Ноамнӣ ҳамчун "силоҳ". Нигоҳе ба геостратегияи нави Русия

Бино ба як таҳқиқот, Маскав ба хотири муқобила ба нуфузи қудратҳои дигар дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон, аз эҷоди ноамнӣ ва омили тундравони исломӣ истифода мебарад.

Гузориши ҷадиди Маркази таҳқиқоти стратегӣ ва сиёсати хориҷӣ, як ниҳоди таҳлилии марказаш дар шаҳри Минск, ки дар 23 саҳифа бо номи “Геостратегияи нави Русия: Паёмадҳо ва чолишҳо барои сохтмони амнияти байналмилалӣ” нашр шудааст, мегӯяд, Русия ҳадафмандона ва ба сурати прагматикӣ талош дорад, то бо таҳрики ноамниҳо дар манотиқи ҳамсоя хатти бесуботиро аз марзҳои мустақимаш ҳарчӣ дуртар бубарад.

Арсений Сивитский, раҳбари Маркази таҳқиқоти стратегӣ ва сиёсати хориҷӣ ва яке аз муаллифони ин гузориш рӯзи 16 сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин ҳама бахше аз геостратегияи нави Русия аст, ки Маскав баъди "комёб" шуданаш дар Украина мехоҳад онро акнун дар Осиёи Марказӣ ҳам таҷриба кунад: “Дар матбуоти Ғарб матлабҳои зиёде нашр шудаанд, ки мегӯянд, Русия ба хотири расидан ба аҳдофи геополитикиаш ҳатто аз омили созмони тундрави “Давлати исломӣ” истифода мекунад. Бархе ходимони сиёсӣ дар Русия ҳам ба ин ишора мекунанд, ки чаро Маскав барои сохтани дарди сари бештар ба рақибонаш бо гурӯҳҳои мазҳабӣ бозӣ накунад? Тундгароии исломӣ дар воқеъ дар дасти Русия як фишанги роҳате барои расидан ба ҳадафҳои геополитикиаш буду ҳаст.”

Муаллифони гузориш – Арсений Сивитский ва Юрий Тсарик – нуфузи мустақими Русия бар ниҳодҳои интизомии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва таъсири ниҳодҳои амниятии рус рӯи гурӯҳҳои зеризаминии исломгароро аз ҷумлаи васоили асосии амалӣ сохтани геостратегияи Маскав дар ин қаламрав мешуморанд.

Арсений Сивитский дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, агар қаблан Маскав дар амри тавсиаи нуфузаш ба кишварҳои пасошӯравӣ асосан рӯи фишангҳои интегратсионие, чун Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё, тамаркуз мекард, ҳоло ба далели аз нигоҳи иқтисодӣ кӯтоҳ шудани дастонаш эҷод ва таҳрики ноамниҳо дар ин паҳноро дар меҳвари сиёсаташ қарор додааст. Оқои Сивитский мегӯяд, ки эҷоди ноамниҳо дар манотиқи дуртар аз марзҳои худаш нуқтаи асосии геостратегияи нави Русия дар паҳноест, ки Маскав ҳамеша қаламрави нуфузи суннатии худ мешумурад.

Арсений Сивитский

Арсений Сивитский бо ишора ба ҳаводиси ахири Тоҷикистон мегӯяд, намунаи барҷастаи ин геостратегияи нави Русия сиёсаташ дар қиболи Душанбест: “Бо вуҷуди лаҳни гарм ва ваъдаҳои зиёди раҳбаронаш, Русия дар солҳои охир барои ҳалли мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ – манбаи дардисарҳои сиёсиву амниятии Тоҷикистон – кумаке нарасонд. Яъне ин ба маъноест, ки чунин вазъи муташанниҷ дар Тоҷикистон Русияро қонеъ мекунад, зеро вазъи ноамни ин кишвар дар роҳи иҷрои барномаи пуриддаои “ Роҳи Абрешим”-и Чин рискҳои зиёд меофарад.”

Вале ба назари Сивитский, ин сиёсати ҷадид рискҳои ҷиддие барои худи Маскав ҳам дорад, чунки, ба таъбири ӯ, бо оташ бозӣ кардан аст ва он ҳам дар қаламраве, ки рӯи бушкаи борут истодааст.

Муаллифони “Геостратегияи нави Русия: Паёмадҳо ва чолишҳо барои сохтмони амнияти байналмилалӣ” менависанд, стратегияи нави Русия барои давраи кӯтоҳмуддат – аз 1 то 4 сол – рехта шуда, 6 самти асосиро дар бар мегирад:

  1. Аз марзҳои худи Русия дар ғарб ба Украинаву Молдоваву Беларус, дар ҷануб ба марзҳои Абхозистону Осетияи ҷанубӣ ва дар ҷанубушарқ ба Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистон кӯчондани хатти мудофиаи стратегии Маскав.
  2. Таҳрики ноамнӣ дар кишварҳои ин хатти стратегӣ ҳамчун василаи коҳиши нуфуз ва ҳузури қудратҳои дигар дар ин минтақа.
  3. Ташаннуҷи авзоъ дар манотиқи мухталифи барои сиёсати хориҷии қудратҳои ҷаҳонӣ муҳим, бахусус дар Ховари Миёна.
  4. Мусоидат ба ташдиди низоъҳое, ки метавонанд боиси боло рафтани нархи нафту газ шаванд.
  5. Кӯшишҳо барои андохтани тухми ҷудоӣ дар ваҳдати кишварҳои Евро-Атлантика, дар байни аъзои Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО, равған рехтан ба оташи танишҳо байни қудратҳои бузург, пеш аз ҳама байни Амрикову Чин ва Амрикову Эрон.
  6. Ширкати фаъол дар масоили ҷаҳонӣ ба хотири дар як фурсати муносиб иваз кардани мавқеи худ дар баҳои минтақаи нуфузи истисноии Русия эътироф шудани паҳнои пасошӯравӣ аз сӯи бозигарони асосии “тахтаи шоҳмот”-и геополитикаи ҷаҳонӣ.

Ба ақидаи муаллифон, маҳз “комёбӣ”-и ин геостратегияи ҷадид дар Украина Маскавро барои таҷрибаи он дар самтҳои дигар далер кардааст. Онҳо менависанд, тасарруфи Қрим ва пуштибонии ҷудоиталабони Донбасс, на тасодуфӣ ва на аз сари эҳсосот, балки дар чорчӯби стратегияи нави геополитикии Маскав анҷом шудаанд. Аз ҷумла, бино ба ин гузориш, ҳарчанд Маскав мегӯяд, ки гӯё нақшаи тасарруфи Қрим ба таври гӯё ба сурати экспромт баъди суқути ҳукумати Виктор Янукович дар феврали соли 2014 кашида шуд, дар асл ин барнома хеле аз қабл матраҳ буд ва ба ҳамин далел, Маскав барои ҳифзи режими Янукович даст рӯи даст назад, балки ба хотири боз кардни дасти тааррузҳои геополитикиаш дар Украина тамоми корро кард, то суқути ин режимро баръакс битезонад.

Гузориш мегӯяд, бӯҳрони Украина сиёсати хориҷии Русия дар самти Шарқро низ дигар кард ва бахусус “дурнамои муносиботи Русияву Чин хеле зиддунақиз ба назар мерасад. Дар дурнамои миёнамуддат ва ҳатто кӯтоҳмуддат Русия тавони дар муқобили нуфузи афзояндаи Чин дар Осиёи Марказӣ гузоштани кадом ибтикори иқтисодии худашро надорад” ва ба ин далел, “Русия дар Осиёи Марказӣ низ аз ҳамон стратегияе, ки дар ҷабҳаи ғарбиаш истифода бурдааст, кор хоҳад гирифт: Эҷоди бесуботӣ бо ҳадафи пешгирӣ аз афзоиши нуфузи беруна.”

Гузориш мегӯяд, Маскав рӯи фоидаҳои худаш фикр мекунад, чунки эҷоди ноамнӣ дар Осиёи Марказӣ Чинро аз сохтани лӯлаҳои бештари газу нафт аз ин минтақа ноумед сохта, маҷбур мекунад, то дигарбора ба унвони манбаи таъмини бозори энержиаш рӯи Русия ҳисоб кунад.

Бино ба ин таҳқиқот, амалҳои фаъолонаи Маскав дар Осиёи Марказӣ ба истифодаи Русия аз омили исломгароён, ки барои ташкили фишор ба Чин дар вилоятҳои ғарбиаш зарфияти бузург доранд, бастагии ногузир дорад. Вале омили муҳимтар ташкили ноамниҳо дар худи Осиёи Марказист, ки Чинро дар ин арса, аз ҷумла дар масоили низомиву сиёсӣ фаъолтар мекунад ва ин ба навбаи худ, боиси тахриби равобити Пекин бо Вошингтон мешавад. Ва ин дуруст ҳамон чизест, ки ба бовари Арсений Сивитский ва Юрий Тсарик, Маскав мехоҳад, яъне сар ба сар задани қудратҳои дигари рақибаш дар минтақа ва интизори фурсати муносиб нишастан, ки Пекин барои пайдо кардани ягон роҳи гузашт дар масъалаи Осиёи Марказӣ пеши Маскав сар хам кунад. Аз ҷумла аз тариқи ризоияташ ба харидории нафту гази Русия.

Русия танҳо кишвари хориҷ аз Осиёи Марказист, ки дар ду кишвари ин минтақа – Тоҷикистону Қирғизистон – пойгоҳҳои низомӣ дорад. Русия дар Канти Қирғизистон як пойгоҳи бузурги ҳавоӣ дорад, ки замони иҷорааш то соли 2045 таъин шудааст.

Ҳамин тавр, пойгоҳи 201-уми Русия дар 3 шаҳри Душанбеву Кӯлобу Қӯрғонтеппаи Тоҷикистон мустақар буда, бо зери 6000 афсару аскараш бузургтарин пойгоҳи хориҷии нирӯҳои хушкигарди артиши Русия дониста мешавад. Ин пойгоҳ аз ибтидои солҳои 90 ба ин сӯ дар амри таъмини суботи ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон нақши муҳим дошт ва дар соли 2012 замони будубошаш дар Тоҷикистон дастикам то соли 2042 тамдид карда шуд.

Дар пайи амалиёти зидди гурӯҳи мусаллаҳи генерал Абдуҳалим Назарзода Русия бо изҳори батакрори пуштибониаш аз Эмомалӣ Раҳмон гуфт, Душанбе метавонад дар роҳи муқобила бо таҳдидҳои амниятӣ ба ёриҳои Маскав умед бандад.