Нерӯҳои мусаллаҳи Ироқ ва Эрон рӯзҳои оянда дар минтақаҳои марзии Курдистони Ироқ бо Эрон, размоиши муштарак баргузор мекунанд. Ҳадаф аз ин размоиш, ҳамкории Эрон "барои истиқрори ҳокимияти давлати марказӣ дар марзҳои Эрон бо Ироқ", эълон шудааст.
Масъуд Ҷазоирӣ, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Эрон рӯзи 2-юми октябр гуфтааст, "дар ростои сиёсатҳои эъломии Ҷумҳурии исломӣ дар бораи якпорчагӣ ва ҳифзи тамомияи арзии Ироқ ва дар пайи дархости ҳукумати он кишвар барои ҳамкорӣ бо Эрон барои истиқрори ҳукумати марказӣ дар марзҳо бо Ироқ, субҳи имрӯз нишасти фармондеҳони нерӯҳои мусаллаҳ баргузор шуд."
Ҳукумати Ироқ хостори дар ихтиёри худ гирифтани назорати ду фурудгоҳи Сулаймония ва Арбил дар иқлими Курдистон ва низ бозпасгирии назорати гузаргоҳҳои марзии таҳти назорати ҳукумати иқлими Курдистон дар марзҳои Эрон, Туркия ва Сурия аст.
Ин мақоми нерӯҳои мусаллаҳи Эрон гуфтааст, ки размоиши муштараки ду кишвар аз сӯи нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ва воҳидҳое аз артиши Ироқ дар марзҳои муштарак дар минтақаҳои марзии Қасри Ширин то Парвизхон, марзи Бошмоқ дар Маревон ва марзи Тамрчин дар Пироншаҳр дар рӯзҳои оянда баргузор шавад мешавад.
Пас аз раъйпурсӣ дар минтақаи Курдистон ва мухолифати ҳукумати Ироқ ба натиҷаҳои он, нерӯҳои низомии Ироқ рӯзи шанбеи гузашта назорати марзҳо ин минтақаро дар даст гирифтанд. Хабаргузории "Ассошиэйтед пресс" аз қавли як мақоми курд хабар додааст, ки нерӯҳои артиши Ироқ дар қисматҳои марзи Туркия бо минтақаи Курдистон ҷобаҷо шудаанд.
Пас аз баргузории ҳамапурсии истиқлоли иқлими Курдистон дар рӯзи 25-уми сентябр, ҳукумати марказии Ироқ хостори лағв натиҷаи ҳамапурсӣ шуд ва ҳушдор дод, ки дар сурати радди ин дархост, минтақаи Курдистон бо таҳримҳо рӯбарӯ хоҳад шуд. Эрон ва Туркия низ аз ин хостаи Ироқ ҳимоят кардаанд. Расонаҳои дохилии Эрон рӯзи шанбе навиштанд, ки давлати Ироқ барномаи худ барои назорати бар гузаргоҳҳои марзии иқлими Курдистонро бо Эрон ва Туркия ҳамоҳанг кардааст.
Ҳукумати Ироқ ҳамчунин хостори дар ихтиёри худ гирифтани назорати ду фурудгоҳи Сулаймония ва Арбил дар минтақаи Курдистон ва низ бозпасгирии назорати гузаргоҳҳои марзии таҳти назорати ҳукумати иқлими Курдистон дар марзҳои Эрон, Туркия ва Сурия аст. Аммо гузоришҳо аз он ҳикоят доранд, ки мақомоти Курдистони Ироқ ба вогузории назорати гузаргоҳҳои марзӣ ба ҳукумати марказии Ироқ, мухолифат кардаанд.