Таҷлили Иди Рамазон дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон
Кӯдакон ҳангоми таҷлиди Иди Фитр дар шаҳри Кобул пойтахти Афғонистон.
Намози Ид дар назди масҷиде дар канори шаҳри Ҷалолобод.
Духтари покистонӣ ҳинои дасташро дар Карочӣ нишон медиҳад.
Дар Покистон сокинони шаҳри Лоҳур барои таҷлили Иди Рамазон ба хонаҳояшон мераванд.
Мусулмонони дар Ҳинд ширинии миллии идона "севийон" мехӯранд.
Духтари ироқӣ ҳангоми таҷлили Иди Фитр дар шаҳри Мавсил.
Сокинони беҷошудаи Мавсил қуттиҳои ширинӣ ва оби нӯшокиро мебаранд, ки дар рӯзи аввали ид ба онҳо созмонҳои хайрия тақсим кардаанд.
Таҷлили Ид дар ғарби Теҳрон дар пойтахти Эрон.
Намози ид дар маркази шаҳри Бишкек.
Ниёиши кӯдаки қирғиз дар шаҳри Чолпон Ота дар 250 километрии шаҳри Бишкек.
Марди боснии мусулмон ҳангоми хариди паклама нони миллӣ дар шаҳри Сараево.
Кӯдаки ҷавоне дар Косово дар наздикии масҷиди Султон Маҳмад Фотеҳ дар Приштина пойтахти Косово.
Намози Ид дар шаҳри Мински Белорус, ки онҷо Раҷаб Тайиб Эрдӯғон, раиси ҷумҳури Туркия масҷиди наверо соли гузашта боз кард.
Бисёре аз мусулмонони белорус тоторҳо ҳастанд,ки дар қарзи 13 ё 14 ба инҷо омадаанд.
Намози Ид дар шаҳри Маскав, ки онҷо ҳазорон нафар аз муҳоҷирони тоҷик ҳам ҳузур доранд.
Тоторҳои Қрим ҳангоми ибодат дар масҷиди Ҷумъаи Ҷомӣ дар Евпатория.
Хонаводаи яманитабори амрикоӣ дар гирди дастурхони идона дар шаҳри Ню Йорк.