Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Бинои ГЖК-ро нимтайёр ба истифода дода буданд". АКСУ САДО


Бинои "Шарқи озод" (ГЖК)
Бинои "Шарқи озод" (ГЖК)

Дар пайи фурӯ рафтани қисмате аз айвон ё "балкон"-и бинои "Шарқи озод", муассисаи таҳти идораи дастгоҳи иҷроияи президент, дафтари хабаргузории "Авесто" хароб шудааст. Ғафур Ҳасанов – посбони бинои "Шарқи озод" – рӯзи 19 декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "ҳодиса тақрибан соати 11 шаби гузашта рух дод". Ӯ афзуд, "аз ошёнаи 12-ум "бетон" ба боми ошёни дувум афтода ва онро сӯрох кардааст. Дар ошёнаи чорум низ як бетони дигар афтода, вале зиён нарасондааст. Сабаби афтоданашро намедонам."

Як "балкони" ГЖК фурӯ рехт
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:55 0:00
Линки мустақим

Маҷмааи табъу нашри "Шарқи озод" дар соли 1986 мавриди истифода қарор гирифта буд.

"Воқеаи нохуш"

Мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гуфтанд, ҳодиса бар асари фарсудаву кӯҳна шудани бино рух додааст. Умеда Юсуфова, сухангӯи Кумита гуфт, гурӯҳи кормандони ин ниҳод иллати ҳодисаро бозрасӣ карда ва баъд аз анҷоми кори кумисюн сабаби фурӯрезиро эълон хоҳанд намуд. Зимнан, дар гузориши худи Оҷонсии "Авесто", ки дар сайти хабаргузорӣ бо аксҳои ҳодисаи рухдода нашр шудааст, таъкид мешавад, ки ходимони Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ танҳо соати 10 субҳ ба ҷойи ҳодиса ҳозир шудаанд.

Аксҳои бештар аз маҳалли ҳодиса:

Ба қавли Бахтиёр Мӯсоев, муҳаррири хабаргузории "Авесто", бар асари фурӯ рехтани қисмате аз айвони ошёнаи 12-уми "Шарқи озод" назди даромадгоҳ ва долони оҷонсӣ пур аз пораҳои бетон шуда ва роҳро банд кардааст. Ҳамчунин, хатари эҳтимоли дубора фурӯ рехтани плитаи бетонӣ вуҷуд дорад ва аз ин лиҳоз маъмурияти нашриёти "Шарқи озод" ва масъулони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба кормандони хабаргузорӣ тавсия додаанд, ки муваққатан дар утоқҳои дигари нашриёт кор кунанд.

Ҷои нав – дар ошёнаи чорум

"Хушбахтона, плитаи бетон ба утоқҳои корӣ зарар нарасондааст. Ҳамаи компютер ва таҷҳизоти дигари корӣ дар ҳолати хуб қарор дошта ва мо онҳоро ба утоқҳои дигари бе хафв интиқол медиҳем. Гуфтанд, ки дар ошёнаи чоруми бино барои мо утоқҳои корӣ ҷудо кардаанд", - афзуд Мӯсоев.

Маҷмааи табъу нашри "Шарқи озод" дар соли 1986 мавриди истифода қарор гирифта буд. Ба қавли Қироншоҳ Шарифзода, рӯзноманигор ва сардабири собиқадор, ки аз рӯзҳои аввали фаъол шудани ин маҷмаа дар инҷо кор кардааст, "аз ибтидо ин бино дар ҳолати нимасохт ва саросемавӣ ба истифода дода шуда буд".

"Биноро саросема ба истифода доданд"

Қироншоҳ Шарифзода
Қироншоҳ Шарифзода

Вай афзуд, "бинои нашриёти қаблӣ дар километри 9-уми шаҳри Душанбе дар ҳолати садамавӣ қарор дошта ва дар нимаи дуюми даҳаи 1980 баъзе қисматҳои он фурӯ рафт. Дар он вақт тамоми рӯзномаҳои Душанбе ва ноҳияҳои атроф ва нашрияҳои марказии Иттиҳоди Шӯравӣ, назири “Правда”, “Известия” ва “Комсомольская правда” барои паҳнкунӣ дар Тоҷикистону ҷануби Узбакистон дар инҷо мунташир мегардид. Бинобарин маҷмааи “Шарқи озод”-ро ба таври оҷил ба истифода доданд. Камбудҳо зиёд буд. Масалан, тибқи нақша бояд винтилятсияи дар зимистон гармию дар тобистон сардидиҳанда фаъол мешуд. Дар назари аввал ҳам маълум буд, ки бино нимасохт буда ва барои истифода тайёр нест."

Ёқуб Исмоилов, раиси пешини Маҷмааи табъу нашри “Шарқи озод” низ зимни мусоҳиба бо нашрияи “Чархи гардун” дар иртибот ба 25-умин солгарди таъсиси ин корхона дар таърихи 10 марти соли 2011 гуфта буд, ки ин маҷмаа дар ибтидо ба таври ниматайёр ба истифода дода шуда буд. Исмоилов дар ин мусоҳибааш гуфта буд, танҳо 78 дарсади корҳои сохтмонӣ дар ин бино иҷро шуда ва то ҳол он расман аз ҷониби комиссияи давлатӣ барои истифода қабул нашудааст. Дар солҳои ахир ба маблағи 550 ҳазор сомонӣ як дафъа таъмир шудааст.

"Мехоҳем, вале ҷойе барои рафтан нест"

Дар соли 2000 бо як дастури ҳукумати Тоҷикистон бештари утоқҳои Маҷмааи табъу нашри “Шарқи озод”, ки ба ширкатҳои тиҷоратӣ ба иҷора дода шуда буд, ба ихтиёри идораҳои нашрияҳои давлатию мустақил дода шуд. Ба гуфтаи сардабирони собиқадор, масъулони ин маҷмаа ба хотири ҷалби нашрияҳову расонаҳо мизони иҷораро поин бурда буд.

Ҳоло идораҳои бахши умдаи нашрияҳои давлативу мустақил ва радиоҳои “Ватан”-у “Азия Плюс” бо шумули хабаргузории “Авесто” дар ин маҷмаа ҷой гирифтаанд. Ҳоло намояндагони аксари идораҳои ин нашрияҳо дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки феълан макони кори худро ба таври изтирорӣ тарк карда наметавонанд, ба он хотир, ки ҷое барои идомаи кор надоранд.

Таътили муваққатии "Авесто"

Оҷонси иттилооти “Авесто” аз моҳи марти соли 2004 дар фазои иттилоотии Тоҷикистон зуҳур карда ва ҳамакнун аз расонаҳои матраҳи кишвар маҳсуб мешавад. Поягузори ин оҷонсӣ созмони ҷамъиятии “Кӯҳи Нор” ва мудири он Ҷамшед Ӯлмасов аст. Феълан дар оҷонсии “Авесто” 14 нафар фаъолият дошта ва ба иллати ҳодисаи шаби гузашта кори ин оҷонсӣ муваққатан таътил шудааст.

XS
SM
MD
LG