Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди шадиди Хоманаӣ ва Эрдуғон аз ҳамапурсии Курдистон. ВИДЕО


Раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон Алии Хоманаӣ дар мулоқот бо раиси ҷумҳури Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон, аз баргузории ҳамапурсии истиқлол дар Курдистони Ироқ интиқод кард ва онро "хиёнат ба минтақа" хонд.

Дафтари матбуоти Оятуллоҳ Хоманаӣ рӯзи чаҳоршанбеи 4-уми октябр гузорише аз гуфтугӯи вай бо Раҷаб Таййиб Эрдуғон дар Теҳрон нашр кард, ки тибқи он, мавзеи Эрон ва Туркия барои муқобила бо истиқлоли эҳтимолии Курдистон, яксон аст. Бар асоси ин гузориш, Оятуллоҳ Хоманаӣ таъкид кардааст, ки баргузории ҳамапурсии истиқлол дар Курдистон Ироқ "хиёнат ба минтақа" ва сабаби таҳдидҳои оянда барои кишварҳои минтақа дар дарозмуддат мебошад.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон рӯзи чаҳоршанбеи 4-уми октябр ба Теҳрон сафар кард ва дар мулоқоте, ки бо Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон дошт, ҳар ду ба муқобила бо "ҷудоихоҳӣ" дар минтақа, таъкид карданд.

Вай хостори "ҳамкорӣ ва ҳамфикрӣ"-и Эрон ва Туркия ва тасмимҳои ягона ва ҷиддии сиёсиву иқтисодии ин ду кишвар барои муқобила бо истиқлоли Курдистони Ироқ шуда ва гуфтааст, "Эрон ва Туркия бо ин ҳодиса бояд ҳар чораи мумкинро анҷом диҳанд ва ҳукумати Ироқ низ дар ин қазия ба сурати ҷиддӣ, тасмимгирӣ ва чораандешӣ кунад."

Эрон ва Туркия аз оғоз мухолифи баргузории ҳамапурсии ахир дар Курдистони Ироқ буданд ва мақомоти ду кишвар борҳо минтақаи Курдистонро ба таҳримҳои фарогир, таҳдид карданд. Эрон дар рӯзҳои ахир низ бо Ироқ размоишҳои муштараке дар наздикиҳои марзҳои минтақаи Курдистони Ироқ дошт, ки далели наздикии мавзеи ду кишвар дар баробари ин ҳамапурсӣ мебошад.

Пойгоҳи хабарии Оятуллоҳ Хоманаӣ бахше аз изҳороти Раҷаб Таййиб Эрдуғон дар дидор бо раҳбари Ҷумҳурии исломии Эронро низ нашр кардааст, ки ӯ Амрико, Фаронса ва Исроилро барои талоши тақсимшавии кишварҳои Ховари Миёна, муттаҳам намудааст.

Бар пояи ин гузориш, оқои Эрдуғон гуфтааст, "Амрико, Фаронса ва Исроил мехоҳанд кишварҳоро дар Ховари Миёна тақсим ва аз ин вазъият ба нафъи худ истифода баранд. Онҳо барои Сурия низ ҳамин нақшаро доранд ва иттиҳод ва тасмими ягонаи Эрон ва Туркия дар ин хусус, бисёр муҳим аст."

Ба гуфтаи вай, "Амрико ва Исроил дар масъалаи Курдистон ба як созиши куллӣ расидаанд", ки "асноди он ғайри қобили инкор аст" ва Боризонӣ низ "бо баргузории ҳамапурсӣ, хатое ғайри қобили бахшиш муртакиб шуд."

Президенти Туркия аммо ба ҷузъиёти ин аснод ишора накард ва танҳо ҳушдор додааст, ки чун кишварҳои ҳамсоя мухолифи истиқлоли Курдистони Ироқ ҳастанд, "масъулони Курдистони Ироқ аз ин пас қадаме наметавонанд бардоранд ва роҳи раҳоӣ нахоҳанд дошт."

Раҷаб Таййиб Эрдуғон рӯзи чаҳоршанбеи 4-уми октябр ба Теҳрон сафар кард ва дар мулоқоте, ки бо Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон дошт, ҳар ду ба муқобила бо "ҷудоихоҳӣ" дар минтақа, таъкид карданд.

Рӯҳонӣ ва Эрдуғон референдуми курдҳои Ироқро маҳкум карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:50 0:00

XS
SM
MD
LG