Фармондеҳи нирӯҳои баҳрии артиши Украинаро дар Севастопол баъди музокироташ бо фармондеҳи флоти баҳри Сиёҳи артиши Русия дастгир кардаанд.
Серҳий Ҳайдук, фармондеҳи нерӯҳои ҳарбӣ-баҳрии Украина, рӯзи чаҳоршанбе, 19 март, дар шаҳри Севастопол боздошт шуд. Хабаргузории “Қриминформ” бо такя ба додситонии шаҳр гуфтааст, Ҳайдук дар робита ба он ки эҳтимолан фармони Киев оид ба истифодаи силоҳ алайҳи мардуми осоиштаро ба низомиёни украинии мустақар дар Қрим овардааст, мавриди бозҷӯӣ қарор дорад.Хабаргузориҳо навиштаанд, ки Сергей Ҳайдук баъд аз музокирот бо фармондеҳи Флоти Баҳри Сиёҳи Русия Александр Витко дар ситоди нерӯҳои ҳарбӣ-баҳрии Украина дар шаҳри Севастопол ғайб задааст.
Ин ситод рӯзи чаҳоршанбе аз сӯи мардуми маҳаллӣ ғасб шуд. Низомиёни украинӣ аз тирандозӣ сӯи сокинони бесилоҳ худдорӣ карданд. Аз ин пеш Дмитрий Песков, сухангӯи раисиҷумҳури Русия, изҳор намуд, ки низомиёнии украинии мустақар дар Қрим ҳаққи интихоби пайвастан ба артиши Русия ё тарки нимҷазираро доранд. Дар сӯҳбат бо шабакаи Би-Би-Си ӯ хабар дод, ки иддае аз низомиёни украинӣ аллакай ба ҷониби ҳукумати Қрим гузаштаанд. Гуфта мешавад, ки дар Қрим тақрибан 20 ҳазор афсару сарбози украинӣ мустақаранд.
Шӯрои Амният бӯҳрони Украинаро баҳс мекунад
Интизор меравад, рӯзи 19 март Шӯрои Амнияти СММ дар як иҷлосияи изтирорӣ бӯҳрони Украинаро баҳс кунад. Қатъномаи қаблии Шӯрои Амният, ки рӯзи 15 март қабул шуд ва рафтори Русияро дар Украина маҳкум мекард, аз тарафи Русия вето гузошта шуд. Ғолибан Русия ба ҳайси узви доимӣ ва соҳиби ҳаққи вето дар ин ниҳоди асосии СММ рӯи ҳар қатъномае ки рафтораш дар Украинаро маҳкум кунад, боз вето хоҳад гузошт.
Сарвазири Бритониё ҳушдор дод, ки агар Русия дар Украина даст ба иқдомоти бештар бизанад, аз гурӯҳи G8 ихроҷаш хоҳанд кард. Девид Камерон рӯзи 19 март гуфт, агар Русия дар Украина даст ба иқдомоти бештар бизанад, аз гурӯҳи G8, ки кишварҳои аз нигоҳи саноатӣ пешрафтаи дунёро муттаҳид мекунад, ихроҷаш хоҳанд кард. Кишварҳои ғарбӣ ҳамчунин таҳдид кардаанд, ки ба нишони эътироз аз ширкат дар нишасти сарони G7, G8 ва G20, ки бояд моҳи июни соли равон дар шаҳри Сочии Русия доир шавад, даст хоҳанд кашид.
Ноиби раисиҷумҳури Амрико Ҷо Байден гуфт, Русия "роҳи тира"-и инзивоъро пеш гирифтааст. Вазири хориҷаи Олмон Франк-Валтер Штейнмайер ба тавофуқи ҳарчӣ зудтар бар сари ҳайати нозирони САҲА ва эъзоми ин ҳайат ба Украина даъват кард. Ғарб мегӯяд, қаламрави масъулияти ин ҳайат бояд Қримро низ фаро бигирад. Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо ба қаламраваш ҳамроҳ кардани Қрим аз тарафи Русияро ҳамчун як "ишғолгарӣ" рад мекунанд. Аммо вазорати хориҷаи Русия Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо ба нақзи паймони амниятии соли 1994, ки истиқлоли Украинаро замонат медод, айбдор кард. Маскав бар ин назар аст, ки Ғарб дар "табаддулот" дар Киев "ҳамдастӣ" кардааст.
Сарбозони Украина пойгоҳашон дар Севастополро тарк мекунанд
Киев барои ҳалли масъалаи ҳамла ба ситоди нирӯҳои баҳриаш вазири дифои Украина ва муовини аввали ӯро ба Севастопол фиристодааст, вале мақомоти рӯ ба Маскави Қрим мегӯянд, онҳро ба ҳудуди ин минтақаи ҷудоихоҳ роҳ нахоҳанд дод. Танишҳо дар Қрим, баъди як рӯзи ба ҳайати Русия ҳамроҳ кардани ин вилояти Украина, рӯ ба афзоиш овардаанд.
Нирӯҳои "худдифоъ"-и Қрим ва тарафдорони Русия рӯзи 19 март ба ситоди нирӯҳои баҳрии Украина дар шаҳри Севастопол ҳамла карданд. Дар бораи кадом даргирӣ ё хушунате гузориш нашудааст. Баъдан мушоҳида шуд, ки сарбозони Украина ин пойгоҳро тарк мекунанд.
Сарвазири Украина Арсений Ятсенюк ба вазири дифои Украина Иҳор Тенюх ва муовини аввали ӯ Виталий Ярема амр кардааст, ки дар пайи ҳамлаи нирӯҳои "худдифоъ"-и минтақаи ишғолшудаи Қрим ба ситоди нирӯҳои баҳрии Севастопол барои "ҳалли масъала" ба Қрим бираванд. Аммо сарвазири рӯ ба Русияи Қрим Сергей Аксёнов ба Интерфакс гуфтааст, ба ин ду мақоми украинӣ иҷозаи вуруд ба Қримро нахоҳанд дод.
Ҳамлаи нирӯҳои "худдифоъ"-и Қрим ба пойгоҳи Украина дар Севастопол
Гузоришҳои расида аз Севастопол мегӯянд, нирӯҳои минтақаи ишғолшудаи Қрим рӯзи 19 март ба қароргоҳҳои нирӯҳои баҳрии Украина ҳамла карда, парчами Русияро бар боми ин биноҳо афрохтаанд.
Гузоришҳо мегӯянд, издиҳоми иборат аз садҳо нафар, ки худро нирӯҳои "худдифоъ"-и Қрим меноманд, рӯзи чоршанбе ҳамроҳ бо тазоҳургарон ба қаламрави пойгоҳи баҳрии Украина ворид шудаанд. Сухангӯи нирӯҳои баҳрии Украина гуфт, қримиҳо мусаллаҳ набуданд.
Додгоҳи Қонуни асосии Русия паймон бо Қриму Севастополро "қонунӣ" номид
Додгоҳи Қонуни асосии Русия рӯзи 19 март бо судури ҳукмаш қарордоди рӯзи 18 март имзошуда байни раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ва мақомоти рӯ ба Русияи Ҷумҳурии мухтори Қрим ва шаҳри Севастополи Украинаро қонунӣ номид. Бар асоси он қарордодҳо, Қрим ва Севастопол ҳамчун ду субъекти нав ба ҳайати Русия ҳамроҳ карда мешаванд.
Валерий Зоркин, раиси Додгоҳи Қонуни асосии Русия, гуфт, ин додгоҳ паймонеро, ки барои "ба Русия ҳамроҳ кардани Ҷумҳурии мухтори Қрим ва шаҳри Севастопол" роҳ мекушояд, мутобиқ ба Қонуни асосии Русия дарёфт.
Путин рӯзи 18 март дар Маскав бо раҳбарони ҷудоихоҳи Қрим паймонеро имзо кард, ки Қрим ва Севастополро замимаи Русия мекунад. Ин иқдом ба вокуниши тунди Украина ва кишварҳои Ғарб рӯбарӯ шудааст, ки ин амалри Русияро "ишғолгарӣ" меноманд. Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо алайҳи даҳҳо мақоми Русияву Украина ва Қрим таҳримот ҷорӣ карда, ҳушдор додаанд, ки агар Русия рафторашро иваз накунад, дучори таҳримҳои боз ҳам бештар хоҳад шуд.
Аввалин даргириҳо ва аввалин қурбониҳо дар Қрим
Мақомоти Украина мегӯянд, дар як ҳамлаи мусаллаҳона ба як таъсисоти низомӣ дар Симферопол, маркази вилояти ишғолшудааи Қрим, як афсари украинӣ кушта шудааст. Ҳамзамон аз ҳалокати як нафар аз нирӯҳои "худдифоъ"-и Қрим гузориш шудааст.
Бахши русии Радиои Озодӣ аз қавли Владислав Селезнёв, раҳбари дафтари матуботи вазорати дифои Украина дар вилояти Қрим хабар дод, ки шоми 18 март зимни ҳамла ба маркази фотограмметрии раёсати харитасозиву навигатсионии нирӯҳои мусаллаҳи Украина дар шаҳри Симферопол, маркази маъмурии вилояти Қрим, як афсари украинӣ кушта ва як капитан захмӣ шудааст. Ба гуфтаи Селезнёв, ҳамаи ҳамлагарон боздошт ва бесилоҳ карда шуданд ва маълум шуд, ки онҳо аз нирӯҳои вижаи артиши Русия будаанд.
Ҳамзамон хабаргузории "Қриминформ", як бунгоҳи хабарии наздик ба сарвазри рӯ ба Русия Қрим Сергей Аксёнов, аз ҳалокати як сарбози нирӯҳои "худдифоъ"-и ин минтақаи ҷудоихоҳ ва ҷароҳат бардоштани ду тани дигар хабар додааст. Ҳарчанд ин афроди мусаллаҳ дар Қрим худро нирӯҳои "худдифоъ" меноманд, бовар меравад, ки онҳо нирӯҳои Русияанд.
Дар ҳамин ҳол, дар пайи гузоришҳо дар бораи аввалин ҳамлаҳову даргириҳо ва нахустин куштаҳо дар Қрим нирӯҳои Украина рӯзи 18 март ба тарафи ин нимҷазира ҳаракат кардаанд. Видеоро инҷо тамошо кунед:
Ятсенюк: Низоъи Украина бо Русия вориди "марҳалаи низомӣ " мешавад
Ба дунболи аввалин тирпарониҳо дар Қрим сарвазири муваққати Украина Арсений Ятсенюк рӯзи 18 март гуфт, низои Украина бо Русия бар сари ин минтақа ба "марҳалаи низомӣ" ворид мешавад, чунки нирӯҳои Русия дар Қрим ба тирандозӣ алайҳи нирӯҳои Украина шурӯъ кардаанд. Сарвазири муваққати Украина Арсений Ятсенюк рӯзи 18 март гуфт, низои Украина бо Русия ба "марҳалаи низомӣ" ворид мешавад. Ятсенюк гуфт, сарбозони Русия ба тирандозӣ алайҳи ни рӯҳои низомии Украина дар нимҷазираи Қрим шурӯъ кардаанд. Ӯ ин аъмолро "ҷинояти ҷанг" номид.
Нигаронии Молдова аз имкони ишғоли Приднестровйе баъди Қрим
Молдова ба дунболи тасарруфи Қрим аз тарафи Русия Маскавро алайҳи айни шева барои тасарруфи Приднестровйе, як вилояти ҷудоиталаби Молдова, ки аксарияти аҳолиашро мисли Қрим русзабонҳо ташкил медиҳанд, ҳушдор дод.
Раисиҷумҳури Молдова Николае Тимофти рӯзи 18 март Русияро аз паёмадҳои тасарруфи Приднестровйе, як вилояти ҷудоиталаби Молдова, ки аксарияти аҳолиашро мисли Қрим русзабонҳо ташкил медиҳанд, ба гунаи Қрим ҳушдор дод. Тимофти гуфт, агар Русия дархости Михаил Бурла, раиси порлумони Приднестровйеро бипазирад, "иштибоҳ" хоҳад кард. Бурла рӯзи 17 март аз Русия хост ин вилояти аксари аҳолиаш русзабонро ба монанди Қрим ба қаламрави худ ҳамроҳ кунад. Дар ин вилоят ҳанӯз дар соли 2006 райъпурсӣ дори шуда, дар он 97 дарсад аз пайвастан ба Русия пуштибонӣ карданд.
Инки ишғоли низомии Қрим ва тасарруфи баъдии он низ бар пояи дархости ибтидо порлумони ин вилоят ва баъдан раъйпурсии саросарӣ дар ин қаламрав сурат гирифт, рафтори ҳокимони Приднестровйе мояи нигаронии Кишинёв шудааст. Приднестровйе аз соли 1992, баъди як ҷанги кӯтоҳ, аз итоати ҳукумати марказии Молдова хориҷ шудааст. Аммо истиқлоли ин минтақаро то ҳол ягон кишвар эътироф накардааст.
Траян Басеску, раисиҷумҳури Руминия, кишвари ҳамсоя ва ҳамзабони Молдова низ гуфтааст, ки Молдова дар ҳоли хатар қарор дорад.
Ғарб тасарруфи Қримро ишғолгарӣ номид
Тасмими Русия барои ба қаламраваш ҳамроҳ кардани вилояти Қрими Украина ба мавҷи интиқодҳо дар Ғарб рӯбарӯ шудааст. Амрикову Бритониё рафтори Русия дар Украинаро "ишғолгарӣ" меноманд. Кишварҳои узви паймони низомии НАТО низ тасарруфи вилояти Қрими Украина аз тарафи Русияро ҳамчун "ишғолгарӣ" ва нақзи қонунҳои байналмилалӣ маҳкум карда, ҳушдор доданд, ки Русия бо таҳримҳои боз ҳам бештари Ғарб рӯбарӯ хоҳад шуд.
Садри аъзами Олмон Ангела Меркел гуфт, раъйпурсӣ дар Қрим, эълони истиқлоли ин вилоят аз тарафи вакилони ҷудоиталаби порлумонаш ва баъдан ба қаламрави Русия ҳамроҳ кардани Қрим - ҳама - бар хилофи қонунҳои байналмилалӣ анҷом шудааст. Раисиҷумҳури Фаронса Франсуа Ҳолланд низ хостори посухи "қавӣ"-и Иттиҳодияи Аврупо ба рафтори Русия дар Украина шуд.
Бритониё эълон кардааст, ки ҳамкориҳои низомиаш бо Русияро қатъ мекунад. Вазири хориҷаи Бритониё Вилям Ҳейг рӯзи 18 март дар Лондон ба порлумон гуфт, "шунидани инки раисиҷумҳури Русия Владимир Путин роҳи инзивоъро интихоб кард... таассуфовар аст." Ҳейг афзуд, "дар манотиқи дигари Украина ҳам хатари иғво вуҷуд дорад, ки метавонад ҳамчун баҳонаи афзоиши бештари таниши низомӣ истифода шавад."
Вазири Бритониё дар идомаи сӯҳбаташ бо як лаҳни боз ҳам тундтаре дар бораи рафтори Русия изҳори назар кард ва аз ҷумла гуфт: "Ягон навъ фиреб ё бозӣ бо равандҳои демокртӣ ваё мисол овардан аз таърих наметавонад ин воқеъиятро тавҷеҳ кунад, ки ба хоки як кишвари мустақил таҷовуз сурат гирифта ва як бахши қаламравашро бидуни эҳтиром ба қонуни ин кишвар ё қонуни байналмилалӣ ишғол кардаанд."
Ноиби раисиҷумҳури Амрико Ҷо Байден низ дар Варшава иқдомоти Русия дар Қримро "ишғолгарӣ" номид ва гуфт, Русия дар сурати идомаи ин рафтор ба таҳримҳои бештари Амрикову Иттиҳодияи Аврупо рӯбарӯ хоҳад шуд. Ҷо Байден, ки ба хотири баҳси масоили Украина рӯзи 18 март вориди Варшава, пойтахти Лаҳистон (Полша) шуд, вазъи пешомада дар Украинаро боварнокарданӣ ва рафтори Русия дар Қримро "ишғолгарӣ" номид.
Ҷо Байден гуфт, "инзивои Русия дар саҳнаи байналмилалӣ афзоиш ёфта, дар сурати идомаи роҳу рафтори кунуниаш дар Украина ба таҳримҳои бештари Амрикову Иттиҳодияи Аврупо рӯбарӯ хоҳад шуд."
Сарвазири Лаҳистон Доналд Туск гуфт, ҷомиаи байналмилалӣ тасарруфи Қрим аз тарафи Русияро қабул нахоҳад кард.
Дар нахустин вокунишаш вазорати хориҷаи Украина ишғоли Қрим аз сӯи Русияро маҳкум кард. Як мақоми аршади ин вазорат гуфт, "ончӣ ки имрӯз дар Маскав рух дод, бо демократия ва қонун ягон рабт ё умумият надорад."
Русия Қрим ва Севастополро ба қаламраваш ҳамроҳ кард
Ин изҳори назарҳо дар ҳолест, ки Русия рӯзи 18 март, бар хилофи эътирозҳои Ғарб ва Киев, бо имзои як қарордод Қрим ва Севастополро ба унвони ду субъекти ҷадид ба қаламраваш ҳамроҳ кард. Баъд аз зӯҳри 18 март дар Маскав созишнома байни Русия ва мақомоти Қрим дар бораи ба Русия ҳамроҳ кардани ин вилояти Украина ва шаҳри Севастопол ба имзо расид.
Ба ин созишнома аз тарафи Русия раиси ин ҷумҳурӣ Владимир Путин, ба намояндагӣ аз ҳукумати Қрим раиси порлумони Қрим Владимир Константинов ва сарвазири Қрим Сергей Аксёнов ва аз номи шаҳри Севастопол шаҳрдори расман аз тарафи Киев эътирофношудааш Валерий Чалий имзо карданд. Бо имзои ин қарордод, Русия расман Қрим ва Севастополро ба қаламраваш ҳамроҳ кард, вале ин иқдом аз тарафи ҷомиаи байналмилалӣ, бахусус Ғарб, эътироф намешавад.
Рӯзи 18 март, қабл аз расми имзои ин созишномаи ба ақидаи Маскав, "таърихӣ", раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар як паёми вижа аз ҳарду маҷлиси порлумони кишвараш расман хост, Қрим ва шаҳри Севастополро ба унвони ду субъекти нав ба ҳайати Федеросиюни Русия бипазиранд.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин рӯзи 18 март дар паёмаш ба иҷлоси муштараки порлумони ин кишвар аз азми Қрим барои пайвастан ба Русия пуштибонӣ кард. Путин ҳокимони нави Украинаро айбдор кард, ки ин кишварро ба чунин ҳолати ҷудоӣ оварданд. Путин гуфт, "мо таҷзияи Украинаро намехоҳем. Вале Қрим аз Русияву аз Украина ва аз тоторҳои Қрим буд ва мемонад. Вале ҳеҷ гоҳ ба пайравони Бандера тааллуқ нахоҳад гирифт."
"Мо агар Қримро намегирифтем, НАТО онҷо меомад"
Путин гуфт, Қрим аз ҳаққи худ барои таъини сарнавишташ истифода бурд. Ӯ вазъи Қримро бо Косово муқоиса кард. Путин гуфт, "Қрим бояд таҳти назорати як давлати қавӣ қарор дошта бошад ва амалан инро фақат Русия дода метавонад, вагарна мо Қримро барои ҳамешагӣ аз даст хоҳем дод." Ӯ ишғоли низомии Қримро рад кард ва гуфт, дар ин чанд рӯзи охир дар он вилоят ягон тир садо надодааст.
Ӯ афзуд, сиёсати Амрико бар асоси "ҳаққи зӯр" сохта шудааст. Ба ақидаи Путин, Ғарб дар масъалаи Украина аз хатти сурх убур карда, ба сурати "ғайриҳирфаӣ ва бемасъулиятона" амал кардааст. Владимир Путин гуфт, "ҳатто тасаввур карда наметавонад, ки дар Севастопол сарбозону афсарони НАТО сайругашт кунанд. Аммо мардуми Қрим бо раъйи худ ба ин роҳ надоданд ва барои ин ба онҳо изҳори сипос мекунам."
Путин афзуд, "мо мехоҳем дӯсти Украина бимонем. Русия муносиботашро бо Украина қатъ карданӣ нест. Мо мехоҳем ба сарзамини Украина сулҳу ризоият биояд. Ва танҳо мардуми Украина метавонанд мушкилоти худро ҳал кунанд." Путин сарусадоҳо дар мавриди азми Маскав барои ба қаламраваш ҳамроҳ кардани вилоятҳои дигари Украинаро рад кард ва гуфт, "ин овозаҳои дурӯғ ва беасос"-ро ҳокимони нави Украина паҳн мекунанд.
Владимир Путин ба дунбол расман аз ҳарду маҷлиси порлумон хост, то ду субъекти навро ба ҳайати Русия бипазиранд: "Хоҳиш мекунам, ду субъекти нав - Ҷумҳурии Қрим ва шаҳри Севастополро ба ҳайати Русия бипазиред."
Путин гуфт, мардуми Қрим дар раъйпурсӣ бечунучаро иродаи худро изҳор карданд, ки мехоҳанд бо Русия бошанд. Ӯ гуфт, аксарияти мутлақи аҳолии Русия аз ин азми Қрим ҳимоят мекунанд ва бар асоси як назарсанҷии охир, 95 дарсад гуфтаанд, ки Русия бояд аз русзабонҳо дар Қрим ҳимоят кунад. Ӯ боз ҳам бо такя ба ин назархоҳӣ гуфт, 86 дарсади аҳолиии Русия то ҳол бар ин боваранд, ки Қрим ба Русия тааллуқ дошт ва дорад.
Рӯзи 16 март дар раъйпурсии Ҷумҳурии мухтори Қрим, ба гуфтаи мақомоти рӯ ба Маскави ин вилоят, 96,8 дарсади ширкаткардагон ба тарафдорӣ аз пайвастани ин нимҷазира ба Русия раъй доданд. Ширкаткунандагон бояд ба ин пурсиш посух медоданд, ки Қрим дар Украина бимонад ё ба Русия ҳамроҳ шавад.
Дар Киев ва дар Ғарб ин раъйпурсиро ғайриқонунӣ хонда, мегӯянд, натиҷаашро эътироф намекунанд. Рӯзи 17 март дар посух ба ин раъйпурсӣ Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо алайҳи як силсила мансабдорони аршади Русияву Қрим ва ёрони раисиҷумҳури барканоршудаи Украина Виктор Янукович таҳримот ҷорӣ карданд. Дар Ғарб мегӯянд, агар Русия ишғолгариҳояш дар Украинаро бас накунад, алайҳаш аз таҳримҳои боз ҳам бештар кор хоҳанд гирифт.
Ин ситод рӯзи чаҳоршанбе аз сӯи мардуми маҳаллӣ ғасб шуд. Низомиёни украинӣ аз тирандозӣ сӯи сокинони бесилоҳ худдорӣ карданд. Аз ин пеш Дмитрий Песков, сухангӯи раисиҷумҳури Русия, изҳор намуд, ки низомиёнии украинии мустақар дар Қрим ҳаққи интихоби пайвастан ба артиши Русия ё тарки нимҷазираро доранд. Дар сӯҳбат бо шабакаи Би-Би-Си ӯ хабар дод, ки иддае аз низомиёни украинӣ аллакай ба ҷониби ҳукумати Қрим гузаштаанд. Гуфта мешавад, ки дар Қрим тақрибан 20 ҳазор афсару сарбози украинӣ мустақаранд.
Шӯрои Амният бӯҳрони Украинаро баҳс мекунад
Интизор меравад, рӯзи 19 март Шӯрои Амнияти СММ дар як иҷлосияи изтирорӣ бӯҳрони Украинаро баҳс кунад. Қатъномаи қаблии Шӯрои Амният, ки рӯзи 15 март қабул шуд ва рафтори Русияро дар Украина маҳкум мекард, аз тарафи Русия вето гузошта шуд. Ғолибан Русия ба ҳайси узви доимӣ ва соҳиби ҳаққи вето дар ин ниҳоди асосии СММ рӯи ҳар қатъномае ки рафтораш дар Украинаро маҳкум кунад, боз вето хоҳад гузошт.
Сарвазири Бритониё ҳушдор дод, ки агар Русия дар Украина даст ба иқдомоти бештар бизанад, аз гурӯҳи G8 ихроҷаш хоҳанд кард. Девид Камерон рӯзи 19 март гуфт, агар Русия дар Украина даст ба иқдомоти бештар бизанад, аз гурӯҳи G8, ки кишварҳои аз нигоҳи саноатӣ пешрафтаи дунёро муттаҳид мекунад, ихроҷаш хоҳанд кард. Кишварҳои ғарбӣ ҳамчунин таҳдид кардаанд, ки ба нишони эътироз аз ширкат дар нишасти сарони G7, G8 ва G20, ки бояд моҳи июни соли равон дар шаҳри Сочии Русия доир шавад, даст хоҳанд кашид.
Ноиби раисиҷумҳури Амрико Ҷо Байден гуфт, Русия "роҳи тира"-и инзивоъро пеш гирифтааст. Вазири хориҷаи Олмон Франк-Валтер Штейнмайер ба тавофуқи ҳарчӣ зудтар бар сари ҳайати нозирони САҲА ва эъзоми ин ҳайат ба Украина даъват кард. Ғарб мегӯяд, қаламрави масъулияти ин ҳайат бояд Қримро низ фаро бигирад. Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо ба қаламраваш ҳамроҳ кардани Қрим аз тарафи Русияро ҳамчун як "ишғолгарӣ" рад мекунанд. Аммо вазорати хориҷаи Русия Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо ба нақзи паймони амниятии соли 1994, ки истиқлоли Украинаро замонат медод, айбдор кард. Маскав бар ин назар аст, ки Ғарб дар "табаддулот" дар Киев "ҳамдастӣ" кардааст.
Сарбозони Украина пойгоҳашон дар Севастополро тарк мекунанд
Киев барои ҳалли масъалаи ҳамла ба ситоди нирӯҳои баҳриаш вазири дифои Украина ва муовини аввали ӯро ба Севастопол фиристодааст, вале мақомоти рӯ ба Маскави Қрим мегӯянд, онҳро ба ҳудуди ин минтақаи ҷудоихоҳ роҳ нахоҳанд дод. Танишҳо дар Қрим, баъди як рӯзи ба ҳайати Русия ҳамроҳ кардани ин вилояти Украина, рӯ ба афзоиш овардаанд.
Нирӯҳои "худдифоъ"-и Қрим ва тарафдорони Русия рӯзи 19 март ба ситоди нирӯҳои баҳрии Украина дар шаҳри Севастопол ҳамла карданд. Дар бораи кадом даргирӣ ё хушунате гузориш нашудааст. Баъдан мушоҳида шуд, ки сарбозони Украина ин пойгоҳро тарк мекунанд.
Сарвазири Украина Арсений Ятсенюк ба вазири дифои Украина Иҳор Тенюх ва муовини аввали ӯ Виталий Ярема амр кардааст, ки дар пайи ҳамлаи нирӯҳои "худдифоъ"-и минтақаи ишғолшудаи Қрим ба ситоди нирӯҳои баҳрии Севастопол барои "ҳалли масъала" ба Қрим бираванд. Аммо сарвазири рӯ ба Русияи Қрим Сергей Аксёнов ба Интерфакс гуфтааст, ба ин ду мақоми украинӣ иҷозаи вуруд ба Қримро нахоҳанд дод.
Ҳамлаи нирӯҳои "худдифоъ"-и Қрим ба пойгоҳи Украина дар Севастопол
Гузоришҳои расида аз Севастопол мегӯянд, нирӯҳои минтақаи ишғолшудаи Қрим рӯзи 19 март ба қароргоҳҳои нирӯҳои баҳрии Украина ҳамла карда, парчами Русияро бар боми ин биноҳо афрохтаанд.
Гузоришҳо мегӯянд, издиҳоми иборат аз садҳо нафар, ки худро нирӯҳои "худдифоъ"-и Қрим меноманд, рӯзи чоршанбе ҳамроҳ бо тазоҳургарон ба қаламрави пойгоҳи баҳрии Украина ворид шудаанд. Сухангӯи нирӯҳои баҳрии Украина гуфт, қримиҳо мусаллаҳ набуданд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад