Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сели муҳоҷирони тоҷик дар метрои Маскав. Шитоб ба намоз ВИДЕО


Намози Ид дар Маскав ҳар сол чунин аст. Акс аз соли 2016.
Намози Ид дар Маскав ҳар сол чунин аст. Акс аз соли 2016.

Рӯзи 25-уми июн даҳҳо ҳазор нафар, аз ҷумла ҳазорон нафар аз муҳоҷирони тоҷик барои адои намози Иди Рамазон дар масҷиди ҷомеи шаҳри Маскав пойтахти Русия ҷамъ омаданд. Ба гузориши хабаргузории русии ТАСС, масҷиде, ки барои 10 ҳазор намозгузор пешбинӣ шудааст, комилан пур шуд ва ҳазорон нафар кӯчаҳои атроф рӯи замин ҷойнамоз андохта ва ибодат карданд.

Мақомоти Русия барои таъмини назму субот ва амният дар маҳалли ибодат, чанд ҳазор маъмури пулис ва кормандони амниятиро сафарбар

Яке аз хонандагони вебсайти Радиои Озодӣ, видеои 5 дақиқаиро аз дохили яке аз истгоҳҳои метрои Маскав ба мо фиристод, ки сели муҳоҷиронеро нишон медиҳад, ки вориди метро мешаванд ва нидоҳое ҳам ба забони тоҷикӣ аз онҷо баланд мешавад, ки “ҳамдигарро зер накунед”.

Ин видео, ки аз замони вуруд ба истгоҳ то замони берун шудан, аз он сабт шудааст, нишон медиҳад, ки мардум дар дохили метро ба ҳадде зиёданд, ки ба мушкилӣ ҳаракат мекунанд. Зинапоя ва ё эскалатор ҷое меистад ва муҳоҷирон ҷое баланд Оллоҳу Акбар нидо мекунанд ва фарёд мекашанд. Баъдан ин мардум зери назари маъмурони интизомӣ, ки саф кашидаанд, ба самти масҷид равон мешаванд.

Сели муҳоҷирони тоҷик дар метрои Маскав
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:31 0:00

Далер, муҳоҷири тоҷик, ки дар инҷо будааст, ба Радиои Озодӣ навишт, ки бомдоди 25-уми июн дар дохили метро "ҷой барои пой мондан набуд, чун ҳазорон муҳоҷир барои гузоштани намози ид дар масҷиди ҷомеи Маскав ба инҷо мешитофтанд." Ба гуфтаи вай, ҳеҷ ҳодисаи ҷиддие дар ин рӯз рух надодааст.

Дар видеои дигаре, ки аз шаҳри Санкт-Петербург фиристодаанд, дида мешавад, ки мардуми зиёде дар назди масҷиди шаҳр бо вуҷуди борони зиёд, рост истода ва ба ниёиши имом гӯш медиҳанд. Фарде, ки ин видеоро ба мо фиристод, навишт, ки азбаски дар масҷид ҷо нарасид, мардум дар берун ва зери борон ибодат карданд.

Намози иди Рамазон дар зери борон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:16 0:00

Дар Русия миллионҳо нафар аз муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ ва бахусус Тоҷикистону Ӯзбакистон ва Қирғизистон кор мекунанд. Бисёре аз онҳо рӯзи ид барои ибодат мераванд ва ин шикоят ҳам зиёд аст, ки маҳз дар ин рӯз маъмурони милисаи Русия баъзе аз онҳоро барои надоштани санад боздошт мекунанд.

Айни замон мақомоти Русия мегӯянд, ки ифротгароии исломӣ дар байни муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ зиёд шудааст ва чанд бомбгузорӣ аз ҷумла бомбгузории маргбор дар шаҳри Санкт-Петербург кори дасти зодагони Осиёи Марказӣ будааст.

Дар Русия, ки миллионҳо нафар аз мусулмон дорад, Иди Рамазонро имсол рӯзи 25-уми июн таҷлил карданд. Имрӯз дар ҷумҳуриҳои Бошқирдистон, Ингушистон, Қабардину Балқар, Карачаево-Черкессия ва Тотористону Чеченистон рӯзи истироҳат эълон шудааст. Дар Тоҷикистон Иди Рамазон имсол рӯзи 26-уми июн таҷлил мешавад.

Акси таҷлили ид дар байни муҳоҷирон низ ба дасти Радиои Озодӣ расид.

Муҳоҷирони тоҷик ҳангоми таҷлили Иди Рамазон дар Русия
Муҳоҷирони тоҷик ҳангоми таҷлили Иди Рамазон дар Русия

Шумо ҳам агар аксу видео аз таҷлили Иди Рамазон, ё рӯйдоди дигаре доред, лутфан аз тариқи ИМО, Вотсапп ва ё Вайбер ба мо фиристед ва ба ин шумора +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG