Як пажӯҳиш, ки натоиҷи он дар ин маврид имрӯз дар маҷаллаи тиббии The Lancet ба нашр расид, 188 кишвар аз соли 1980 то соли 2013-ро таҳти пӯшиш қарор додааст. Пажӯҳишгарон ба ин натиҷа расидаанд, ки ду миллиарду сад миллион нафар дар ҷаҳон вазни беш аз андоза доранд. Дар ҳоле, ки ин рақам 33 сол қабл камтар аз 860 миллион нафар буд.
Бештарин шумораи афроди фарбеҳ дар Ховари Миёна ва Шимоли Африқо мушоҳида шудааст, ки 60 дарсади мардон ва 65 дарсади занон вазни беш аз андоза доранд. Дар Амрико бештарин бахши мардуми фарбеҳ зиндагӣ мекунанд, ки 13 дарсади аҳолии он кишварро ташкил медиҳанд.
Чин, Ҳиндустон, Покистон дар байни даҳ кишваре қарор доранд, ки шумораи афроди фарбеҳ дар онҳо бештарин мебошад. Ин таҳқиқот аз сӯи бунёди Билл Гейтс маблағгузорӣ шуда ва бар пояи он фарбеҳии зиёд ба системаи хадамоти тиббӣ мушкил эҷод мекунад. Афроде, ки вазни зиёд доранд, дар муқобила ба бемориҳои қалбӣ, саратони қанд ва гурда осебпазир мебошанд.
Ҳарчанд фарбеҳӣ дар баъзе аз фарҳангҳо нишонаи зиндагии серу пур ва ҳатто зебоӣ ба шумор меравад, аслан ин як беморист, ки бо сабабҳои гуногун ва аз ҷумла ғизои носолиму пурхӯрӣ ва камҳаракатӣ ба миён меояд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ барои табибати бемориҳои марбут ба фарбеҳӣ самрояи зиёд ба харҷ медиҳад. Бино бар гузориши СММ, танҳо дар соли 2010 барои ин 1,4 триллион доллар сарф шудааст.
Фарбеҳӣ бемории дарозмуддати табодули моддаҳо шумурда мешавад, ки метавонад дар ҳар синну сол ба миён ояд. Дар натиҷаи он дар бадани инсон чарбуи зиёд ҷамъ шуда, кас ба бемориҳои инфаркти миокард, инсулт, фишоир хун, холетсистит, артритӣ, панкреатит ва ғайра гирифтор мегардад, ки аксари онҳо сабаби фавти бемор мешаванд.
Табибон се омили аслии фарбеҳшавии барзиёдро муаяйн карданд. Якум надонистани зарар ва ғизонокии хӯрока барои саломатӣ. Дувум сифати хӯрока. Севум омилро дар дилбастагии зиёд ба фастфуд ё хӯроки сареъ донистаанд.
Барномаи хӯроквории Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар гузориши солонаи худ дар моҳи августи соли 2013 гуфта буд, 9,9 дарсади аҳолии калонсоли Тоҷикистон аз фарбеҳӣ азият мекашанд. Ин дар ҳолест, ки нишондиҳандаи миёна дар минтақаи Осиёи Марказӣ 18,4 дарсад буда, шумораи аз ҳама зиёди фарбеҳон дар Қазоқистон (24,4%) ба мушоҳида расида, нишондиҳандаи камтарини минтақа ба Тоҷикистон мансуб аст.
Дар Узбакистон одамони фарбеҳ 17,3 ва дар Қирғизистон 17,2 дарсади аҳолиро ташкил дода, дар Туркманистон саҳми онҳо ба 14,3 дарсад расидааст. Ба ин тартиб, Қазоқистон аз рӯйи ин нишондиҳанда дар минтақа дар ҷойи аввал аст.