Мақомоти интизомии Русия мегӯянд, бар асари оташсӯзӣ дар як бинои маъмурӣ дар шаҳри Екатеринбург 8 нафар ҳалок шудаанд. Ҳодиса субҳи якшанбе дар шаҳраки Садовий ба вуқӯъ пайвастааст. Раёсати умури дохилии вилояти Свердловски Русия дар торнамои худ хабар додааст, ки дар ин бино гурӯҳи бинокорон иқомат доштанд ва ҳоло ҳуввияти қурбониёни фоҷиа ташхис мешавад. Ба гуфтаи раёсат, ба эҳтимоли ғолиб қурбониёни оташсӯзӣ, коргарон аз вилояти Перм ҳастанд, ки дар ин маҳал гармхона месохтанд. Ҳоло маълум нест, ки дар миёни онҳо муҳоҷирони корӣ, ки аксаран дар сохтмонҳо кор мекунанд, ҳастанд ва ё не.