Як пешниҳоди пулиси роҳи Русия, ки ба нафъи муҳоҷирон нест

Масъулини полиси роҳи Русия мехоҳанд, бо манъи истифодаи шаҳодатномаҳои ронандагии хориҷӣ, мизони садамаҳои нақлиётиро коҳиш бидиҳанд.
Дар ҳоле ки рух додани садамаҳои нақлиётӣ дар қаламрави Русия дар афзоиш будааст, полиси роҳи ин кишвар талош дорад, то аз тариқи воридсозии ислоҳот ба қавонини кишвар, ин равандро коҳиш диҳад. Дмитрий Желтенков, як масъули пулиси роҳи Русия гуфтааст, ки аз тариқи ислоҳот ба қонун истифодаи шаҳодатномаҳои ронандагӣ барои афроди хориҷиро мамнӯъ хоҳанд кард.

Ин масъул мегӯяд, шаҳрвандони хориҷӣ ба манзури фаъолияти ронандагӣ дар қаламрави Русия бояд шаҳодатномаи ронандагии ин кишварро дарёфт кунанд.

Матраҳ шудани пешниҳоди масъулони пулиси роҳи Русия барои дарёфти шаҳодатномаи ронандагии ин кишвар ба хориҷиён дар ҳоле иттифоқ меафтад, ки қисмати умдаи муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар машғули ронандагияд ва рӯзии худ ва хонаводаашонро низ аз ин пеша пайдо мекунанд.

Ба ин далел онҳо мегӯянд, ҷорӣ шудани муқарарроти нави дарёфти шаҳодатномаи ронандагии Русия на танҳо фаъолияти онҳоро мушкил мекунад, балки ба вазъи зиндагиашон ҳам латма мезанад.

Сироҷиддин, як тан аз муҳоҷири тоҷик, ки солҳои тӯлонӣ дар Русия ронандагӣ мекунад, бо нигаронӣ аз ин мавзӯъ гуфт, «бениҳоят вазнин мешавад. Хусусан барои онҳое, ки инҷо меоянд ва фаъолияти ронандагиро оғоз мекунанд. Чунки барои иҷозатномаи корӣ гирифтан 25 ҳазори русӣ супоридан даркор. Боз аз комиссия гузаштан 20-25 ҳазор русии дигар мешавад. Пули квартира додан даркор. Боз агар ин праваҳоро иваз кунем, боз чанд ҳазори дигар барои ин маблағ додан даркор, имтиҳон супоридан даркор. Вазнин мешавад, намедонам чӣ кор мекунем.»

Акс аз бойгонӣ

Сорбон, як ҷавони 25-солаи тоҷик, ки як сол боз дар шаҳри Маскав ба ҳайси ронандаи нақлиёти ҷамъиятӣ фаъолият дорад, мегӯяд, бидуни қабули чунин як қонун низ феълан дар Русия пайдо кардани кор мушкил шудааст. Зеро ширкатҳои мусофиркашон ба ҷавонон эътимоди чандон надоранд ва танҳо ба он нафароне, ки шаҳодатномаи ронандагии замони Шӯравӣ доранд, бартарӣ медиҳанд.

Аммо, дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи ӯ, ширкатҳое низ ҳастанд, ки бо дастмузди ночиз ҳатто муҳоҷирони бидуни шаҳодатномаи ронандагиро низ ба кор мегиранд: «барои ҳамин баъд нохушӣ рӯй медиҳад, мисол ба қоидаҳои ҳаракати роҳ риоя накарда меронанд. Вале барои мо барин ронандаҳо мушкил мешавад, чунки боз аз нав хондан даркор, имтиҳон супоридан лозим, вақти зиёдатӣ сарф мегардад. Агар шаҳодатнома гирифта натавонем маҷбур мешавем, кори дигар ёбем. Ҳоло дар Русия кор ёфтан душвор, миёнаравҳо баромадагианд, ки маблағи калон мегиранд.»

Феълан бар асоси қавонини Русия шаҳрвандони хориҷӣ ҳуқуқи истифода аз шаҳодатномаи ронандагии байналмилалӣ ва ё миллиро доранд. Ин амр мутобиқ ба талаботи Конвенсияи байналмилалии ҳаракат дар роҳ, ки соли 1968 қабул шудааст, сурат мегирад. Аммо аз шаҳрвандони хориҷие, ки ба ронандагӣ машғуланд, талаб карда мешуд, ки матни шаҳодатномаро ба русӣ баргардон кунанд.

Дар ҳоле ки мақомоти Русия мехоҳанд истифода аз шаҳодатномаи ронандагиро барои хориҷиён мамнӯъ кунанд, масъулони намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия аз ин қазия изҳори бехабарӣ кардаанд. Зимнан, ҳуқуқдонони тоҷик иқдоми масъулони пулиси роҳи Русияро муғоир ба меъёрҳои байналмилалӣ маънидод мекунанд.

Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдони тоҷик

Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдони тоҷик гуфт, «аввал ба санадҳои ҳуқуқие, ки миёни давлатҳои мушаххас ва дар доираи созмонҳои оинномавии марбутаи Иттиҳоди кишварҳои мустақил қабул шудаанд ва ба тасвиб расидаанд, ислоҳот ворид намуд. Чунки якҷониба худи мақомоти қонунгузории Русия барои қабул кардани ҳамин гуна санади ҳуқуқӣ ҳақ надорад. Шаҳодатномаи ронандагии хориҷӣ, ки ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ аст ва шакли онро низ созмонҳои марбутаи хусусияти байналмилалидошта таҳия кардаанд, дар муқоиса аз санадҳои дохилии Русия боло аст ва Тоҷикистон дар баробари Русия ҳамин гуна ҳуҷҷатҳои марбутаро тасвиб намудааст ва онҳо қисми таркибии Тоҷикистон ва аз ҷумла Русия низ шудаанд.»

Аммо бо он ки масъулони пулиси роҳи Русия талош доранд, то шаҳодатномаи ронандагии хориҷиро ба танзим дароранд, Татяна Мерзлякова, ваколатдор оид ба ҳуқуқҳои инсон дар вилояти Свердлови Русия дар бораи шикоятҳои расида алайҳи ронандагони хориҷӣ дар қаламрави ин кишвар изҳори назар кард.

Ба таъкиди вай, моҳона то 40 муроҷиати шаҳрвандон нисбат ба қонунвайронкунии ронандагон ба ин ниҳод мерасад. Хонум Мерзлякова пахши суруду оҳангҳои тоҷикӣ дар нақлиёти ҷамъиятиро аз ҷумлаи ин шикоятҳо унвон кардааст, ки сокинон аз он изҳори нигаронӣ кардаанд.

Ҳарчанд омори расмӣ дар мавриди шумораи муҳоҷирони кории тоҷик, ки ба ронандагӣ машғуланд, нашр нашудааст, аммо тибқи иттилои созмонҳои иҷтимоӣ ҳудуди 15 дар сади тоҷикон дар қаламрави Русия ронандагӣ мекунанд.