Ксения Диодорова, таррроҳ ва аксбардори ҷавон аз шаҳри Санкт Петербург, барои ошноии наздик бо зиндагиву ҷаҳони ботинии муҳоҷирон аз Бадахшон зимистони гузашта ба водии Бартанг рафта ва тайи як моҳ меҳмони сокинони чанд рустои ин водӣ шудааст ва ҳоло мехоҳад, ҳамаи дидаву шунидаҳояшро дар як китобу филми мустанад ба намоиш бигузорад.
Ксения Диодорова ба Радиои Озодӣ гуфт, муносибати бад ба муҳоҷирон дар Русия ӯро водор кардааст, ки барои инъикоси воқеии зиндагии ин қишри бузурги ҷомеа ба яке аз гӯшаҳои дурдаст ва сарди Тоҷикистон биравад:
”Дар бинои мо як хонаводаи тоҷик зиндагӣ мекунад, падару писари ин оила саҳни биноро мерӯбанд, модар дохили биноро. Рузе ман бо ин зан рӯ ба рӯ омадам ва дидам, ки зани фавқуллода зебост. Фикр кардам, ки бо кумаки ӯ метавонам, масъалаи муҳоҷиратро боз кунам, уро ба гунаи дигаре нишон бидиҳам. Ман аз муносибати Русия бо муҳоҷирон бисёр нигарон ҳастам ва фикр кардам, ки масъалаи муҳоҷиратро аз роҳи дигаре боз кунам. Яъне онҳоро на бо белу халтаи семент дар даст балки ба шакли дигар нишон бидиҳам.”
Тарҳи Ксения Диодорова “Дар сардӣ” унвон дорад ва мумкин аст, номи филми мустанадаш бишавад. Ксения унвони мазкурро аз он сабаб, интихоб кардааст, ки нишон бидиҳад, ба муҳоҷирони корӣ аз рустоҳои сарди Бадахшон на танҳо табиат, балки мардум ҳам сардӣ мекунанд.
“Достони ман дутарафа аст, як қисмашро дар Помир бардоштам, қисми дигарашро дар Русия. Дар ҳарду ҷо сардӣ ҳаст. Онҳое, ки дар Помир ҳастанд, сардии иқлимро эҳсос мекунанд ва дар муҳити поки табиӣ ба сар мебаранд, аммо хешовандони онҳо дар Русия дар шароити иҷтимоии сард зиндагӣ мекунанд. “
Тарроҳ ва аксбардори ҷавон мегуяд, иродаи ин мардум ба ҳадде ба ҳадде қавист, ки на парвои муносибати сард дар Русия доранд ва на парвои сардии табиати ватанашон. Ксения Диодорова аз яке аз бадтарин ҷанбаҳои муҳоҷирати тоҷикон ба Русия маъюс шудааст ва аз онки чӣ гуна даҳҳо ҳазор кудаки тоҷик солҳои тӯлонӣ бо маҳрумияти зиёд ва дур аз навозиши волидайн ба воя мерасанд.
“Як чизе, ки бисёр васеъ паҳн шудааст ва ба ман бисёр таъсир кард, он аст, ки ба сабаби муҳоҷират, фарзандон бе волидайн ба воя мерасанд. Фарзандони муҳоҷирон падару модари худро чандин сол намебинанд. Як хонавода ҳаст, ки 17 сол пеш аз Помир ба Маскав омадаанд, зан бордор мешавад ва барои таваллуд ба Помир меравад, дар онҷо фарзандашро ба дунё оварда ва ба Маскав бармегардад. Яке аз духтарони онҳо 6-сола шудааст, вале падараш уро боре ҳам надидааст, чунки барои харидани ду билет пули кофӣ надоранд.”
Матлаби бахши русии Радиои Озодӣ дар ин бора инҷост:
http://www.svoboda.org/content/article/25444492.html
Ба қавли Ксения Диодорова, шояд ин гуна достонҳои дилрешкунанда барои баъзеҳо фоҷиа ба назар бирасад, ки ҳаст, аммо барои муҳоҷирони тоҷик як воқеияти оддии зиндагӣ шудааст, ки аз ноилоҷӣ ба он одат кардаанд. Бо вуҷуди ҳамингуна маҳрумияту ҳиҷрону мусибат, ба гуфтаи Ксения Диодорова муҳоҷирони тоҷик, мардуми хушҳолу хандон ва мардуми иҷтимоӣ ҳастанд, ки аз сӯҳбаташон лаззат мебаред.
“Ман аз онҳо ҳеҷ шикояте нашунидам. Масалан ба яке аз қаҳрамонҳои достони ман миллатгароёни рус ҳамла карда ва дар метро ба қафаси синааш бо отвёртка задаанд. Ӯ тақрибан мурда буд, як моҳ беҳаракат хобид, вале ӯро муолиҷа карданд ва у дар Маскав монд. Ҳатто ин қиссаро ба ман дар байни суҳбат ва барои ханда гуфтанд, на барои шикоят. Ӯ ин ҳодисаро бо ханда қисса кард, “ман ҳеҷ чизро эҳсос накардам, вақте дар электричка нишастам, як зан гуфт, либосатон хунолуд аст”.
Як бадбахтии дигаре, ки аксбардори ҷавон аз Санкт- Петербург дар ҷаҳони ботинии муҳоҷирони тоҷик кашф кардааст, қаноати беш аз ҳад ва надоштани ҳадафҳои баландпарвозона аст. Ба гуфтаи Ксения Диодорова, дар байни муҳоҷироне, ки дар сохтмон ба кори сиёҳ машғуланд, ҳатто номзадҳои илм ҳастанд, вале бо ҳамон коре, ки доранд, қонеъ шудаанд ва дигар саъй намекунанд, болотар бираванд, ба мақоми дигаре бирасанд. Ксения Диодорова, аксҳои зиёдеро ки дар Русияву Бадахшон гирифтааст, мехоҳад то моҳи сентябр дар як китоб нашр кунад. Ҳадафи ӯ аз ин тарҳ ба қавли худаш нишон додани он аст, ки муҳоҷирони тоҷик ҳам мисли дигарон инсони маъмулӣ ҳастанд, на қочоқбару на ҷинояткор ва ё одами бад.
“Дар миёни муҳоҷирон бештар тоҷиконро бадном мекунанд. Мафҳуми “тоҷик” ба як исм табдил шудааст. Ҳар муҳоҷири гандумгунро тоҷик мегӯянд, ҳатто агар ӯ покистонӣ бошад. Дар Маскав ва Санкт-Петербург қаҳвахонаҳои зиёди узбакӣ вуҷуд дорад, тоҷикӣ нест, аммо ғизоҳои аслии онҳо тоҷикист. Тоҷикистон фарҳанги бостонӣ ва суннатҳои пурмаъно дорад ва ман мехоҳам, бо ҷаҳонбинии мардуми оддӣ нишон бидиҳам, ки дар фалсафаи зиндагии онҳо сарвати зиёде мавҷуд аст. Тасаввуроте, ки дар бораи онҳо сохтаанд, дуруст нест. Мисли инки ба зани худ иҷоза намедиҳанд, ки аз хона бароянд, ҳама рӯймол мебанданд, ҷойи зисташон ифлос аст, дастонашонро намешӯянд, дар руи замин мехобанд ва ё ба истилоҳ “чурка” ё кундаи бефаҳм ҳастанд. Кори ман ба баъзе атрофиёнам таъсир кардааст ва вақте аз онҳо мешунавам, ки дигар ба муҳоҷирон бо чашми дигар менигаранд, хушҳол мешавам. Аммо решакан кардани тасаввуроти ғалати дигар аз дасти ман барнамеояд, мисли ин ки муҳоҷирон ҷойи кории моро мегиранд, чаро зиндагиашонро дар Тоҷикистон дуруст намекунанд, барои чӣ онҳо нигоҳи ваҳшиёна доранд. Инҳо масъалаи байни инсонҳо нест, ки ман сари он кор мекунам, ин масъалаҳо ба давлатҳо, умури сиёсӣ, тарғибот иртибот мегирад, ки дар тарҳи ман аслан вуҷуд надоранд. Тарҳи ман муносибати инсон ба инсон аст.”
Ксения Диодорова дар суҳбат бо Андрей Шарий, хабарнигори бахши русии Радиои Озодӣ гуфт, ҳангоми ба кор омадан дар Санкт Петербург ба мусофирбаре нишаст ва чун дид, ки ронандааш тоҷик аст, ба ӯ шумо гуфта муроҷиат кард ва бо ӯ бо эҳтиром ва ҳамчун инсон муносибат кард. Ксения Диодорова тарҳи мазкурро маҳз ба ҳамин сабаб амалӣ мекунад, ки дигарон дар Русия низ ба ӯ пайравӣ намоянд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад