Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Хатлониҳо камхӯр шудаанд?


Сокинони вилояти Хатлон дар қиёс бо ду соли пеш истеъмоли маҳсулоти нониро 10 дарсад кам кардаанд. Таҳлилгарон мегӯянд, ки ин нишондиҳандаи хуб буда, гувоҳи беҳшавии вазъи иҷтимоии хонаводаҳо аст.

Пажӯҳиши тозаи раёсати Агентии омор дар вилояти Хатлон ҳокист, ки нону маҳсулоти нонӣ ҳоло чизе беш аз 28 дарсади ғизои умумии сокинони вилоятро ташкил медиҳад, дар ҳоле ки ду сол қабл ин рақам ба 37 дарсад наздик буд.

Бар асоси таҳқиқоте, ки аввалҳои соли 2011 анҷом дода шуда буд, сокинони вилояти мо бештар маҳсулоти нонӣ мехӯрданд, яъне 36,5 фоиз. Ба ғайр аз ин, 11,5 дарсад маҳсулоти қаннодӣ, 11,5% маҳсулоти гӯштӣ, 3,5% картошка, 1,4% дигар маҳсулот, 6,1% полезиҳо ва 1% тухм ва 10 фоиз мевагиҳоро исетеъмол мекарданд.

Ҷумъахон Ашӯров, корманди масъули раёсати Агентии омор дар вилояти Хатлон, бо тасдиқи ин хабар гуфт, ки нишондиҳандаи мазкур гувоҳи беҳбудёбии вазъи иҷтимоии сокинони минтақа буда, тадриҷан ғизои истеъмолии онҳо рангоранг шуда, ҷойи нонро гӯшту мева мегирад. Тибқи иттилои ӯ, ҳоло 28,6 фоизи ғизои мардуми Хатлонзамин аз нон ва маҳсулоти нонӣ иборат аст. Дар ин гурӯҳи ғизо ҳамчунин гречка, биринҷ, крупа, лӯбиё, нахӯд, наск ва мисли он дохил мешавад.

Ба ҷуз ин, 22,7 фоизи ратсиони ғизои хатлониҳоро мева ташкил медиҳад. Дар ҷамъи ғизоҳои тановулмекардаи сокинони Хатлонзамин 14,7 фоизаш гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ (аз ҷумла ҳасиб, гӯшти мурғ), 7,7%-аш шир ва маҳсулоти ширӣ (шир, дӯғ, чакка, панир, йогурт, кефир ва мисли ин) ва 7,3 фисадаш сабзавот ва полезиҳо будааст.

Ҷумъахон Ашӯров инчунин гуфт, ки ҳанӯз ду сол қабл меваҷот ва маҳсулоти гӯштӣ ҳамагӣ 10 ва 11,5 фоизи маҷмӯи ғизои истеъмолии хатлониҳоро ташкил медод. Агар соли 2011 ҳар як узви хонаводаи миёнаҳоли маҳаллӣ дар як моҳ 96 сомонӣ, муодили чизе беш аз 21 доллари амрикоӣ, барои хариди маводи ғизоӣ сарф мекард, ҳоло, тибқи омори расмӣ, ҳар сокини Хатлон на кам аз 168 сомонӣ барои ғизои моҳонааш сарф мекунад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки иддае аз сокинони маҳаллӣ мегӯянд, рӯзгори онҳо саропо таъмин нест ва на ҳамеша имкони истеъмоли таоми серғизоро доштаанд. Назокат Сафарова, як сокини шаҳри Қӯрғонтеппа, мегӯяд, беш аз 90 дарсади даромади молии хонаводаи вай танҳо барои хариди ғизо сарф мешавад.

«Шароит вазнин шудааст, хӯрока кам, саломатии мардум хуб нест. Хушбахтона, дар кишвари мо мевагӣ фаровон аст ва нархаш ҳам нисбатан арзон. Аз ин рӯ, ба ҷойи гӯшту панир, камобеш мева мехӯрем. Ҳама пуламон ба озуқа меравад ва пасандоз карда намешавад», - афзуд хонум Сафарова.

Ва аммо Иброҳим Исматов, сокини ноҳияи Бохтар, мегӯяд, коҳиши истеъмоли нону маҳсулоти нониро дар мисоли хонаводаи сернуфуси худ эҳсос накардааст. Ба қавли ӯ, дар сурате ки гӯшту мевагӣ ва шириниҳо қимати баланд доранд, нону маҳсулоти нонӣ ҳамоно аз ғизои аслии бахши аъзами аҳолии минтақа боқӣ мемонад. «Оилаи мо калон аст, то 4-5 халта орд харид мекунем дар як моҳ. Бо кори колхоз намешавад хонаро таъмин кард. Аз ин рӯ, ҳама фарзандон дар Русия мардикорӣ мекунанду барои мову зану кӯдаконашон аз он ҷо маблағ мефиристанд», - гуфт И. Исматов

Пажӯҳиши коршиносони идораи омор гувоҳи он аст, ки шумори бештари оилаҳои камбизоат дар деҳот ба сар мебаранд. Зебуниссо Раҳимова, модари 5 фарзанд аз ноҳияи Бохтар, мегӯяд, ки даромади моҳонаи хонаводааш на беш аз 700 сомонӣ буда, ҳар моҳ дар навбати аввал ӯ як халта орд ва 5 литр равған харидорӣ мекунад. Нону шакару чой ва картошка ғизои аслии хонаводаи Зебониссо маҳсуб мегардад.

Ба ақидаи таҳлилгарон, барои хариди маҳсулоти лозими истеъмолӣ ҳар як сокини вилоятро мебояд мувофиқи меъёр дастикам 50 доллари амрикоӣ дар як моҳ сарф намояд. Ин ҳам дар ҳолест, ки маоши ҳадди ақал дар Тоҷикистон аз моҳи сентябр ба 250 сомонӣ, муодили 51 доллари амрикоӣ, баробар карда шуд.

Дар раёсати Агентии омор дар вилояти Хатлон гуфтанд, ки ҳарчанд сатҳи зиндагии мардум дар музофот нисбат ба даҳ соли пеш беҳбуд ёфтааст, ҳанӯз ҳам аз рӯйи табақабандии камбизоатон, шароити зиндагии беш аз 10 дарсади хонаводаҳо дар вилояти Хатлон «начандон хуб» арзёбӣ мешавад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба иддаои пизишкон, истеъмоли беш аз меъёри маҳсулоти нонӣ ба саломатии инсон таъсири манфӣ дошта, одамро дар баробари фарбеҳӣ, ҳамчунин ба бемориҳои дигар мубтало мекунад.

“Барои одамони касбу кори гуногун меъёри гуногуни истеъмоли анвои ғизо тавсия дода шудааст, - мегӯяд Ҳасан Пиров, табибе аз бемористони марказии шаҳри Қӯрғонтеппа. - Аммо тавсияи умумӣ аз нигоҳи илми тиб ин аст, ки ҳар одам дар як рӯз ақаллан 200 грамм гӯшт, як истакон шир, тухм ва миқдори муайяни сабзавоту меваҷотро бояд ҳатман истеъмол кунад. Албатта, нонро ҳам бояд истеъмол кард, аммо хеле кам. Масалан, зарари нони сафед ба саломатии инсон аз фоидааш бештар аст. Инро ҳам бояд ба инобат гирифт. Маҳсулоти дигари нонӣ, ҳатто кулчақанду торту таоми хамирӣ низ бояд ниҳоят кам истеъмол шавад. Беҳтар аз ҳама нони сиёҳи гандумӣ аст, ки зарараш камтар мебошад..."

Ба иттилои масъулони Раёсати тандурустии вилоят, ҳарчанд ягон мавриди фавти сокинони минтақа бар асари гуруснагӣ сабт нашудааст, аммо муолиҷаи фарбеҳӣ (бар асари пурхӯрӣ) ва лоғарию дигар бемориҳои марбут ба истеъмоли ками ғизо ё тановули ғизои зиёновару риоя накардани тарзи ҳаёти солим дар дармонгоҳҳо ба мушоҳида мерасад.
XS
SM
MD
LG