Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷик дар Русия. Чаҳор мушкили умда дар роҳи ислоҳи "имидҷ"


Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон барномаеро дар миёни донишҷӯёни донишгоҳҳо ва шогирдони мактабҳо роҳандозӣ кардааст, то онҳо дар бораи шеваи сафар ва муҳоҷирати корӣ ба хориҷи кишвар, ба хусус Русия огаҳии бештар дошта бошанд.

Иҷрои ин тарҳҳо соли гузашта шурӯъ шуда, акнун қарор аст, густариш пайдо кунад. Абдулло Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон рӯзи ҷумъа, 18-уми апрел ба радиои "Озодӣ" гуфт, ҳадафи тарҳ "ошно кардани ҷавонон бо қавоини будубош дар Русия ва баланд бардоштани имиҷи муҳоҷирони тоҷик" аст. Ба гуфтаи ӯ, муҳоҷирони тоҷик, ки дар Русия ба мушкилҳои зиёд рӯ ба рӯ мешаванд, бинобар ин хадамот тасмим дорад, то ба ҳама қишри ҷомеа, бахусус донишҷӯён ва хонандагони синфҳои болоии мактабҳо, ки гурӯҳи фаъоли ҷомеа ба ҳисоб мераванд, мулоқоту нишастҳои омӯзишӣ барпо намояд.
Чунин ҳамоишҳо бо толибилмони аз синфи 9 то 11-и мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва донишҷӯён мактабҳои олӣ баргузор мешаванд. Зеро дар баробари муҳоҷират боз эҳтимоли сафар ба Русия барои таҳсил низ вуҷуд дорад, «як қисмати донишҷӯён ва толибилмони мо ба Русия барои таҳсил мераванд. Иддаи дигар барои табобат ва саввуми тариқи Русия ба кишвари сеюм сафар мекунад. Бинобар ин барои ҳама категорияи мардуми тоҷик донистани ҳар тағйирот дар ин кишвар зарур аст. Махсусан донишҷӯён.»

Ба таъкиди ҷаноби Қодирӣ, муҳоҷирони тоҷик аслан чор мушкил доранд, ки дар ин маҳфилҳо сари онҳо таъкид мешавад. Аввалан, масоили аснодӣ, дуввум иқомат, саввум надонистани забон ва чорум соҳибихтисос набудани онҳо.

Ҷовидон, донишҷӯи Донишгоҳи омӯзгорӣ мегӯяд, ки ӯ тасмим дорад барои аввалин бор ҳангоми таътили тобистона ду моҳ ҳам бошад ба Русия рафта, ҳадди ақал маблағи шартномаи донишгоҳро кор карда биёяд. Бинобар ин, аз ташаббуси Хадамоти муҳоҷират хушнуд аст: «Аслан дар ин ҷаласа бештар сари масоили ҳуқуқӣ сухан мерафт. Тағйроте, ки дар қонунгузории Федератсияи Русия ба амал омадааст, ҳамааш барои мо гуфта шуд. Ҳатто дар бораи муносибати дағалонаи кормандони полиси рус мисолҳо оварда шуд. Бинобар ин аз ин мулоқот бисёр чизҳоеро донистем, ки қаблан огоҳӣ надоштем.»

Ин донишҷӯи тоҷик афзуд, ба иллати он ки дар Тоҷикистон кори хуб пайдо кардан мушкил аст ва касби омӯзгорӣ маоши ночиз доранд, бештари донишҷӯён талош мекунанд ба Русия раванд. Аммо барномаи Хадамоти муҳоҷират як навъ эътирофи ин ҳам шумурда мешавад, ки мақомоти Тоҷикистон мушкили ҷойи кор ва музди хуб дар кишварро эътироф мекунанд ва ба раванди муҳоҷирати ҷавонон мусоидат менамоянд.

Аммо раҳбари корхонаи давлатии биржаи меҳнатии ҷавонони Тоҷикистон Абдурозиқ Кабутов мегӯяд, муҳоҷирати ҷавонон бештар як ҳавою ҳавас аст: «Ҷавони мо имрӯз бояд дар кишвари худамон кор кунад, аммо чӣ кор кунем дигар раванди муҳоҷират як раванде шудаст, ки озод аст. Ҳозир ҷавонон бештар аз рӯй ҳавову ҳавас ба муҳоҷират мераванд. Насли калонсол бисёртар ташвиш доранд аз раванди муҳоҷират, ҷавонон не. Зеро мо имрӯзҳо ярмаркаи ҷойҳои корӣ эълон мекунем, аммо ҷавонон кам ширкат мекунанд. Албатта бояд ҳукумати Тоҷикистон ба онҳо имтиёз диҳад, шароити кории хуб фароҳам орад, аммо одами мехостагӣ ҳамин ҷо ҳам метавонад зиндагияшро пеш барад. Дар ярмакаҳои ҷойҳои корӣ маоши хуб ҳам пешниҳод шуда истодааст. Ба хусус дар сохмон аз 1500 сомонӣ то наздикӣ 2000 сомон маош медиҳанд.»
Ҷаноби Кабутов дар посух ба суоли он, ки «оё мулоқотҳо далели он аст, ки ба ҷавонон ҷой кор фароҳам нахоҳад омад?», афзуд Тоҷикистон заминҳои зиёде дорад, то ҷавонон бекор намонанд, «бояд ба ҷавонон замин дода шавад. Онҳоро аз андоз озод кунанд то чанд сол. Бонкҳо қарзҳои бо фоизи кам диҳанд.»

Аммо дар ҳоле ки чунин пешниҳодҳои амалӣ намешаванд, барномаи Хадамоти муҳоҷират ҳамчун як навъи таблиғи ҷавонон ба сафари Русия шарҳ дода мешавад. Вале коршиноси масоили иҷтимоӣ Ҷовидшоҳ Ҷӯраев, ба ҷанбаи мусбати он ишора мекунад ва мегӯяд, пеши роҳи ҷавононро аз муҳоҷират гирифта намешавад, биноан беҳтар аст, онҳо бо огоҳии бештар ва омодагии хубтар ба Русия раванд: «Аммо масъалаи дигар боз ҳам набудани ҷой кор. Ҷойҳои кории мавҷуда бисёр маоши ночиз дорад. Яъне, сабаби ин гуна мулоқотҳо ҳам маҳдуд будани бозори дохилист ва ҳам будани маоши ночиз.»

Ин ҳам дарҳолест, ки ба қавли масъулони Хадамоти муҳоҷират онҳо дар соли 2013 бештар аз 30 мулоқот миёни донишҷӯёну толибилмон барпо шуда ва аз оғози соли ҷорӣ бошад алаккай 9 маротиба ин гуна вохӯриҳо сурат гирифтааст.

Бино ба оморҳои гуногун, солона аз Тоҷикистон беш аз 2 миллион нафар барои дарёфти кор ва музди муносиб ба Русия сафар мекунанд.
XS
SM
MD
LG