Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири маориф: "Як қонуни бисёр олуфта қабул шуд"


Тибқи қонуни нав "Дар бораи адабиёти таълимӣ", барои муаллифони китобҳои дарсие, ки ҳангоми таҳияи онҳо ба иштибоҳҳо роҳ медиҳанд, ҷазои маъмурӣ дода мешавад.

Қонуни нав «Дар бораи адабиёти таълимӣ», ки аз 5 боб ва 21 модда иборат аст, рӯзи 24-уми апрел дар иҷлосияи палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон бо аксарияти орои вакилон тасвиб шуд. Масъулони Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бовар доранд, ки қабули ин қонун таълифу таҳия ва табъу нашри китобҳои дарсиро ба низом медарорад ва муаллифонро бомасъулият мекунад.

Аммо бархе аз нависандагони китобҳои дарсӣ бар ин боваранд, ки сарфи назар аз таҳрирҳои зиёд дар таълифи як китоб, иштибоҳҳо роҳ хоҳанд ёфт ва набояд барои ин муаллифон муҷозот шавад. Ин ҳам дар ҳоле, ки қонуни мазкур, ки бо ҳадафи соддаву беиштибоҳ таълифу нашр шудани адабиёти дарсӣ барои хонандагон қабул шудааст, аз сӯи вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба порлумон пешниҳод гардидааст.

Нуриддин Саидов, вазири маориф ва илми Тоҷикистон бо тавсиф аз ин қонун гуфт, ин санад дар пайи баҳсу баррасиҳои зиёди олимону донишмандони соҳаи маориф таҳия шудааст: «Беш аз 120-150 пешниҳод аз шаҳру навоҳӣ ворид шуд. Оқибат ба як хулосае омадему як қонуни бисёр олуфта қабул шуд. Дар ҳамаи зинаҳо акнун навиштану пешниҳод кардани китобҳои дарсӣ ба хонандаҳо шурӯъ мешавад. Шурӯъ аз соли 2015 мо тариқи озмун муаллифони китобҳоро интихоб ва адабиёти дарсиро навишта, пас аз экспертизаи вазорати маориф барои чопи китобҳои насли нави дарсии аз назари мӯҳтаво қавишуда, шурӯъ мекунем.»

Ин барои аввалин бор аст, ки дар Тоҷикистон барои навиштани китобҳои дарсӣ заминаи қонунӣ фароҳам карда шуд ва ҳамакнун дар ҳолати роҳ ёфтани иштибоҳҳо дар адабиёти таълимӣ, муаллиф ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
Баҳриддин Камолиддинов, забоншиноси тоҷик, ки муаллифи аксар китобҳои дарсии мактаби миёнаву олӣ аст ва таҳрири имлоии китобҳои зиёдеро ба ӯҳда дорад, мегӯяд, қонуни ҷадид, масъулият ва сифати кори нависандагону муаллифони адабиётро бештар хоҳад кард. Ҳарчанд ба таъкиди Баҳриддин Камолиддинов, дар адабиёти дарсии насли нав, камбудиҳо ҳастанд ва матну маводи бархе аз ин китобҳо барои як хонанда фаҳмову мувофиқ ба талаби замон нест, аммо ба қавли ӯ таълифи як китоб ҳам кори саҳл нест ва барои ҳар иштибоҳи хурду реза ба ҷавобгарӣ кашидани муаллиф кори дуруст нест.

«Муаллиф барои навиштани як китоби дарсӣ чӣ қадар меҳнат сарф мекунад. Муаллиф ҳам як инсон аст ва метавонад иштибоҳ кунад, аммо иштибоҳи ӯ ҳам чунин хатое нест, ки бояд ҷазо бинад. Дар кадом маврид муҷозот карда мешавад. Масалан агар ӯ ба ҳамин қоидаҳои имло, ки ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ кард, риоя накунад, ва ба таври худ калимаҳоро нависад, дар ин сурат албатта ба чунин муаллиф даъво кардан мумкин аст, ки чаро шумо қонуншиканӣ кардед?»

Вазорати маориф сар аз соли 2001 то 2010 зиёда аз 200 номгӯйи китобҳои дарсиро бо маблағи 72 миллион сомонӣ ба нашр расонидааст. Танҳо дар соли 2013 39 номгӯйи китоб пешниҳоди хонандаҳо кардааст.

Дар зимн мӯҳтавои китобҳои таълимӣ дар Тоҷикистон ҳамеша мавриди баҳсу интиқод қарор дорад.

Хонандагону волидон ва ҳатто омӯзгорон ҳам аз мушкилфаҳму номувофиқ будани китобҳои дарсӣ норозигӣ мекунанд. Бархе аз хонандаҳо мегӯянд, барои дарки мӯҳтавои матни бархе аз китобҳои душворфаҳми дарсиашон маҷбуранд, аз кӯмаки волидони худ истифода баранд.

Чанде пеш як истифодабарандаи Фейсбук дар саҳфаи худ, дар ин шабака, тезгӯяки «харкафтар бача кард, бачаи харкафтар ҳафт харкафтар бача кард»-ро, ки дар китоби забони модарии синфи 3 оварда шудааст, ба баҳс кашида шикоят мекард, ки ин навишта дурушт буда, ба зеҳни талабаи синфи се мувофиқ нест. Дар пай, сатҳи чопи китобҳои дарсӣ барои мактаббачаҳо дар ин шабакаи иҷтимоӣ ва муаллифон ба интиқодҳои зиёде рӯ ба рӯ шуданд. Баҳси «харкафтар» то ҷое расид, ки вазири маориф муаллифони ин китобро ҷамъ оварда хостааст, бори дигар ин тезгӯякро таҳлил ва хулосаҳои худро пешниҳод кунанд.

Баҳриддин Камолиддинов, ки дар баробари 4 муаллифи китоби забони модарӣ барои синфҳои 3 дар таҳрири он даст доштааст, мегӯяд, ин китобро ӯ чандин маротиб мутолиаву таҳрир кардааст ва истифодаи тезгӯяк дар бораи "Харкафтар" ҳам ба гуфтаи ӯ дар ин китоб аслан кори иштибоҳ нест. «Ин тезгӯяк барои бурро шудани таллафуз ва рушди узвҳои нутқи инсон кӯмак мекунад. Бисёр кӯдакон, масалан ҳамсадои «р»-ро таллафуз карда наметавонанд. Бинобар ин чунин тезгӯякҳо истифода мешаванд. Албатта дар таркиби ин тезгӯякҳо баъзан калимаҳои бемаънӣ ҷой мегиранд, аммо дар мисоли харкафтар, калимаи «хар» фақат чун феъли ҳайвонот истифода намешавад, ин ҷо ин калима ба маънои кафтари калонҷусса истифода шудааст. Ҳамин тавр мо калимаи Харчангу Хармагас ҳам дорем.»

Нависанда Ато Мирхоҷа, ки чандин китоби таълимиро таҳлил карда ва дар мавриди иштибоҳҳои китоби забони модари барои синфҳои 3 мақолае бо номи «Барзагови гӯсфандхур» навиштааст мегӯяд, танҳо дар ҳамин як китоб дар 500 байт 700 хатои имлоӣ пайдо кардааст. Ба гуфтаи ӯ ҳар ғалати ин китобро кӯдак чун ҳақиқат қабул мекунад ва то охири умраш ин ғалатҳоро истифода мебарад. «Ҳатто дар матнҳо ғалатҳои мантиқии хеле зиёд ҳастанд. Матне буд бо номи «Барзагов ва шер». Шер барзаговро меҳмон мекунад ва барои он, ки ӯро ба доми фиреби худ дароварда, ӯро ба хӯрдани гӯшти гӯсфанд даъват менамояд. Бубинед бемантиқиро. Наход шер ба барзагове, ки алаф мехӯрад гушти гусфанд пешниҳод кунад. Ин мақола муаллифонро ранҷонид ва сару садоҳое ҳам шуд баъдан.»

Ин нависандаи тоҷик чунин хулоса мекунад, бархе аз онҳое, ки ҳоло китобҳои дарсиро таҳия мекунанд, аз ин соҳа худ дуранд ва ба қавли ӯ ғолибан барои таълифи китобҳои пурмӯҳтавои дарсӣ маблағи зарурӣ ҷудо намешавад. Ато Мирхоҷа аз қабули қонун «Дар бораи адабиёти таълимӣ» изҳори хушҳолӣ мекунад, вале мегӯяд, бояд ба ин кор бо маблағи зиёд ва онҳое ҷалб шаванд, ки воқеан дониши хуби имлоӣ дорад.
XS
SM
MD
LG