Чанд қазияи марбут ба азияту озори занон тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ нашр ва сарусадои зиёдро ба миён овард. Дафтари занони СММ мегӯяд, сеяки занҳо дар Тоҷикистон аз ҷониби шавҳарону хешовандони наздики худ зӯроварӣ мебинанд, вале аксарашон дар ин бора хомӯш меистанд. Малика Ҷӯрақулова, мудири барномаи занони СММ дар Тоҷикистон мегӯяд, зӯроварӣ дар оила бояд ҷиноят эътироф шавад, на инки мардон танҳо чанд рӯз ҳабс шаванд. Намояндаи СММ ҳамчунин дар бораи қазияи Рухшона Раҳматуллоева, блогери тоҷик суҳбат кард, ки аз озори шавҳараш шикоят карда буд.
Малика Ҷӯрақулова: Ҳукумати Тоҷикистон бо ҳадафи коҳиши хушунати хонаводагӣ соли 2013 Қонун дар бораи пешгирӣ аз зӯроварӣ дар оила ва Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оиларо муаррифӣ кард. Аз рӯи маълумоти Оҷонсии омор, соли 2017 - 31 дарсади занони шавҳардор дар Тоҷикистон ҳадди ақал як бор дар издивоҷи худ ба хушунати ҷисмонӣ, равонӣ ва шаҳвонӣ дучор шудаанд. 24 дарсади занон гуфтаанд, дар тӯли 12 моҳи охир ба хушунат рубарӯ шудаанд. Зӯроварии ҷисмонӣ як намуди маъмултарини зӯроварӣ нисбат ба ҳамсар аст, ки баъд аз он зӯроварии равонӣ аст. Ҳиссаи заноне, ки аз зӯроварии хонаводагӣ азият мекашанд, бештар дар Хатлон аст. Онҳо 34 дарсад ҳастанд ва баъдан дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 28 дарсад мебошанд. Дар ноҳияҳои тобеи марказ 26 ва Суғд 25 дарсад ва дар охир дар Душанбе 16 дарсадро ташкил медиҳад. Дар ҳоле, ки маъмултарин содиркунандагони зӯроварии хонаводагӣ ин шавҳарон ё ҳамсарон мебошанд, вале баъзе занон изҳор намудаанд, ки онҳо аз ҷониби хушдоманҳои худ ва дигар аъзои оила ҳам ба зӯроварӣ дучор шудаанд. Ин одатан дар шакли таҳқир аст, ҷудоӣ аз дӯстон, аз оила, назорати рафтор ва ғайра мебошад. Суоли шумо дар бораи ҷабрдидагон, ки кадом гурӯҳи занон мебошанд? Рости гап ман дар ҷавоб додани ин суол мушкилӣ мекашам, барои онки хушунати оилавӣ метавонад дар ҳар оила рӯй диҳад. Новобаста ба онки зан маълумоти олӣ дорад ё на, бо кор таъмин аст ё на, аз ҷиҳати молӣ устувор аст ё на, ин ҳолатҳо метавонанд рух диҳанд. Барои ҳамин ҷабрдидагон аз гурӯҳҳои гуногун ҳастанд.
Барномаи навбатии "Салом хоҳар" ба мавзӯи азияти занон бахшида шудааст:
Радиои Озодӣ: То куҷо ин гурӯҳи занон ба мақомоту масъулин шикоят мебаранд? Ва оё ин муроҷиатҳо натиҷа медиҳанд?
Малика Ҷӯрақулова: Аксари занони ҷабрдида, ки ба зӯроварӣ аз тарафи ҳамсарон дучор мегарданд ё тақрибан 75 дарсади онҳо барои кӯмак муроҷиат намекунанд. Яъне 75 дарсади занони ҷабрдида ба касе дар ин бора намегӯянд. Танҳо 15 дарсади онҳо мумкин, ки ба ягон кас дар бораи ҳамин зӯроварӣ нақл кунанд. Яъне зан мумкин ба дугонааш, як хешовандаш ё як ҳамсояааш дар ин бора нақл кунад. Танҳо 10 дарсади занон барои кӯмак муроҷиат мекунанд. Муносибат ва фишори ҷомеа занонро аз муроҷиат кардан барои кӯмак бозмедорад. Дар соли 2017 беш аз 60 дарсади занони аз 15 то 49-сола бовар доштаанд, ки шавҳар метавонад, барои латукӯби занаш сафед карда шавад. Масалан агар занаш бо ӯ ҷанҷол кунад, бовар мекунед? Илова бар ин аксари одамон зӯроварии хонаводагиро ҳамчун масъалаи хусусӣ меҳисобанд ва фикр мекунанд, ки шахсони бегона набояд дахолат кунанд. Яъне чизе, ки дар онҷо мешавад дар даруни оила ин байни зану шавҳар аст. Занҳо ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат намекунанд, худдорӣ мекунанд, зеро онҳо одатан аз ҷиҳати молиявӣ аз шавҳари худ вобастаанд ва дар сурати ҷудо шудан наметавонанд, худро таъмин кунанд. Занҳо бисёр вақт дар бораи он фикр мекунанд, ки ҳамсояҳо чӣ мегӯянд, хешу ақрабо чӣ мегӯянд. Дар фикри ҳамин масъала ҳастанд.
Радиои Озодӣ: Дафтари занони СММ амалан барои рафъи хушунат алайҳи занон чӣ корҳое анҷом медиҳад ё чӣ кӯмакҳо мерасонад?
Малика Ҷӯрақулова: Мо чорабиниҳои зиёд мегузаронем, аз ҷумла барои баланд бардоштани маърифатнокӣ, оид ба зӯроварии гендерӣ, оид ба хушунати гендерӣ, оид ба хушунати оилавӣ. Мо барнома ва лоиҳаҳоеро амалӣ мекунем, ки барои барҳам додани зӯроварӣ нисбат ба занону духтарон равона шудаанд. Масалан ба наздикӣ як лоиҳае дар бораи муқовимат ва вокуниш ба зӯроварии гендериро, ки аз ҷониби ҳукумати ИМА маблағгузорӣ шуда буд, бо муваффақият анҷом додем. Мо ба созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва паноҳгоҳҳои ҷабрдидагони хушунати оилавӣ дастгирии техникӣ расонидем. Ҳамчунин бо Кумитаи кор ва оила ҳамкории бисёр зич дорем ва ба наздикӣ ба онҳо кумаки техникӣ расондем. Дар инҷо қайд кардан лозим аст, ки яке аз тавсияҳои СЕDAW, Кумитаи Созмони Милал оид ба барҳам додани ҳама шаклҳои табъиз нисбати занон дастгирии паноҳгоҳҳои давлатӣ ва паноҳгоҳҳое, ки аз тарафи ташкилоти ғайридавлатӣ маблағгузорӣ мешаванд. Мо як чорабинии муҳимеро дар моҳи март доир намудем, ки ҳадаф аз он ҷалб намудани таваҷҷӯҳи шарикони рушд ба кӯмак расонидан ба паноҳгоҳҳо барои ҷабрдидагони хушунати гендерӣ буд. Дар Тоҷикистон барои аҳолии 10 миллион нафарӣ ҳамагӣ 5 паноҳгоҳ аст, мефаҳмед. Ҳамагӣ 5 паноҳгоҳ, ки ин тамоман барои ин миқдори аҳолӣ кифоя нест. Моҳи август мо як чорабинии калон доир кардем, ки дар он дар бораи ҷиноӣ гардонидани зӯроварӣ дар оиларо тарғиб кардем. Ва аз ҳукумати Тоҷикистон дархост ва хоҳиш кардем, ки аз иқдоми Қазоқистон оид ба ҷиноят эътироф намудани зӯроварӣ дар оила пайравӣ намояд.
Радиои Озодӣ: Барои аз байн бурдани ин мушкил ё падида бояд чӣ кор кард? Дар сатҳи ҳукумат чӣ иқдомҳое бояд роҳандозӣ шавад?
Малика Ҷӯрақулова: Бисёр ҳам суоли мушкил аст, як суоле ҳаст, ки мо ҳар вақт дар чорабиниҳо дар бораи масъалаҳои гендерӣ фақат дар ҳамин бора гап мезанем. Ҳар як инсоне, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунад, бояд тафаккури худро каме дигар кунад. Мо бояд бо стереотипҳои (боварҳои нодуруст) зараровари иҷтимоӣ, қолабҳое, ки сабабҳои зӯроварии гендерӣ мебошанд, мубориза барем. Ҳамон қолабҳои гендерие, ки дар ҷамъияти мо вуҷуд доранд ва барои занон, мардон, духтарон ва ҳам барои писарон зарароваранд, бояд бо онҳо мубориза барем. Дар сатҳи ҳукумат бояд фаъолона ин корро пеш барем, алалхусус чорабиниҳои фаҳмондаҳӣ зиёдтар шаванд. На танҳо дар шаҳрҳои калони ҷумҳурӣ ба мисли Душанбе ё ин ки Хуҷанд, балки дар деҳаҳо, ноҳияҳо. Ҳама бояд кор кунем ва ба ҳама бояд фаҳмонем, ки он стереотип, он қолабҳое, ки дар ҷамъияти мо вуҷуд доранд, онҳо барои беҳбудии мо нестанд, онҳо барои мо хуб нестанд. Онҳо мисол барои тараққӣ, барои рушди ҷомеаи мо бисёр як мушкили калон мебошанд ва мо бояд бо онҳо мубориза барем.
Радиои Озодӣ: Ҷазое, ки барои латукӯб ё хушунати зан дар хонавода ба мардон пешбинӣ мешавад, то куҷо метавонад роҳи ҳали мушкил бошад? Дар мисоли як блогери шинохта бигирем агар, масалан вақте дар саҳфааш хабар дод, ки шавҳараш ӯро озору азият медиҳад, мардро барои “ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ” 7 рӯз боздошт ва озод карданд.
Малика Ҷӯрақулова: Мо бояд зӯроварӣ дар оиларо ҷиноят эълон кунем, яъне ин бояд ба ҳайси ҷиноят шинохта шавад. Ҳозир ин ҷазои маъмурӣ ба ҳисоб меравад, барои ҳамин шавҳари ҳамин духтари блогер, духтаре, ки шумо гуфтед, мисол овардед, шавҳари он касро танҳо 7 рӯз боздошт карданд ва пас аз он озод карданд. Яъне ҷиноят эълон кардани зӯроварӣ дар оила як масъалаи муҳим мебошад, ки мо бояд аз ҳукумати худамон хоҳиш кунем, ки ҳамин зӯроварии оилавиро ба мисли ҷиноят шиносад.
Радиои Озодӣ: Ба заноне, ки дар оила ва ё ҷомеа зӯроварӣ мешаванд, чӣ машварат медиҳед?
Малика Ҷӯрақулова: Ман мехостам аз онҳо аввал хоҳиш кунам, ки кӯмак биҷӯянд. Барои онки тавре гуфтем, фақат 10 дарсади занони ҷабрдида кӯмаки равонӣ ва ҳуқуқӣ мепурсанд. Ман мефаҳмам, ки бештари онҳо аз фишори ҷомеа ва сабабҳои иқтисодӣ, ки аз ҳамсарони худ вобастаанд, аз ҷиҳати иқтисодӣ барои кӯмак муроҷиат намекунанд ва ҳатто дар ҳаросанд. Онҳо бояд ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ё ташкилотҳое, ки дастгирии ҳуқуқӣ ва равонӣ мерасонанд, муроҷиат намоянд. Баъзе паноҳгоҳҳо барои ҷабрдидагони хушунати оилавӣ ва аҳли оилаи онҳо кӯмаки равонӣ ва ҳуқуқӣ мерасонанд ва реабилитатсия (офиятбахшӣ) мегузаронанд. Аз онҳо хоҳиш мекунам, ки дар бораи Кумитаи занон ва оила ва кадом ташкилоте, ки дар наздикии онҳо ҳастанд ва вуҷуд доранд ва ба занони ҷабрдида кӯмак мерасонанд, дар бораи онҳо маълумот ва ё иттило пайдо кунанд, то инки Худо нигаҳ дорад, ба зӯроварӣ агар гирифтор шаванд, ба ҳамон мақомот муроҷиат кунанд ва кумак пурсанд, кӯмак ҷӯянд.