Манобеи Озодӣ мегӯянд, рӯзи 22 май сокинони Хоруғ дигарбора дар назди ҳукумати шаҳр гирди ҳам омадаанд. Шералӣ Хайруллоев ва Рамазон Раҳимзода бо гирдиҳамомадагон мулоқот карданд.
Шералӣ Хайруллоев, ёвари раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ шоми 22 май бо сокинони гирдиҳамомада дар назди бинои ҳукумати шаҳри Хоруғ мулоқот кардаанд. Натоиҷи нишаст ҳанӯз эълон нашудааст, вале қаблан як манбаи Радиои Озодӣ гуфт, ки "бо ин мулоқот мақомот талош доранд, то мардумро ором ва вазъро мӯътадил кунанд."
Ин манбаъ мегӯяд, теъдоди мардуми гирдиҳамомада беш аз 200 нафарро ташкил медиҳад, ки беш аз 30 дарсади онҳоро ҷавонон буда ва бақия зоҳиран мардуми раҳгузару тамошобин аст.
Нимирӯзии 22-юми май дар назди ҳукумати шаҳри Хоруғ гуруҳе аз мардум гирди ҳам омада ва талаб карданд, то як куммиссиюни муштарак ба манзури таҳқиқи мунсифонаи ҳодисаи дирӯза таъсис шавад. Рӯзи 21 май дар як амалиёти боздошт дар маркази Хоруғ, ки ба тирпарронӣ печид, 3 нафар кушта ва 4 нафар захмӣ шуданд. Ба дунбол издиҳоми сокинон ба кӯчаҳо рехта, дафтарҳои пулису амният ва додситонӣ ва дастикам 3 мошини марбут ба милисаву додситониро оташ заданд.
Як манбаи Озодӣ дар шаҳри Хоруғ рӯзи 22 май гуфт, ки гирдиҳамомадагон мегӯянд, бояд ба ин куммиссиюни муштараки таҳқиқи рӯйдодҳои ахир намояндагони раёсати ҷумҳурӣ, ҳукумати вилоят, сохторҳои қудратӣ ва намоянқдагони ҷомеаи маданӣ шомил шаванд, то ҳодисаи ахир ба таври шаффоф таҳқиқ гардад ва ҷиҳати мӯътадил гардонии вазъ иқдомотеро рӯи даст бигиранд.
Яке аз талабҳои дигари мардуми гирдиҳамомада аз мақом барканор кардани тамоми кормандони дар тирпарронии рӯзи 21 май дастдошта, аз ҷумла раҳбарони мақомоти қудратӣ дар Бадахшон ва Тоҷикистон гуфта мешавад. Дар рӯйхати талабҳое, ки аз номи "ҷомиаи шаҳрвандии Хоруғ" хабаргузории "Озодагон" чоп кардааст, ҳамчунин бар иловаи талабҳои зикршуда дар бораи то поён расондани таҳқиқи ҳаводиси тобистони соли 2012-и Хоруғ ва таъсиси риштаи ҳуқуқ дар донишгоҳи ин шаҳр сухан меравад.
Тақвияти марзи Қирғизистон дар паи нооромиҳои Хоруғ
Қирғизистон хабар дод, ки ҳифзи марзҳояш бо Тоҷикистон дар қисмати Чон-Олой дар марзи вилояти Ӯш бо Бадахшонро дар пайи рӯйдодҳои ахири Хоруғ тақвият додааст. Раҳимбердӣ Дуйшенбиев, раиси Хадамоти марзбони Қирғизистон рӯзи 22 май гуфт: "Ҳифозати марз тақвият дода шуд, вале гузаргоҳ ба таври маъмулӣ кор мекунад. Танҳо назорат сахттар шудааст."
Як манбаи Радиои Озодӣ дар Хоруғ рӯзи 22 май хабар дод, ки дар ҷаласаи имрӯза дар ҳукумати вилоят бо ширкати намояндагони ҷомиаи маданӣ ва раисони маҳаллаҳои Хоруғ доир шуд, ба хотири таҳқиқи рӯйдодҳои рӯзи 21 май як кумиссиюни муштарак ташкил додаанд: "Ин кумиссиюн аз ҳисоби фаъолону собиқадорону намояндагони мақомоти қудратӣ таъсис ёфтааст, ки аз тарафи худаш қазияро таҳқиқ хоҳад кард ва хулосаҳояшро бояд баъдан ба ҷомиа бигӯяд."
Манбаи Озодӣ, ки дар ин ҷаласа ҳузур доштааст, гуфт, муовини вазири умури дохилаи Тоҷикистон Абдулло Навҷувонов дар ин ҳамоиш гуфтааст, ки кормандони ин вазорат намебоист дар як макони сериздиҳом дар маркази шаҳр даст ба силоҳ мебурданд. Дар ҷаласа ҷиҳати таҳқиқи фарогири қазия ва ба масъулият кашондани гунаҳкорон аз ҳар ду тараф қарор шудааст. Аммо як рӯз баъд аз ин хабар, яъне 23-юми май ҷаноби Навҷувонов дар торнамои расмии ВКД Тоҷикистон ин иттилоъро рад кард ва нодуруст номид. Вай гуфт, "Вобаста ба ҳодисаҳои рухдода, гурӯҳи кории ҳукуматӣ таъсис дода шуда, барои додани баҳои воқеӣ ба рӯйдодҳои охир, дар шаҳри Хоруғ қарор доранд."
Манбаи Озодӣ тасдиқ кард, ки афсари милиса Давид Ниёзбеков, ки дар даргирии рӯзи 21 май ҷароҳат бардошта буд, субҳи 22 май дар бемористон даргузаштааст. Бо ҳалокати Ниёзбеков, шумори кушташудаҳо дар Хоруғ ба 3 нафар расид ва 4 тани дигар бо захмҳои мухталиф дар бемористон боқӣ мемонанд.
Ҳамсӯҳбати мо гуфт, ҳоло вазъ дар маркази Бадахшон ором шудаву маҳдудиятҳо дар роҳи равуо ба Хоруғ лағв шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, мардум ҳам сангарҳояшонро аз кӯчаҳо бардоштаанд: "Мардум баъди оғози эътирозҳо бо ғӯлачӯбҳову бетонҳо аз 4 тараф роҳҳоеро, ки аз маҳаллаҳои атроф ба маркази Хоруғ мебаранд, баста буданд. Ҳоло ин сангарҳоро бардоштаанд."
Манбаи Озодӣ аз қавли мақомоти баландпояи вилояти Бадахшон хабар дод, ки "агар чархбол шавад", шояд имрӯз ёвари президент дар масоили амниятӣ Шералӣ Хайруллоев ва вазири умури дохила Рамазон Раҳим низ ба Хоруғ биоянд ва як ҷаласаи дигар бо ширкати онҳо сурат бигирад.
Н.Додихудоева: Вазъ дар Хоруғ ором шудааст
Набот Додихудоева, раҳбари як созмони иҷтимоии шаҳри Хоруғ мегӯяд, пас аз нооромиҳои рӯзи гузашта ҳоло вазъ дар маркази Бадахшон мӯътадил аст ва таҳти назорат қарор дорад. Набот Додхудоева, гуфт, субҳи имрӯз раиси вилоят Шодихон Ҷамшедов бо фаъолони шаҳр мулоқот карда, аз онҳо даъват кард, ки бо ҷавонони маҳаллӣ сӯҳбат кунанд, то аз чунин “бетартибиҳо” худдорӣ намоянд. Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, дар навбати худ мардум низ ҷонибдори он ҳастанд, ки ҳар ду тарафи муқассир ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ҳамзамон Набот Додихудоева амалиёти дирӯзаи кормандони шӯъбаи дохилии вилоятро дар амри дастгир намудани ҷинояткорон ғайриҳирфаӣ медонад. Ӯ мегӯяд, ин амалиёт соати 11-30-и нисфирӯз дар яке аз тангкӯчаҳои маркази Хоруғ, замоне ки мардум рафтуо доштаанд, сурат гирифтааст. Ин мусоҳиби мо гуфт, «ғайриҳирфаӣ будани ин амалиётро худи мақомот низ эътироф кардаанд. Наход кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар ҳамин гуна ҷойи номувофиқ амалиёт гузаронанду худро таҳти зарба монанд. Ҷинояткорро бояд бо дигар роҳ дастгир карда ба маҳкама кашанд ва тафтишот бубаранд. Аммо онҳо дар рӯзи равшан тиррпарониро оғоз карданд, ки дигар ҷавонони гирду атроф бағазабомада аз таҳти назорат берун баромаданд ва ҳамаро сӯзонданду вайрон карданд. Ҷамоат бо ҷавонон кор карда истодаанд ва мардум ҳам розӣ ҳастанд, ки нафарони даст ба бетартибӣ зада муҷозот шаванд.»
Хонум Додихудоева афзуд, дар натиҷаи ин нооромиҳо 3 нафар кушта шудаанд ва чаҳор нафари дигар дар ҳолати вазнин дар бемористон қарор доранд.
Ҳушдори сафорати Амрико ба атбои Амрико
Сафорати Амрико дар пайи нооромиҳои дирӯз дар Хоруғ шаҳрвандони кишварашро машварат дод, ки аз сафар ба Хоруғ худдорӣ кунанд. Сюзан Эллиотт, сафири Иёлоти Мутаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон рӯзи22 май дар Фейсбук навишт, «дар муддати ду ҳафтаи оянда шаҳрвандони Амрико, ки агар қасди сафар ба Бадахшонро доранд, аз сафар худдорӣ кунанд.»
Хонум Эллиотт меафзояд, «шаҳрвандони Амрико аз сафар ба Хоруғ худдорӣ кунанд ва агар нафароне, ки алакай дар Хоруғ ҳастанд, беҳтараш дар дохили бино дар ҷои амнтар бимонанд». Вай ба шаҳрвандони амрикоие, ки дар Хоруғанд, машварат дода, ки агар ба кумаке ниёз доранд, бо рақами +992-37-229-2000 бо сафорат дар тамос шаванд ва ё бо нишонаи электронии «DushanbeConsular@state.gov» муроҷиат кунанд.
Сафорати Бритониё низ рӯзи 21 май ба атбоъи ин кишвар машварат дод, ки то рӯшан шудани вазъ аз сафар ба Хоруғ худдорӣ кунанд.
Баррасии вазъи Хоруғ ва сафари Шералӣ Хайруллоев ба Бадахшон
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон субҳи рӯзи панҷшанбе, 22-уми май зимни машваратӣ корӣ бо раҳбарони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи кишвар ҳодисаи рӯзи гузашта дар Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон, ба вижа зери назорати қатъӣ гирифтани вазъи ҷиноӣ дар ин минтақа, боздошт кардани қочоқчиёни маводи мухаддир ва муътадилсозии вазъиятро мавриди баррасӣ қарор дод.
Ба таъкиди ин манбаъ раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба раҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва сохторҳои қудратӣ доир ба омӯзиши ҳамаҷонибаи ҳодисаи рухдода ва ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорон супоришҳои мушаххас дод.
Дар ҳамин ҳол, ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон бо дастури президент, таҳти раҳбарии Шералӣ Хайруллоев, ёрдамчии раиси ҷумҳур дар масъалаҳои амнияти миллӣ гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, ба шаҳри Хоруғ фиристода шудааст.
Сӯҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо раиси вилояти Бадахшон
Субҳи имрӯз, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар гуфтугӯ бо раиси вилояти Бадахшон ҳодисаи рӯзи гузашта дар шаҳри Хоруғ, маркази ин вилоятро баррасӣ намуд. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 22 май гуфт, ки "президент Эмомалӣ Раҳмон бо Шодихон Ҷамшедов, раиси вилояти Бадахшон тариқи телефонӣ суҳбат намуд." Ба иттилои ин манбаъ "раиси ҷумҳур гузориши раиси вилояти Бадахшонро дар мавриди ҳодисаи дирӯза дар шаҳри Хоруғ шунида, дастур дод, ки барои муътадил намудани вазъи бамиёномада чораҳои муассир андешида шавад."
Шарҳи ВКД: Дар Хоруғ як гумонбар ва як коромӯзи ВКД кушта шудааст
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо пахши як хабари муфассал нооромиҳои дирӯзи Хоруғро шарҳ дода, зикр мекунад, ки дар ин ҳодиса 2 нафар ҳалок шудааст. Ҳамчунин як гурӯҳи тафтишотии зудамал бо шумули кормандони мақомоти қудратӣ таъсис ёфта ба Хоруғ сафарбар шудааст.
Дафтари матуботи ВКД рӯзи 22-уми май ба радиои Озодӣ гуфт, ки ду рӯз қабл - 20-уми майи соли ҷорӣ дар ноҳияи Ванҷ шаҳрванд Ширинбек Ширинбеков, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Шуғнон, деҳаи Сучон, барои муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба миқдори 16 кг «ҳашиш» ва «бангдона» дастгир гардид, ки мувофиқи нишондоди вай гуё як ҳафта пеш ҳамдеҳааш Мунаввар Шанбиев бо як автомашинаи «Ҷип»-и рангаш сиёҳ омада, ба ӯ 17 кило ҳашиш додааст, ки ба Душанбе барад.
Дафтари матуботи Вазорати корҳои дохила меафзояд, рӯзи 21-уми май Бахтидавлатов Б. сардори шӯъбаи корҳои дохила дар шаҳри Хоруғ мехоҳад Шанбиев Мунавварро барои муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ҳамчун гумонбар дастгир намояд.
Дар шарҳи вазорат омадааст, ки дар соатҳои 11–и 21 май вақте Шанбиев Мунаввар ҳамроҳи ду нафари дигар дар назди бинои ҳукумати Хоруғ пайдо мешаванд гурӯҳи зудамали мақомоти корҳои дохилаи Хоруғ мехоҳанд ӯро манъ намоянд, аммо Шанбиев Мунаввар автомашинаро манъ накарда, ба болои кормандони пулис ронда бо автомашинаи хизматӣ бархурдааст.
Тавре ВКД мегӯяд, ҳамроҳони Мунаввар Шанбиев - Собир Худоихонов, сокини Хоруғи боло ва Фрайдун Абдурасулов - аз дохили мошни ба тарафи кормандони умумри дохила оташ мекушоянд.
Дар натиҷаи ин ҳодиса ду корманди шӯъбаи корҳои дохила дар шаҳри Хоруғ Давид Ниёзбеков ва Хушвахт Кушанбеков, инчунин ду корманди гурӯҳи таъиноти махсуси милитсия Маъруф Зеваршоев ва Алишо Ҳамроев захмдор шуда Собир Худоихонов ба ҳалокат расидааст. Ҳамчунин ду нафари дигар аз гумонбарон ҷароҳат бардошта дар беморхонаи шаҳри Хоруғ ҳоло бистарӣ будаанд.
«Дар натиҷаи ин ҳодиса як гурӯҳ ҷавонони шаҳри Хоруғ ба ҷойи ҳодиса омада, аввал автомашинаи хизматиро ва баъдан бинои шӯъбаи ВКД, додситонӣ ва Додгоҳи вилоятро оташ мезананд, ки дар биноҳои мазкур сӯхтор ба амал меояд», шарҳ медиҳад вазорати корҳои дохилӣ.
Ба гуфтаи ин манбаъ мардуми аз ҳодисаи мазкур ба хашмомада муддати 3-4 соат автомашинаҳои сӯхторнишониро барои хомуш кардани оташсӯзӣ иҷоза намедиҳанд.
Дар шарҳи ВКД зикр шудаст, ки ҳангоми ҷилавгирӣ аз издиҳоми гурӯҳи одамон дар назди шӯъбаи ВКД-и Хоруғ, коромӯзи шӯъбаи мазкур Гавҳар Ашӯров, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Хоруғ, ҷароҳат бардошта дар беморхонаи вилоятӣ мефавтад.
Хабаргузории «Азия Плюс» аз қавли манобеъи худ дар мақомот навиштааст, ки рӯзи 22-уми май Давид Ниёзбеков, корманди шӯъбаи корҳои дохила дар шаҳри Хоруғ, ки дар ҳодисаи дирӯза захмӣ шуда буд дар беморхона ба ҳалокат мерасад.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки барои тафтиши ҳодисаи мазкур аз тарафи Додитониии кулл, ВКД ва Кумиати амнияти миллӣ гурӯҳи тафтишотии зудамал ба Хоруғ фиристода шудааст.
Манобеи Озодӣ дар Хоруғ дирӯз гуфта буданд, дар амалиёти субҳи 21-уми май дар маркази вилояти мухтори Бадахшон 2 нафар кушта ва 6 тан захмӣ шуда, мақомот равуо ба Хоруғро маҳдуд кардаанд.
Ба дунболи ин тирпарронӣ, издиҳоме аз сокинони Хоруғ бо талаби раҳоии боздоштшудаҳо ва муҷозоти ходимони ОМОН ба назди бинои идораи умури дохилаи вилояти Бадахшон рехтанд. Як манбаи наздик ба созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон гуфт, ба маълумоти онҳо, аз 200 то 300 нафар ба ин эътирозҳо пайваста, эътирозгарон бинои пулису амният ва додситонӣ ва ҳамчунин ду мошини пулису як мошини марбут ба як корманди додситониро оташ задаанд. Дар тирандозиҳо дар назди идораи пулис дастикам як нафари дигар тир хӯрдааст.
Тафсилоти бештар дар ин мавзуъро дар матлаби нашршудаи рӯзи 21-уми май дар инҷо дарёфт кунед: http://www.ozodi.org/content/one-killed-in-thje-clash-in-khorugh/25392642.html