Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти садҳо муҳоҷир дар Санкт-Петербург ва гӯшаҳои дигари Русия


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Пулиси Русия мегӯяд, тайи амалиёте дар вилояти Санкт-Петербург ва чанд гӯшаи дигар қариб ҳазор муҳоҷиреро боздошт кардааст, ки барои қонуншиканӣ бояд ронда шаванд.

Хабаргузории расмии ТАСС навишт, рейди пулис давоми ду ҳафта дар сохтмонҳо, бозорҳо, хобгоҳҳо ва маконҳое баргузор шуд, ки муҳоҷирон кор мекунанд.

Ба иттилои манбаъ, дар миёни муҳоҷирон беш аз 7,5 ҳазор қонуншиканӣ, аз ҷумла риоя накардани қоидаи будубош ва вайрон кардани қоидаҳои роҳ ошкор шудааст.

Пулиси Русия қариб ҳазор муҳоҷирро, ки ба гуфтаи мақомоти ин кишвар қонуншиканиҳои ҷиддӣ доштанд, дар боздошгоҳи муваққатӣ ҷойгир карда, онҳоро ба муддати чанд сол аз Русия ихроҷ мекунад.

Дар хабар гуфта нашудааст, ки муҳоҷирон аз кадом кишварҳо ҳастанд.

Амалиёти пулиси Русия ба зидди муҳоҷирон баъд аз ҳамлаи маргбор ба “Крокус Сити Ҳолл” зиёд шудааст. Муҳоҷирон шикоят доранд, ки баъзан онҳоро бидуни далел ё бо қонуншиканиҳои хурд аз Русия меронанд.

XS
SM
MD
LG