Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Cозишномаи Маскаву Душанбе. Ду ихтилофи дигар боқӣ монд


Маскаву Душанбе танҳо сари ду моддаи Созишномаи интиқоли маводи нафтии Русия ба Тоҷикистон ихтилофи назар доранд.

Раҳмат Давлатов, сармутахассиси шӯъбаи ҳамкориҳо бо кишварҳои ИДМ-и Вазорати иқтисод ва савдои Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, ихтилофи назарҳо дар ҳоли ҳозир сари моддаҳои 6-ум ва 7-уми Созишномаи мазкур вуҷуд дорад ва ҷониби Тоҷикистон онҳоро бо таҳрири худ ба Русия пешниҳод кард.

Ҷаноби Давлатов мегӯяд, банди 2-и моддаи 6-и Созишнома, ки манъи пурраи содироти дубора ё реэкспорти маводи нафтии Русияро дар назар дошт, лағв шуд, аммо ба банди якуми он илова шуд, ки дар ҳоли ошкор шудани мавориди реэкспорти маводи нафтӣ ба кишвари дигар Тоҷикистон омода аст боҷи гумрукии онро ба Русия супорад.

Ҳамчунин Тоҷикистон ба Русия пешниҳод кардааст, банди 7-уми созишнома дар бораи дахлнопазирии субъектҳои хоҷагидори ду кишвар пурра лағв шавад, зеро он такрори созишномаи соли 1999 дар бораи ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ мебошад.

Созишномаи интиқоли маводи нафтии Русия ба Тоҷикистон бар асоси тавофуқи ҳосилшуда ҳангоми сафари Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, ба Душанбе бояд то 1-уми ноябри соли равон ба имзо мерасид. Аммо музокироти ҷонибҳо дар авоили моҳи ноябр, ки дар Душанбе баргузор шуд, бо далели ихтилофи назарҳо ба натиҷае нарасид.

Вазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистон эълом дошт, ки ду кишвар то ба ҳол рӯи мӯҳлати эътибори Созишнома, манъи содироти дубора (реэкспорт)-и маҳсулоти нафтӣ аз давлатҳои аъзои Иттиҳоди гумрукӣ, ки манъбаашон Русия мебошад, додани масуният ва имтиёзҳо ба субъектҳои хоҷагидории Русия дар қаламрави Тоҷикистон ихтилофи назар доранд.

Аммо Ёрмуҳаммад Бекаҳмадов, муовини раёсати истихроҷи нафту гази ин вазорат, ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло зимоми музокирот бо Русия пурра дар ихтиёри Вазорати рушди иқтисод ва савдо вогузор шуд. Дар ҳамин ҳол, мақомот мегӯянд, санаи имзои Созишномаи интиқоли маводи нафтии Русия ба Тоҷикистон то ба ҳол мушаххас нашудааст, аммо изҳори умедворӣ мекунанд, ки то охири соли равон ба тасвиб хоҳад расид.

Бино ба ин созишнома, Тоҷикистон тайи соли 2013 аз Русия дар ҳаҷми як миллион тон 7 намуди маводи нафтӣ, қабл аз ҳама бензинро бидуни пардохти боҷи гумрукӣ интиқол хоҳад дод.

Русия умдатарин кишвари воридкунандаи маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон ба шумор меояд. Ин кишвар аз соли 2011 барои маводи нафтиаш боҷи гумрукӣ ҷорӣ карда буд. Вазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистон мегӯяд, эҳтиёҷоти кишвар барои соли 2013 ба миқдори 1 миллиону 605 ҳазор тонна аст, ки як миллиони он аз Русия ва бақия аз давлатҳои дигар ворид карда мешавад.
XS
SM
MD
LG