Даргирӣ миёни нерӯҳои артиши Ироқ ва пешмаргаҳои курд дар Киркук

Хабаргузориҳо аз даргирӣ байни нерӯҳои давлатии Ироқ ва пешмаргаҳои курд дар наздикиҳои шаҳри Киркук хабар додаанд. Аз сӯи дигар, нахустазири Ироқ дар баёнияе хостори барқарории субот дар Киркук "дар ҳамкорӣ бо пешмаргаҳо" шудааст.

Хабаргузории "Франс-пресс" ба нақл аз чанд тан аз фармондеҳони артиши Ироқ ва пешмаргаҳои курд, ки номашонро фош накард, мегӯяд, ки ду тараф ба сӯи якдигар мушак партоб кардаанд. Хабаргузории "Ассошиэйтед пресс" низ бо такя ба сокинон ва шоҳидони маҳаллӣ ва ниманизомиёни тарафдори ҳукумати марказии Ироқ, гузоришҳои ба ин монандро нашр кардааст.

Танишҳо дар Ироқ пас аз боло гирифт, ки ҳукумати минтақаи Курдистони Ироқ дар таърихи 25-уми сентябр ҳамапурсии истиқлол баргузор кард. Дар ин ҳамапурсӣ беш аз 90 дарсади иштироккунандагон ба тарафдорӣ аз ҷудоии Курдистон аз Бағдод, раъй доданд.

Телевизиони давлатии "Ал-Ироқия" баёнияи нахуствазири он кишвар Ҳайдар Ибодиро нашр кард, ки тибқи он ба нерӯҳои ҳукумати федералии дастур додааст, ки "дар ҳамкорӣ бо шаҳрвандон ва нерӯҳои пешмарга, амниятро дар шаҳр барқарор кунанд." Хабаргузории "Ассошиэйтед пресс" мегӯяд, ин баёния мумкин аст аз тамоюли Бағдод барои мушорикат дар идораи Киркук ҳикоят дошта бошад.

Шабакаи телевизионии Ал-Ироқия ҳамзамон гуфтааст, артиш, нерӯҳои зиддитеррористии ҳукумати марказии Ироқ ва пулис бидуни даргирӣ вориди бахше аз минтақаи мавриди муноқиша дар атрофи шаҳри Киркук шуданд. Шӯрои амнияти минтақаи Курдистони Ироқ гуфта буд, нерӯҳои давлатӣ "дар пайи назорати пойгоҳи ҳавоии К-1 ва чоҳҳои нафт ҳастанд."

Чанд соат пеш бархе аз масъулони ҳукумати минтақаи Курдистон гуфта буданд, ки нерӯҳои ироқӣ субҳи душанбеи 16-уми октябр амалиёти худро барои дар даст гирифтани майдонҳои нафтӣ ва пойгоҳи ҳавоӣ, оғоз кардаанд. Хабаргузории "Асссошиэйтед пресс" бо такя ба як мақоми пулис дар минтақаи Курдистони Ироқ менависад, ки онҳо ҳамчунон назорати чоҳҳои нафти шаҳрро дар даст доранд.

Нерӯҳои ироқӣ.

Баёнияи нахуствазири Ироқ ва гузориши шабакаи Ал-Ироқия дар ҳоле мунташир шуд, ки чанд соат пеш аз он, яке аз мақомҳои артиши Ироқ гуфта буд, "агар маҷбур шавем, ба худи шаҳри Киркук ҳамла хоҳем бурд." Дар рӯзҳои ахир манбаъҳо дар ҳукумати Курдистони Ироқ аз ҷобаҷо шудани ҳазорон тан аз пешмаргаҳо дохил ва атрофи Киркук хабар дода буданд.

Танишҳо дар Ироқ пас аз боло гирифт, ки ҳукумати минтақаи Курдистони Ироқ дар таърихи 25-уми сентябр ҳамапурсии истиқлол баргузор кард. Дар ин ҳамапурсӣ беш аз 90 дарсади иштироккунандагон ба тарафдорӣ аз ҷудоии Курдистон аз Бағдод, раъй доданд.

Ҳукумати марказии Ироқ, ҳамсояҳои он кишвар, дабири кулли СММ ва Амрико ба ин ҳамапурсӣ мухолифат карданд. Аммо ҳукумати Курдистон мегӯяд, дар ниҳоят ин истиқлол аст, ки барои курдҳо "амният эҷод мекунад." Тайи чанд рӯзи гузашта ҳукумати марказии Ироқ ва минтақаи Курдистон ба якдигар ҳушдор дода ва ҳамлаҳои лафзии шадид байни онҳо сурат гирифтааст.

Ҳамапурсии истиқлол дар се вилояти таҳти назорати ҳукумати минтақаи Курдистон ва низ дар вилоятҳои ҳамҷавор, аз ҷумла Киркук баргузор шуд. Ҳукумати марказии Ироқ гуфтааст, то вақте натиҷаҳои ин ҳамапурсӣ бекор нашавад, омода нест бо ҳукумати минтақаи Курдистони Ироқ дар мавриди афзоиши қаламрави ин минтақа, гуфтугӯ намояд.