Кумитаи тафтишоти Русия, ки бо саркӯби муҳоҷирон маъруф аст, пешниҳод кардааст, то аз муҳоҷирон фақат шумораи телефонҳои русӣ талаб кунанд. Шумораи телефон дар вебсайти хадамоти давлатӣ ё “Портал Госуслуг” сабт мешавад ва муҳоҷир ҳам таҳти назорат хоҳад буд.
Александр Бастрикин, раиси Кумитаи тафтишот дар мусоҳибае бо як нашрияи русӣ гуфтааст, ҳамчунин бар асоси қонун бояд изи ангушт ва ДНК-и муҳоҷиронро бигиранд, то пайдо кардани муҳоҷири ҷинояткор осон шавад.
Пештар аз ин пешниҳоди Бастрикин Думаи давлатӣ қонунеро қабул кард, ки рондани муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз Русияро бисёр осон мекунад. Қонуне, ки рӯзи 23-уми июл қабул шуд, ба маъмурони пулис иҷоза медиҳад, бе ҳукми додгоҳ ва дар муддати ду шабонарӯз муҳоҷирро аз Русия берун кунанд.
Мақомот дар Русия сахттар шудани қонунҳои муҳоҷиратро ба ҳамлаи террористии “Крокус” дар моҳи март рабт медиҳанд, ки ба он шаҳрвандони Тоҷикистон гунаҳгор мешаванд. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ҳамлаи террористӣ барои мақомоти Русия як баҳона шуд, то фишору саркӯби шаҳрвандони хориҷиро афзуда аз ин роҳ ба ҳукуматҳои кишварҳои онҳо фишор оварад.