Баъд аз нашри матлаби Радиои Озодӣ дар бораи зиндагии сангини Робия Муродова, модари чаҳор фарзанд, дар як хобгоҳи шаҳри Душанбе марди хайрхоҳе ба онҳо дасти ёрӣ дароз кард. Ин шахс хонаводаи Робияро аз манзили иҷора дар Душанбе ба шимоли кишвар - шаҳри Бӯстон (Чкаловски собиқ) ба хонаи ройгону беминнат кӯч дод ва барояшон зиндагии роҳат фароҳам кард.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Робия Муродова баъд аз солҳо зиндагии пурмашаққат ҳамроҳи кӯдаконаш дар утоқи танги хобгоҳ ва манзилҳои иҷора бори аввал дар хонае, ки сарпарасти саховатпешаи онҳо дар ихтиёрашон гузошт, нафаси осуда мекашад. Ӯ рӯзи 30-юми ноябр гуфт, “як одами хайрхоҳ моро оварда, дар ҳамин хона ҷо кард. Одамони саховатпеша ба мо ёрӣ мекунанд.”
Як соли пеш: Робия бо 4 фарзанд куҷо равад?
Шокирҷон мегӯяд, вақтҳои холӣ ба кори модар дар хона кумак карда, акнун ба расмкашӣ ҳам вақт дорад. Мавзӯи расмҳои ин кӯдак - хонаи рӯшан, дарахтони пурмева, бачаҳои себ дар даст аст.
Хонум Робияву фарзандонаш марди хайрхоҳро Фаридун ном мебаранд. Баъд аз нашри гузориши Радиои Озодӣ дар бораи зиндагии фақиронаи Робия Муродова ва фарзандони ноболиғаш дар 22-юми августи имсол, рӯзе Фаридун суроғи онҳо ба Душанбе рафт ва моҳе қабл онҳоро аз манзили иҷораи Душанбе ба вилояти Суғд бурд ва хонаи дуҳуҷраеро дар ихтиёрашон гузошт.
Манзили нави Робия Муродоваву кӯдаконаш дар як бинои маҳаллаи “Нав” - и шаҳри Бӯстон ҷойгир аст. Робия Муродова гуфт, “ҷавонмарди хайрхоҳ Фаридун манзилу шароити зиндагии моро дид. Гуфт, ки “апаи Робия, шароити шумову кӯдаконатон вазнин аст. Бояд кӯдакони шумо хонанд, таҳсил кунанд, фардо касбу кор омӯхта ба ватан хидмат кунанд. Баъдан, моро оварда дар ҳамин хона ҷо кард.”
Фаридун фарзандони ӯро дар мактаби шаҳри Бӯстон ҷойгир карда, барои онҳо сару либоси тирамоҳиву зимистонаи мактабӣ харид. Ҳамчунин ба рафиқонаш гуфтааст, ки аз ҳоли онҳо бохабар бошанд ва онҳоро бо ғизо таъмин кунанд. Баъд аз ин, ин марди зодаи Тоҷикистон ба макони зисти худ - Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргаштааст. Ҳоло тамоси онҳо қатъ шудааст.
Хонум Муродова парастории чаҳор фарзандро бар уҳда дорад. Ду нафарашонро худаш таваллуд карда, ду нафари дигарро ба парасторӣ гирифтааст. Солҳо пеш шавҳари майзадааш хонаи онҳоро тарк кард.
Се тифли хонум Робия мактабхонанд - Шокирҷон дар синфи 8, Ситора дар синфи 7, Малика дар синфи 3 таҳсил мекунанд. Аниса сесола аст. Ӯ мегӯяд, дар Душанбе зиндагии онҳо дар манзили иҷора, ки ҳар моҳ 500 сомонӣ пардохт мекарданд, бо сахтиву машаққат мегузашт. Ӯву фарзанди калониаш – Шокирҷон дар сари роҳу хиёбонҳо ба мардум чойи хунук, халтаву қуттиҳои холӣ ҷамъ оварда мефурӯхтанд. Хонум Муродова пинҳон намедорад, ки гоҳе фарзандонаш наметавонистанд ба дарсхонӣ ҳозир шаванд ва дар таҳсил аз ҳамсолони худ ақиб мемонданд.
Дар хонаи нави онҳо дар шаҳри Бӯстон як ҳуҷра хонаи дарстайёркунии кӯдакон аст. Шокирҷон, фарзанди калонии Муродова, қаҳрамони гузориши қаблии Радиои Озодӣ ҳоло ба синфи 8-уми мактаби шаҳри Бӯстон меравад. Шокирҷон ҳам баробари модар аз зиндагии навашон шод аст. Ӯ гуфт, “аз ҳамаи он мушкилиҳо, чойфурӯшиву қуттиҷамъкунӣ халос шудам. Баъд аз нисфирӯзӣ ҳамроҳи хоҳаронам ба дарс меравам. Баъд омада, дарс тайёр мекунем.”
Аз бойгонӣ:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Шокирҷон мегӯяд, вақтҳои холӣ ба кори модар дар хона кумак карда, акнун ба расмкашӣ ҳам вақт дорад. Мавзӯи расмҳои ин кӯдак - хонаи рӯшан, дарахтони пурмева, бачаҳои себ дар даст аст.
Оилаи Муродова аз шумори ҳудуди 30 дарсад хонаводаҳои камбизоат дар Тоҷикистон аст, ки дар пешбурди зиндагӣ ва таъмини фарзандон дасткӯтаҳӣ мекашанд. Мушкили аслии бештари ин гуна оилаҳо надоштани сарпаноҳ ва ҷои кори доимӣ аст. Гоҳе ин мушкили афроди камбизоати хушбахте бо дастгирии ҳукумат ва гоҳе бо кумаки афроди саховатпеша, мисли Фаридун, ки ба оилаи хонум Муродова дасти ёрӣ дароз кардааст, поён меёбад.
Робия Муродова акнун орзу ҳам карда метавонад. Бисёр мехоҳад дар манзил ва шароити нав кӯдаконаш таҳсили хуб дошта бошанд ва баъди хатми мактаб дар донишгоҳҳо соҳиби касбу коре шаванд ва дигар ҳеҷ гоҳ дарбадар нашаванд.