Робия Муродова - модари ятимпарвари тоҷик то 3 рӯзи дигар бояд ҳамроҳ бо 4 фарзанд аз хобгоҳ ва кулбаи фақиронааш берун шавад. Иҷрочиёни додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ахиран санадеро барои ин модар пешниҳод кардаанд, ки тибқи он Робия Муродова ҳам дар қатори дигар сокинони хобгоҳи рақами 28 воқеъ дар кӯчаи Фирдавсӣ, назди бозори “Саховат” то соати 10-и рӯзи 15-уми март бояд ҳуҷраи худро холӣ кунанд. Дар акси ҳол, санаи 16-уми март иҷборан аз хона бароварда мешаванд.
Робия Муродова рӯзи 13-уми уми март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ду рӯз боз ин санад дар даст дар фикри он аст, ки кӯдаконашро куҷо барад. Ӯ, ки дар ҳамин манзили иборат як ҳуҷраи хурду фақиронаи худ ду фарзанди хеш ва ду кӯдаки партофаташударо ба воя мерасонад, ҳоло дигар сарпаноҳе надорад. Ӯ соли 2000-ум ба ин хобгоҳи он замон валангор ворид шуда, зиндагӣ мекард.
Ба гуфтаи ӯ, онҳоро аз қабл то моҳи март мӯҳлат додаву огоҳ карда буданд, аммо талошҳояш то имрӯз барои пайдо кардани сарпаноҳе бенатиҷа анҷом ёфтааст: “Ба мо гуфтанд, ин бино аз Донишкадаи санъат аст ва онҳо бояд ин биноро гирифта таъмир кунанд. Ман илтимос кардам, ду ятими дигар дорам ва дастгирӣ кунанд, то кӯдакон дар берун намонанд. Аммо гуфтанд коре аз дасташон намеояд. Шабу рӯз фикр дорам, гиря дорам, фишорам баланд шуд, ҳамсояҳо омада гуфтанд, Худо бузург аст, ягон роҳе нишон хоҳад дод.”
Робия Муродова, зани ятимпарварест, ки бо амри тақдир дар як шароити вазнин дар баробари фарзандони худ, ду кӯдаки ятимро бо чойфурӯшӣ, кӯрпадӯзӣ ва хизмат дар хонаҳои мардум, бузург мекунад ва аз сарнавишти ӯ бисёриҳо аз тариқи як гузориши Радиои Озодӣ ошно ҳастанд. Баъди нашри қиссаи Робия дар сомонаи Озодӣ, афроди хайрхоҳ аз дохилу хориҷи кишвар барояш занг задаву кӯмакҳо карданд.
Замони сӯҳбати мо бо ин модар рӯзи 13-уми уми март ҳам нафаре бо номи Фаррух ба аёдати онҳо омада ба кӯдаконаш либосҳои баҳорӣ харидааст. Ба гуфтаи Робия, Фаррух чанд маротибаи дигар ҳам ба онҳо кӯмаки пуливу молӣ мекардааст. Худи Фаррух, ки нахост пурра муаррифӣ шавад, дар сӯҳбат бо Озоди гуфт, “баъди нашри гузориш дар бораи ин модар дар сомонаи Озодӣ, бо ин оила дӯст шудаам ва аз рӯйи имкон онҳоро хабар мегираму кӯмакҳо мекунам.”
Ҳамин тавр дар рӯзи Иди модарон ҳам ба модари ятимпарвар як тоҷир 6 халта орд тақдим кардааст. Робия Муродова мегӯяд, аз ин тӯҳфаи барояш гаронарзиш хеле шод шудаву нисфе аз ин халтаҳоро ба маълулону ниёзмандон дар хобгоҳ тақсим кардааст. Аксари кӯмакҳо ба ин модар дар шакли хӯрока ва либос барои кӯдакон будааст.
Дар зимн, бо пешниҳоди муҳоҷирони тоҷик дар Русия ва дигар кишварҳо барои Робия Муродова як суратҳисоб кушода шудааст, ки ҳоло дар он ҳудудан 3 ҳазор сомонӣ ҷамъоварӣ шудааст. Охирин умеди ин модар ҳам баъди берун шудан аз хобгоҳ, ҳамин маблағ аст, ки он танҳо барои 2 моҳи иҷорапулӣ дар маҳаллаҳои канори Душанбе басандагӣ мекунад.
Ин модар мегӯяд, бо мушкил ҳам бошад ӯ метавонад рӯзии кӯдаконашро пайдо кунад, аммо ягона мушкиле, ки дар ҳаллаш оҷиз аст, ин дарёфти сарпаноҳ барои фарзандонаш аст.