Як ҳавопаймои Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия 40 тонна маводи хӯрокворӣ ва мавриди ниёзро барои зарардидагони селхезиҳои ахир дар Бадахшон ва Рашт, ба Тоҷикистон интиқол дод.
Ин кӯмакҳо шоми рӯзи шанбе тавассути ҳамвопаймои “Ил−76”−и Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия ба Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе расиданд. Ба гуфтаи Игор Лякин−Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон, ин кӯмаки башардӯстона дар маҷмӯъ 10 миллион рубл арзиш дошта, аз шакар, консерва ва либосҳои кӯдакона иборат аст.
Ин кӯмакҳои башардӯстона ба ихтиёри Оҷонсии захираҳои моддии назди раисҷумҳури Тоҷикистон гузошта мешаванд, ки ба навбаи худ онро ба осебдидагони сели харобиовари моҳи август дар Бадахшон ва Рашт тақсим хоҳад кард.