Фарбеҳии занони ... нодор

Ҷуфти фарбеҳ аз Туркия. Акс аз бойгонӣ

Дар Тоҷикистон қариб 9 дарсади занони қобили ҳамл вазни изофӣ доштаанд. Табибон мегӯянд, як сабаби вазни зиёд дар Тоҷикистон истеъмоли беш аз ҳадди нон аст ва бештари занҳои фарбеҳ аз хонаводаҳои нодор будаанд.

Занони тоҷик ғолибан фарбеҳиро чандон мушкили ҷиддӣ намедонад. Онҳо мисли занони ғарбӣ зиёд барои вазни изофиашон ғам намехӯранд ва барои дарёфти роҳу усул ва доруву давоҳои лоғаршавӣ ҳам талош намекунанд. Аммо тамоюли афзояндаи фарбеҳшавии занони ҷавон ё қобили ҳамл боис ба нигаронии ниҳодҳои тандурустии Тоҷикистон шудааст ва онҳо вазни аз меъёр зиёди занонро мушкили ҷиддӣ мехонанд.

Фирӯза, як зани ҳудудан 40-сола, ки модари 3 фарзанд аст, мегӯяд, чанд сол пас аз издивоҷ якбора вазнаш тағйир кард ва аз 60 кило ба тақрибан 105 кило расид. Фирӯза мегӯяд, ҳоло дӯстони замони донишҷӯӣ ва онҳое, ки ӯро 10 сол қабл дида буданд, бо диданаш бовар намекунанд, ки ӯ ҳамон духтари нозукандом аст: “Бовар кунед, хеле лоғар будам. Ҳатто як замон мехостам, каме фарбеҳ шавам. Аслан фикр намекардам, ки рӯзе ин қадар фарбеҳ мешавам. Ҳоло дигар баръакс мехоҳам каме вазнамро партоям. Ростӣ, худам хӯрдани хӯрокҳои равғанӣ ва шириниву маҳсулоти хамириро дӯст медорам. Парҳез намекунам. Шояд сабаб ҳамин бошад.”

Фирӯза мегӯяд, вазни зиёд барояш баъзан мушкил эҷод мекунад, вай наметавонад ҳар либоси дилхоҳи худро ба бар кунад ва ҳамчунин медонад, ки фарбеҳӣ метавонад ӯро ба бемориҳои дигар гирифтор кунад. Аммо феълан, ки фарзандони хурдсол дорад, чандон дар фикру талоши кам кардани вазни худ нест.

Бино ба иттилои вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, имрӯз дар Тоҷикистон қариб 9 дарсади занони қобили ҳамл вазни аз меъёр зиёд доранд. Шералӣ Раҳматуллоев, сардори раёсати хидматрасонӣ ба модарон ва кӯдакони вазорати тандурустӣ мегӯяд, фарбеҳӣ дар Тоҷикистон мисли кишварҳои дигар солҳои ахир тамоюли зиёд шудан дорад ва дар қиёс бо дигар минтақаҳои кишвар бештар занони қобили ҳамл дар Душанбе ва вилояти Хатлон ба ин мушкил мувоҷеҳанд. Омили аслии афзоиши фарбеҳӣ миёни занонро мутахассисони соҳаи тиб дар ғизои якранг ва фишорҳои равонӣ марбут медонанд.

Шералӣ Раҳматуллоев мегӯяд: “Мо бояд тарзи истеъмоли гуногунии ғизоро ташвиқ бубарем, то мардум бидонанд, ки кадом ғизо бояд истеъмол шавад ва миқдорро низ риоя намоянд. Дар бисёр маворид ҳоло мардуми мо баъзе номгӯи ғизоро аз меъёр зиёд истифода мебаранд. Нонро мо ба фарқ аз давлатҳои дигар хеле зиёд истеъмол мекунем. Ин ҳам дар ҳоле ки бисёр сабзавоту меваҷот дорем ва бояд ҳар як одам на кам аз 200 грамм меваҷот истеъмол кунад. Чун маълум аст, фарбеҳӣ паёмади хуб надорад, махсусан барои саломатии зан хеле зараровар аст, махсусан занони ҳомила дар вақти бордорӣ ба бисёр оризаҳо дучор мешаванд”

Як пажӯҳиши вазорати тандурустӣ ва Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар 2 соли қабл муайян карда буд, ки дар шаҳри Душанбе ҳудуди 43 дарсади занони қобили ҳамл вазни изофӣ доранд. Бино ба хулосаи пажӯҳишгарон, занони фарбеҳ аксаран аз хонаводаҳоеянд, ки вазъи зиндагиашон чандон хуб нест. 90 дарсади ин занҳо маҳз бар асари истеъмоли хӯроки якрангу хамирӣ ва носолим гирифтори фарбеҳӣ гаштаанд.

Воқеан нигарониҳо аз афзоиши фарбеҳӣ ё вазни аз меъёр зиёди занон дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки биноба таҳқиқоти ахири Оҷонсии омори Тоҷикистон дар кишвар ҳамонон занони зиёде аз норасоии ғизо танқисӣ мекашанд. Биноба иттилои масъулини Оҷонсии Омор 14%-и аҳолии кишвар аз норасоии ғизо ранҷ мебаранд. Ин омор назар ба солҳои пештар зиёд будааст. Минтақаи Хатлон ва Бадахшон дар хулосаҳои кумитаи омор дар мавриди дастраси ба ғизои хуб аз камбизоаттарин минтақаҳо унвон шудаанд.

Абдувалӣ Қулов, сардори Раёсати омори демографӣ ва шуғли аҳолии Агентии омори назди Президенти ҶТ зимни муаррифии натиҷаҳои татқиқот дар бораи дастрасии занон ба хӯроки солим гуфт: «Агар одам аз 2250 килокалорияе, ки барои як инсон дар як шабонарӯз муайян шудааст, камтар истеъмол кунад ин аллакай ташвишовар аст.”

Акс аз бойгонӣ

Ҷомеашиносон мегӯянд, аксари бонувони тоҷик баъд аз издивоҷ ва сисолагӣ вазни худро ба якборагӣ тағйир медиҳанд ва фарбеҳ мешаванд. Як омили дигари фарбеҳиро ҳам муттахасисони дар худдори занони ҷавон аз варзиш ва машқи бадан медонанд. Табибон мегӯянд, инсон бояд дорои вазни мӯътадил бошад ва индекси байналмиллалии ташхисӣ фарбеҳӣ бояд ба эътибор гирифта шавад, масалан агар қомати шумо 177 сантиметр бошад, вазни идеалиаш 77 кило аст. Агар аз ин “идеал” зиёд бошад, инсон вазни изофӣ дорад ва вазни изофӣ ҳамеша метавонад сабаби гирифторӣ ба бемориҳои мухталиф, аз ҷумла бемории қанду дил ва безурётӣ шавад.