби зиндагии аксари хонаводаҳоро таъмин мекунад.
XS
SM
MD
LG