Дар Тоҷикистон масъалаи танзими кори блогеронро меомӯзанд

Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Намояндагони як ниҳоди зертобеи раиси ҷумҳури Тоҷикистон мегӯянд, таҷрибаи кишварҳои ҳамсоя дар бораи танзими фаъолияти блогеронро омӯхтаанд.

Иззатулло Саидзода, роҳбари Маркази қонунгузории назди президент 31-уми январ дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфт, дар бораи чигуна танзим кардани фаъолияти блогерон чанд таҳлил ҳам гузаронданд. Аммо Саидзода ҷузъиёти ин таҳлилҳоро фош накард ва ҳам нагуфт, ки таҷрибаи кадом кишварҳоро дар бораи танзими кори блогерон омӯхтаанд.

Роҳбари Маркази миллии қонунгузорӣ афзуд, феълан барои назорати кори блогерон ягон лоиҳаи алоҳидаи қонун таҳия нашудааст.

Иззатулло Саидзода. Акс аз qonunguzori.tj

Иззатулло Саидзода. Акс аз qonunguzori.tj

“Агар аз мақомотҳои болоӣ, яъне ҳукумат ва Дастгоҳи иҷроияи президент ҳаминхел супориш ворид шавад, мо омода ҳастем, ки ҳаминхел лоиҳаи санади меъёрӣ-ҳуқуқиро таҳия кунем. Лекин айни ҳол таҳияи чунин лоиҳаи қонун доир ба танзими фаъолияти блогерон мавҷуд нест,”-афзуд Иззатулло Саидзода.

Даъватҳо барои танзими кори блогерон дар доираи қонуни алоҳида чанд сол аст, ки аз ҷониби тарафдорони ҳукумат садо медиҳад. Дар ин замина баъзе талошҳое ҳам анҷом шуд.

Аз ҷумла, соли 2023 Манучеҳр Ҳамидзод, вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рудакӣ ва корманди собиқи Маркази қонунгузории Тоҷикистон, тарҳи қонун “Дар бораи фаъолияти блогерӣ”-ро тариқи Фейсбук пешниҳод карда буд. Ташаббускоронаш гуфтанд, мақсад таҳияи заминаҳои ҳуқуқии кори шаҳрвандон дар шабакаҳои иҷтимоист ва сензураи давлатии кори блогерон "ва таъқиби онҳо барои танқид манъ аст". Бархе блогерҳо, ки бо матни тарҳи қонун ошно шудаанд, онро фишанге барои саркӯб аз сӯи мақомот номиданд.

Рӯзи 27-уми январи имсол Матлубахон Сатториён, вазири фарҳанги Тоҷикистон ҳам дар нишасти хабарӣ гуфт, талош доранд, ки фаъолияти блогеронро дар доираи қонун танзим кунанд.

Омори дақиқи блогерон дар Тоҷикистон маълум нест. Тибқи иттилои ахири Кумитаи андоз, дар ин идора 91 блогер сабти ном шудаанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

"Шикоят зиёд аст." Раиси нави Хадамоти алоқа чӣ гуфт?14 ҳамла ба журналистони тоҷик. Чаро ҳамлагарон беҷазо мондаанд? Намояндаи СММ дар мисоли озори блогери тоҷик хост, латукӯби зан ҷиноят эътироф шавад