Даҳҳо сокини Душанбе дар гирдоби кашмакашҳои “Агроинвестбонк” ва ду ширкати сохтмонӣ, ки ба гуфтаи онҳо мутаалиқ ба хешовандони раиси ин бонк Муродалӣ Алимардон ҳастанд, дармондаанд.
Сокинон мегӯянд, ки ду соли қабл ба умеди соҳиби манзил шудан дар як бинои 12-ошёна дар хиёбони Рӯдакии пойтахт ба суратҳисоби ширкатҳои “Бунёдгар” ва “Империя Востока” пул гузаронданд. Аммо дар ин миён ин ду ширкат натавонистанд, қарзи “Агроинвестбонк”-ро баргардонанд ва дар ивази қарз биноҳоро ба бонк таслим карданд.
Ҳудуди 100 хонавода: Хона ҳаст, санад нест
Сохтмони манзили 12-ошёна дар маркази шаҳри Душанбе бар асоси қарори ҳукумати пойтахти Тоҷикистон аз 6-уми декабри соли 2013 оғоз гардида, дар моҳи августи соли 2015 анҷом ёфтааст.
Ҳоло тақрибан сад хонавода, ки бархе аз онҳо ба манзили нав кӯч бастанд, дар ин хонаҳо сабтином нашудаанд ва санаде ҳам надоранд, ки соҳибмулк будани онҳоро тасдиқ кунад. Зиндагӣ дар хонаҳои нав бидуни санад танҳо як бахши мушкили ин оилаҳост. Мушкили дигар ин аст, ки бачаҳои онҳоро будани сабт дар ин хонаҳо ба мактабу боғчаҳои маҳалли зисташон қабул намекунанд.
Лола Горбачева, яке аз сокинони бинои баҳсӣ, рӯзи 5-уми октябр гуфт, дар соли 2015 хона харид, аммо ҳеҷ санад надорад ва гӯё дар “ҳаво” мондааст. “Ду кӯдак дорам ва бояд онҳоро ба боғча барам. Барои ин, бояд санади ҷойи истиқоматро пешниҳод кунам. Аммо чунин санаде надорам”, - афзуд ӯ.
"Пули хонаро додем, чаро санадро намедиҳанд?"
Лола Мансурова, сокини дигари ин бино, гуфт, беш аз ду сол аст, ки ширкати “Империя-Востока” бо ҳар гуна ваъда санади хонаи онҳоро дуруст намекунад. Ӯ гуфт, “мудири кулли ширкати фармоишгари бино “Империя Востока” Фаррух Хоҷаев, домоди Муродалӣ Алимардон, раиси “Агронивестбонк” аст. Мо то ҳол ӯро надидаем. Ман пурра маблағи манзилро супурдаам. Ҳамсояҳоям низ пурра пулро додаанд. Аммо чаро санадҳои қайди истиқоматиро дуруст намекунанд?”
Давутози тақрибан сад хонавода дар байни ширкатҳои сохтмонӣ ва бонк то ҳол натиҷа надодааст. Раҳбарияти ширкатҳои сохтмонӣ аз масъулият шона холӣ карда, ангушти ишораро ба сӯи бонк баланд кардаанд. Сокинони хонадори дар асл бехона ба додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе муроҷиат карда, ҳамзамон аз як созмони ҳомии ҳуқуқи инсон хостаанд, ба мушкили онҳо расидагӣ кунад.
Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
"Ҳар гапе доред, ба мақомоти бонк гӯед"
Самандар Саидов – сармуҳосиби ширкати “Бунёдгар” ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҳақиқат, баъзе масъалаи марбут ба ҳуҷҷатгузорӣ ҷо дорад, вале дар рӯзҳои наздик ҳалли пурраи худро хоҳад ёфт. Ӯ гуфт, “феълан ҳамаи масъулияти ҳуҷҷатгузорӣ ва омода намудани санадҳо бар дӯши “Агронивестбонк” гузошта шудааст.”
Дар навбати худ Сӯҳроб Раҳимов, ҳуқуқшиноси “Агроинвестбонк”, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ҳафтаи гузашта бо истиқоматкунандагони бинои баландошёна мулоқот карда ва ба суоли онҳо посух доданд. Ба қавли Раҳимов, “бо баъзе сабабҳо мушкилоте вуҷуд доранд, ки шарҳи онҳо зарурат надорад.”
Беш аз 600 хонаву корхонаи "Агроинвестбонк"
Сохтмони манзили 12-ошёна дар маркази шаҳри Душанбе бар асоси қарори ҳукумати пойтахти Тоҷикистон аз 6-уми декабри соли 2013 оғоз гардида, дар моҳи августи соли 2015 анҷом ёфтааст. Фармоишгари асосии ин сохтмон “Империя Востока” буда, корҳои сохмтонӣ дар бино муддати ду солу якмоҳро дар бар гирифтааст. Барои сохтмони ин бино 29 миллиону 700 ҳазор сомонӣ харҷ шудааст.
Чанд моҳ пеш ҳукумати Тоҷикистон дар замимаи қарори хеш ҷиҳати кумаки 3 миллиарду 850 миллион сомонӣ ба чаҳор бонки дучори буҳроншудаи кишвар рӯйхати амволи дар ихтиёри ин бонкҳо қарордоштаро низ нашр кард. Бинобар ин рӯйхат, танҳо дар ихтиёри “Агроинвестбонк” ба ҷуз аз биноҳои филиалҳояш дар минтақаҳо 665 хонаву манзил, корхона ва дигар амволи ғайриманқул қарор дорад.