Алоқамандии ҷавонони тоҷик барои таҳсил дар донишгоҳҳои Чин зиёд мешавад. Талош барои пайдо кардани ҷойи кор ва даромади хуб аз ширкатҳои чинии муқими Тоҷикистон ҷавононро бештар ба сӯи донишгоҳҳои он кишвар мекашад.
Шумори донишҷӯёни муҳассили мактабҳои олии Чин, бино ба иттилои сафорати Тоҷикистон дар Пекин, 2000 нафарро ташкил медиҳад ва ин ҷавонон дар 112 донишгоҳи ин ҳамсоякишвар бо таҳсил фаро гирифта шудаанд.
На ҳама хатмкардаҳои макотиби олии Чин метавонанд бе мушкилӣ дар Тоҷикистон ҷойи кор пайдо намоянд. Зеро зиёд шудани теъдоди хатмкардаҳои донишгоҳҳои Чин, акнун онҳоро низ дар пайдо кардани кор ба мушкил рӯбарӯ кардааст.
Мақомоти маориф мегӯянд, бозори квотаи таҳсил дар Чин, ки аз ҷониби вазорати маорифи Тоҷикистон соле бо теъдоди зери 300 адад пешниҳод мешавад, хеле гарм аст ва пеш аз дигар кишварҳо пур мешавад. Аммо коршиносон мегӯянд, аксари ҷавонони тоҷик зимни интихоби касбҳо дар Чин кӯр-кӯрона амал карда, танҳо бо омӯзиши забони чинӣ қаноат мекунанд.
"Барои кор дар ширкатҳо чинӣ танҳо донистани забон кофӣ нест"
Манижабонуи Акбаралӣ, ҷавондухтари 25-солаи тоҷик хатмкардаи факултаи менеҷменти туризми Донишгоҳи байналхалқии шаҳри Пекин мебошад. Манижа соли 2014 таҳсилро дар Чин анҷом дода, ба Тоҷикистон баргашт ва ба гуфтаи худаш то ҳол бекор намондааст.
Манижа мегӯяд, баъди хатми мактаби миёна дар соли 2009 назди ӯ чанд интихоб меистод, аз ҷумла - таҳсил дар Аврупо, Амрико ва Чин. Вале бо тавсияи падараш Манижа таҳсил дар Чинро интихоб кард, чун ба гуфтаи худаш бовар дошт, ки “оянда аз Чин аст.”
Ин ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, баъди баргаштан ба Тоҷикистон дар пайдо кардани кор барояш мушкил пеш наомад, чун ширкатҳои чинӣ инҷо зиёд буданд. Манижа мегӯяд, барои кор дар ширкатҳои чинӣ донистани на танҳо донистани забон, балки урфу одат ва фарҳанги он мардум низ зарур аст.
“Расму русум ва фарҳанги чиниҳо аз мо фарқ мекунад. То рафта дар он кишвар таҳсил накунӣ, ин одамҳоро фаҳмидан мушкил. Чиниҳое, ки ба инҷо меоянд, талош мекунанд он нафаронеро ҷалб кунанд, ки дар Чин таҳсил крада бошад ва одатҳои онҳоро донанд. Таҳсилкардаҳо дар Чин фарҳанг ва рафтори онҳоро хубтар мефаҳманд,”-афзуд Манижа.
Манижа мегӯяд, аз соли 2014, яъне баъди баргашт аз Чин бо як ширкати чинӣ ҳамкорӣ дорад ва даромади хуб ҳам мегирад. Аммо ин ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, бо зиёд шудани теъдоди хатмкунандагони макотиби Чин аз ҳисоби ҷавонони тоҷик, даромади онҳо низ коҳиш меёбад.
Донандаи забони чинӣ дар Тоҷикистон бидуни мушкил барои худ коре бо даромадади моҳонаи ҳадди аққал 400 доллар пайдо мекунад.
Барои мисол Манижа мегӯяд, “вақте ҷавонон нав аз Чин баргашта меомаданд, маоши баланд доштанд. Аз ҳама маоши баланд тарҷумонҳои забони чинӣ мегирифтанд, ки аз 800 то 1,5 ҳазор доллар буд. Ҳоло, ки теъдоди онҳо зиёд шуд, маош низ поён рафт. Ҳоло маош аз 1,5 ҳазор сомонӣ ё муодили 200 доллар оғоз мешавад.”
Манижа мегӯяд, таҳсил дар Чин нисбат ба Аврупо барои ҷавонони тоҷик арзонтар аст.
Хабарнигори вебсайти Thediplomat менависад, ки бо каме беҳтар шудани даромади қишри миёнаи аҳолии Тоҷикистон, ҳоло пардохти то 2000 доллар хароҷоти як донишҷӯ дар Чин дар ним соли таҳсил мушкил нест ва ин хароҷот барои таҳсил, зисту ғизо ва хароҷоти дигар равона мешавад. Муаллифи ин матлаб менависад, ки донандаи забони чинӣ дар Тоҷикистон бидуни мушкил барои худ коре бо даромадади моҳонаи ҳадди аққал 400 доллар пайдо мекунад.
Аммо на ҳама хатмкардаҳои макотиби олии Чин метавонанд бе мушкилӣ дар Тоҷикистон ҷойи кор пайдо намоянд. Ин гурӯҳи ҷавонон мегӯянд, зиёд шудани теъдоди хатмкардаҳои донишгоҳҳои Чин акнун онҳоро низ дар пайдо кардани кор ба мушкил рӯбарӯ кардааст.
Фарҳоди Мирзоалӣ, як ҷавони тоҷикро ташвиқи наздикони тоҷираш ба омӯзиши забони чинӣ ҷалб кард ва мегӯяд, чанд вақт аст, ки бо донистани ин забон наметавонад ҷойи кор пайдо намояд. Фарҳод соли 2012 Донишгоҳи халқии Чинро бо ихтисоси дипломат хатм карда, ба Тоҷикистон баргашт. Фарҳод давоми чор сол дар ширкати TBEA-и Чин, ки ба сохтмони Маркази барқу гармидиҳӣ дар шаҳри Душанбе машғул буд, кор мекард.
Фарҳод мегӯяд, "бародарон тавсия доданд, ки забони чинӣ забони ояндадор аст. Вақте дар Пекин таҳсил мекардам, координатори калони донишҷӯёни тоҷик дар Чин будам ва чорабиниҳои зиёди сафоратро мегузарондем. Қарор буд, ки баъди хатм бояд дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон кор намоям. Аммо бо сабабҳои гуногун ин кор нашуд ва ман барои кор ба ширкати TBEA дохил шудам. Баъд боз дар як ширкати сохтмонӣ кор кардам ва ҳоло бекорам. Аммо ба сурати умум дипломи Чин имрӯз дар бозори меҳнати Тоҷикистон харидор дорад.”
"Вақте бо дипломи Тоҷикистон кор намеёбӣ"
Мушкили пайдо кардани ҷойи кор дар Тоҷикистон яке аз масъалаҳои рӯзмарра аст. Бештар аз як миллион аҳолии Тоҷикистон ҳамасола барои дарёфти ризқу рӯзӣ ба хориҷи кишвар асосан ба Русия мераванд. Ҷавонони тоҷик мегӯянд, маҳз набуди ҷойи кор бо дипломҳои дохилӣ харидор доштани дипломҳои Чин дар бозори меҳнати Тоҷикистон онҳоро ба сӯи Чин мекашад. Аммо коршиносон мегӯянд, ҷавонони тоҷик дар интихоби касбу кор дар Чин оқилона амал намекунанд ва ба ҷуз омӯзиши забони чинӣ талош намекунанд, дигар касбҳоро низ азхуд кунанд.
Суҳроб Абдуллоев, омӯзгори забони чинӣ ва огоҳи соҳа мегӯяд, барои аксар ҷавонони мо аслан фарқ надорад, ки ба кадом донишгоҳи Чин дохил мешавад. Муҳим ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати мо, ҷавонон талош мекунанд, танҳо забонро омӯзанду омада дар Тоҷикистон ба тарҷумонӣ машғул шаванд. Ҷаноби Абдуллоев ҳамчунин аз он нигаронӣ мекунад, ки ширкатҳои чинӣ солҳои ахир талош доранд, тарҷумонҳоро аз кишвари худ ба Тоҷикистон биёранд:
“Ширкатҳое, ки имрӯз ба Тоҷикистон меоянд, тарҷумони худашонро меоранд дар ҳоле, ки онҳо тарҷумаи хуб карда наметавонанд. Намедонам, чаро ширкатҳо боварӣ надоранд ба тарҷумонҳои тоҷик, аммо имрӯз талабот ба тарҷумонҳои маҳаллӣ коҳиш ёфтааст. Ин суол бояд то сатҳи ҳукуматӣ барояд. Маош низ барои кормандони маҳаллӣ ва чинӣ хеле фарқ мекунад. Масалан агар тарҷумони хитоӣ то 2,5-3 ҳазор доллар маош гирад, корманди маҳаллӣ барои ин кор то 300 доллар дарёфт мекунад.”
"Чин сармоягузори аслӣ дар Тоҷикистон"
Дар чанд соли ахир Чин ба яке аз кишварҳои асосии сармоягузори иқтисоди Тоҷикистон табдил шуда, дар бунёди роҳ ва туннелҳои стратегӣ, ки ҳадаф берун шудан аз бунбасти иртиботист, ба Тоҷикистон кӯмак кард ва дар пойтахт ду маркази гармидиҳӣ низ сохт. Дар ҳоли ҳозир беш аз 1 миллиард доллар аз қарзи хориҷии 2 миллиарддолларии Тоҷикистон ҳам ба Чин марбут аст.
Ҳамсоякишвари Тоҷикистон, ки то оғози солҳои 1990-ум қариб ҳеҷ гуна иртиботе надошт, аммо дар 25 соли истиқлоли кишвар ба бузургтарин сармоягузор ва шарики тиҷорӣ бадал шуд. Дар чанд соли ахир Чин ба яке аз кишварҳои асосии сармоягузори иқтисоди Тоҷикистон табдил шуда, ҷойгоҳи Русия дар ин мақомро танг кардааст.
Бояд гуфт, ки давоми даҳ соли охир ширкатҳои чинии ба Тоҷикистон ворид шуда, дар бахшҳои мухталифи ин кишвар, аз ҷумла арсаи энержӣ сармоягузорӣ мекунанд. Бар асоси иттилои расмӣ, конҳои тилло низ, ки яке аз сарватҳои миллии Тоҷикистон дониста мешаванд, умдатан аз ҷониби ширкатҳои чинӣ коркард мешаванд.
Коршиносони тоҷик мегӯянд, далели ин таҳаввулот дар мавқеи афзояндаи Чин дар иқтисоди кишвар ва ҳам шеваи хоси робитаҳои сиёсии ин давлат бо шариконаш мебошад. Пекин ба фарқ аз Маскав, масъалаҳои байни ду давлатро пушти саҳна ва бе ҷалби матбуот ҳал мекунад.