Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати ду муҳоҷири тоҷик дар сӯхтори "Газойл-Сити"


Сӯхтор дар бинои навбунёде дар ҷанубуғарби пойтахти Русия ҷони нӯҳ танро рабудааст, ки ду тани онҳо аз Тоҷикистон будаанд.

Ин ҳодиса рӯзи шанбеи 26 январ рӯй дод ва қаблан пулиси Маскав ба хабаргузории ИТАР-ТАСС гуфта буд, ки ҳама қурбониён муҳоҷирони тоҷиканд.

Муҳаммад Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Маскав, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки билофосила баъд аз нашри хабари ҳалокати муҳоҷирони тоҷик Саид Боев, як тан аз масъулини намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия ба ҷойи ҳодиса рафт ва бо кормандони полису вазорати ҳолатҳои изтирории Русия гуфтугӯ кард. Ба гуфтаи Муҳаммад Эгамзод, айни ҳол ҳалокати ду шаҳрванди Тоҷикистон - Юсуфхон Давлатов (соли таваллуд - 1980) аз Мӯъминобод ва Ҳасан Иброҳимов (соли таваллуд - 1965) аз Кӯлоб тайид шудааст – корманди Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон аз кисаҳои онҳо шиносномаҳояшонро пайдо кардааст.

Муҳаммад Эгамзод афзуд, бар пояи бархе хабарҳо дар ин ҳодиса чанд шаҳрванди дигари Тоҷикистон ҷароҳатҳои сабук бардоштаанд ва аммо аз тарси рӯ ба рӯ шудан бо кормандони полис аз ҷойи ҳодиса фирор кардаанд.

Ба гуфтаи дипломати тоҷик, масъулини сафорати Тоҷикистон ва намояндагии Хадамоти муҳоҷират дар зудтарин фурсат ҷасадҳои қурбониёни ҳодисаро ба Тоҷикстон интиқол медиҳанд ва аммо қабл аз ин бояд ҳуввияти дигар афроди ба ҳалокатрасида ҳам мушаххас шавад. “Айни ҳол дар бемористонҳои Маскав ҳафт нафар ҷароҳатбардоштагон таҳти назорати табибон қарор доранд ва мо медонем, ки чаҳор нафари онҳо шаҳрвандони Ӯзбакистон ва Арманистонанд. Яъне, дар бунёди бинои “Газойл-Сити” муҳоҷирон аз дигар кившарҳо ҳам кор мекарданд”, гуфт Муҳаммад Эгамзод.

Ҳалокати муҳоҷирони корӣ бар асари сӯхтор дар Русия – ҳодисаи нав нест ва гуфта мешавад, баъзе сӯхторҳо тасодуфан ё бар асари беэҳтиётии худи муҳоҷирон рӯй медиҳанд ва бархе барқасдона аз сӯи гурӯҳҳои миллатгарои рус ташкил карда мешаванд.

Ин дар ҳолест, ки ба гузориши Вазорати умури дохили Тоҷикистон, соли 2012 аз хориҷ ба ин кишвар 1055 тобути муҳоҷирин оварда шудааст, ки ин рақам дар муқоиса ба соле пеш 239 адад бештар будааст. Сабабҳои ба ҳалокат расидани мардикорон дар хориҷа мухталифанд. Аммо барои шаҳрвандоне, ки дар ин "ҷабҳа" наздиконашонро аз даст медиҳанд, агар таҳаммули марги пайвандонашон сангин бошад, бори интиқоли ҷасади ӯ ба Тоҷикистон аз он ҳам гаронтар будааст.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ҳудуди як миллион шаҳрванди ин кишвар дар Русия машғули кору зиндагиянд. Аммо манобеи ғайрирасмӣ ин рақамро ҳудуди 2 миллион медонанд, ки солона ба Тоҷикистон беш аз 3 миллиард доллар пул мефиристанд.
XS
SM
MD
LG