Қубодиён: 1 миллион қарз аз китобҳои дарсӣ

Мактабҳои ноҳияи Қубодиён аз пули китобҳои дарсӣ 1 миллион сомонӣ қарздор будаанд. Мудирони мактабҳо мегӯянд, аксари волидон камбизоатанд ва пули китоби фарзандонашро дода наметавонанд.

Тибқи иттилои расмӣ, мактабҳои ноҳияи Қубодиён аз иҷораи китобҳои дарсӣ ба маблағи 1 миллион сомонӣ қарздор будаанд.

Мусулмонқул, як марди 50-солаи узбактабор дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон аст, ки аз хонаводаи ӯ 6 донишомӯз дар мактаби миёнаи ҳамин ноҳия таҳсил мекунанд, вале ӯ имкон надорад, барои ҳамаи фарзандонаш шароити хуби таҳсилро муҳайё созад. Чун ба таъкиди Мусулмонқул, ҷои кор надорад ва аз замини кишоварзиаш пули каме ба даст меорад.

Мусулмонқул дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, як ҳафта шудааст, ки фарзандонаш аз ӯ талаби 60 сомонӣ кардаанд, ки ба онҳо ин пулро дода натавонистааст ва ба ҳамин хотир фарзандонаш ба дарс намераванд: “Фарзандам мегӯяд, ки омӯзгор аз мо пул мепурсад, вале ман барои шаш фарзанд наметавонам, ки пул диҳам. Ҳар рӯз мо пул медиҳем, вале боз аз мо пули китоб мепурсанд, ки имкон надорем, пардохт кунем. Ман ҷои кор надорам.”

Ҳоло хонаводаҳои зиёде дар ноҳияи Қубодиён мисли Мусулмонқул барои иҷораи китобҳои дарсии фарзандонашон аз мактабҳо қарздор шудаанд. Ҳар мактаб аз хонандагон пули гуногунро талаб кардааст, вале ҳоло маълум нест, ки хонаводаҳое, ки имкони пардохти пулро надоранд, чӣ кор мекунанд.

Тибқи иттилои расмӣ, мактабҳои ноҳияи Қубодиён як милион сомонӣ аз вазорати маориф ва илми Тоҷикистон барои иҷораи китобҳои дарсӣ қарздор будааст, ки қарор аст ин маблағ аз 36 ҳазор хонандаи ин ноҳия бояд муддати даҳ рӯзи ахир ҷамъоварӣ гардад.

Нигора Сияҳакова, мудири мактаби рақами 29 аз деҳаи Садриддин Айнӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ба хотири онки волидайн имкони харидории китобро надоштаанд, вазорати маориф ва илм барои онҳо як китобро барои як сол иҷора медиҳад, ки як китоб се сол дар дасти се хонанда чарх мезанад ва пулаш аз се нафар рӯёнида мешавад.

Ҳамсӯҳбати мо афзуд: “Падару модароне ҳастанд, ки имкони харидории китобро надоранд, вале барои як сол 30 фоизи пули китобро мегирем ва соли дигар китобро ба дигар кас медиҳем. Қарздорӣ аз он ҳисоб аст, ки дар баъзе аз мактабҳо омӯзгорони забони русӣ ва алгебра намерасад, ки хонандагон китобҳоро аз ин фанҳо намегиранд ва дар анбори мо ин китобҳо мемонад ва мо бояд пулашро диҳем.”

Солеҳ Холиқов, мудири мактаби рақами 39-уми ноҳияи Қубодиён гуфт, ки иҷора додани китобҳо дар Тоҷикистон барои хонандагон тибқи қарори ҳукумати кишвар роҳандозӣ шуда буд, ки мақсадаш сабукӣ овардан ба волидайни хонандагон аст. Ҷаноби Холиқов мегӯяд, ки дар мактаби онҳо барои як хонанда аз 10 то 15 сомонӣ пули китоб талаб доранд, вале барои хонаводаҳои мардуми деҳот ин пул гаронӣ мекунад: “Виҷдонам намебардорад, ки аз онҳо пул талаб кунам, вале қарздор ҳастем бояд ин пулро пайдо намоем. Бояд ба ҳар роҳе набошад, қарзи ноҳияро баргадонем.”

Омӯзгорон мегӯяд, ки онҳо фикр мекарданд, ки шояд вазорати маориф аз онҳо пули китобро талаб намекунад ва ба ҳамин хотир хонандагонро барои пардохти саривақтии иҷораи китоб маҷбур намесохтаанд, вале ду рӯзи ахир онҳо ҳатто барои ҷаъмоварии пул хона ба хона мегарданд.

Мирзо Эшов, мудири идораи маориф ва илми ноҳияи Қубодиён дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ин қарзи китоб аз соли 2008 то соли 2012 мебошад, ки хонандагон пардохт накардаанд ва ин маблағ ба як милион сомонӣ расидааст.

Ҷаноби Эшов мегӯяд, ҳоло чанд рӯзи дигар дар ихтиёр доранд, ки ин пулро бояд ба вазорати маориф ва илм баргардонад: “Вазорати маориф ду рӯз шудааст, ки тафтиш мекунад, ки қарзро баргардонад ва дар мактабҳо китобҳоро мешуморад. Ин пулро аз хонандагон ҷамъоварӣ мекунем. Маҷбур ҳастем, ки мактабҳоро барои ҷамоварии ин пул ба пахта фиристонем. Баъзе мактабҳо ҳато оҳанпораҳоро фурӯхта, пул ҷамъоварӣ мекунад.”

Дар ноҳияи Қубодиён, ки аз хонаводаҳои зиндагиашон нохуб гирифтани пули китоб душвор аст, рӯзҳои истироҳат омӯзгоронро барои ҷамъоварии пахта мефиристанд ва оҳанпораву дигар ашиёи нолозими мактабҳоро ба фурӯш мегузоранд, то пули китобҳоро ҷамъ кунанд.

Қубодиён, як ноҳияи марзӣ дар вилояти Хатлон, дар ҷануби Тоҷикистон аст, ки 62 мактаб ба забонҳои тоҷикиву узбакӣ дорад.