Ин изҳороти раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ, рӯзи 31-уми июл дар нишасти хабарӣ садо дод. Аз назари Хайриддин Усмонзода, ин муносибати дағалона, ҳосили муҳити иттилоотии Русия аст".
"Муносибати шаҳрвандони як кишвар, шарики стратегиямон нисбат ба шаҳрвандони мо расонаӣ мешаванд, ин на марбут ба сиёсати расмии Федератсияи Русия ҳаст, балки вобаста ба он аст, ки дар фазои иттилоотии ин кишвар чӣ гуна тасаввурот дар бораи муҳоҷирони меҳнатӣ нашр мешавад. Мутассифона, дар фазои иттилоотии Русия тасаввуроти нодуруст аз муҳоҷирони меҳнатӣ нашр мешавад. Ҳамаи манбаъҳои иттилоотӣ, сарчашмаҳои иттилоотӣ онҳо низ сарчашмаҳои дастгирии худашонро доранд, бинобар ҳаминро бевосита ба сиёсати расмии давлатии ин кишвар алоқаманд донистан он қадар саҳеҳ нест",-афзуд Хайриддин Усмонзода.
Ин изҳорот дар ҳоле садо медиҳад, ки хадамоти давлатӣ, порлумон, кумитаи тафтишот ва пулиси Русия батакрор аз танзими муҳоҷират ва рондани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ё ба ватанашон ё ба ҷанги Украина эълону баёния медиҳанд. Раиси ниҳоди барномарезии стратегии Тоҷикистон, инҳоро на танг шудани шароит барои муҳоҷирон, балки талошҳои Русия барои таъмини амнияташ медонад.
Хайриддин Усмонзода дар идома гуфт, "ҳар як кишвар вобаста ба шароите, ки имрӯз дар ҷаҳон мегузарад, барои таъмини амнияти миллии худашон сайъу талош меварзанд. Аз ҷумла, Русия, ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кишварҳо. Баъзе аз равандҳое, ки мо мушоҳида мекунем, ин вобаста ба танзими будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия ҳаст".
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ин изҳори назар дар ҳолест, дар пайи ҳодисаи "Крокус" ва дармондани садҳо муҳоҷир дар фурудгоҳҳои Русия, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон 30-юми апрел, дар як суҳбати телефонӣ бо ҳамтои русаш гуфта буд, "чунин бархӯрди манфӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон ва нақзи густурдаи ҳуқуқу озодиҳои онҳо ба принсипҳои муносибатҳои дуҷониба мувофиқат намекунад".
Ҳарчанд фишор болои муҳоҷирон то кунун давом дорад, раиси МТС гуфт, "итминони комил" дорад, ки "дар ҳамкории созандаи ду ҷониб, ки шарики стратегӣ ҳастанд, ин масъала ба тариқи мусбат ҳал мешавад".
Бадрафторӣ бо муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ дар Русия ҳамеша вуҷуд дошт, вале баъди оғози ҷанги Русия дар Украина дар соли 2022 ва ҳамлаи маргбори террористӣ ба толори консертии "Крокус" дар моҳи марти имсол густариш ва шиддати бесобиқа пайдо кард.
Дар ин пасманзар корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва сафҳаи ютюбии Радиои Озодӣ менависанд, ки тоҷикон дар ин байн аз бепаноҳтарин қишри муҳоҷиронанд, ки беш аз дигарон ҳадафи бадрафторӣ ва ситеза қарор мегиранд. Бино бар омор, аз моҳи апрел то поёни июл танҳо бо роҳи ҳавоӣ наздики 3500 муҳоҷири тоҷик аз Русия ронда шудаанд.
Баъди ҳамла ба толори консертии "Крокус" дар моҳи марти имсол ва дар куштори 144 кас муттаҳам шудани асосан шаҳрвандони Тоҷикистон, дар Русия маъракаи дастаҷамъонаи саркӯбу таъқиби муҳоҷирон шурӯъ шудааст, ки дар бештари ҳолатҳо бо нақзи фаровони ҳуқуқи инсон ва қонунҳо барпо мешавад.