Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар ҳоле паймонеро, ки Қримро ба бахши қаламрави Русия табдил медиҳад, имзо кард, ки расман ҳарду маҷлиси порлумони Русияро дар бораи дарёфти дархости расмии Қрим ҷиҳати пайвастан ба Русия дар ҷараён гузошт.
Владимир Путин ҳамин тавр, шоми 17 март бо судури фармон "Дар бораи эътирофи Ҷумҳурии Қрим" истиқлолияти ин вилояти Украинаро имзо кард. Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Русия хабар дод, ки Владимир Путин шоми 17 март фармон "Дар бораи эътирофи Ҷумҳурии Қрим"-ро имзо кард. Дар ин фармон аз ҷумла гуфта мешавад: "Бо дарназардошти изҳори иродаи мардумони Қрим дар раъйпурсие, ки рӯзи 16 март доир шуд, Ҷумҳурии Қрим, ки дар он шаҳри Севастопол мақоми вижа дорад, ба ҳайси кишвари соҳибистиқлол ва мустақил эътироф карда шавад." Дар идомаи ин санад омадааст, ки "ин фармон аз рӯзи имзояш ба ҳукми иҷро медарояд."
Амрико дороиҳои Янукович, Матвиенко ва Суркову Рогозинро масдуд мекунад
Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама рӯзи 17 март амр кард, ки ҳисобҳои бонкии 7 мақоми Русия, бо шумули Раиси Шӯрои Федератсиони Русия Валентина Матвиенкоро дар посух ба ишғоли вилояти Қрими Украина мунҷамид кунанд.Ба рӯйхати Амрико чанд нафар аз мақомдорони Русия ва Украина шомил шудаанд, ки гуфта мешавад, бо фаъолиятҳои худ ба равандҳои демократӣ дар Украина зарба задаанд.
Таҳримҳои Амрико муовини сарвазири Русия Дмитрий Рогозин, раиси Шӯрои Федератсия Валентина Матвиенко ва ду мушовири раисиҷумҳур Владимир Путин - Владислав Сурков ва Сергей Глазевро дар бар мегирад. Ҳамчунин вакилони Думаи давлатӣ Леонид Слутский ва Елена Мизулина ва узви Шӯрои Федератсия Андрей Клишас таҳти таҳрими Амрико қарор гирифтаанд.
Бахши украинии рӯйхати сиёҳи Амрико раисиҷумҳури барканоршудаи Украина Виктор Янукович, раҳбари ҷунбиши сиёсии тарафдорони Виктор Медведчук ва ду мақоми рӯ ба Маскави Қрим - Сергей Аксёнов, ки худро сарвазири Қрим меномад ва раиси порлумони Қрим Владимир Константиновро дар бар мегирад.
Таҳримҳои Амрико билофосила ба дунболи таҳримоти ИА алайҳи 21 мақоми Русияву Қрим эълон шуд. Вазирони хориҷаи ИА рӯзи 17 март дар Брюссел дар посух ба ишғоли Қрим аз сӯи Русия ҷиҳати ҷорӣ кардани таҳримот алайҳи 21 мақоми Русияву Украина тавофуқ кардаанд. Ин таҳримот бастани ҳисобҳои бонкӣ ва манъи ироаи раводиди сафар ба ин 21 мансабдорро дар бар мегирад. Аммо вазири хориҷаи Литва Линас Линкевичюс дар Твиттер гуфтааст, таҳримҳои бештар ғолибан дар рӯзҳои наздик эълон хоҳанд шуд.
Хабарнигори Озодӣ дар Брюссел мегӯяд, рӯйхати афроди таҳримшуда 13 мақоми Русия ва 8 мансабдори вилояти ҷудоихоҳи Қрими Украинаро фаро мегирад. ИА аз ҷумла ду мақоми рӯ ба Маскави Қрим - Сергей Аксёнов, ки худро сарвазири Қрим меномад ва раиси порлумони Қрим Владимир Константинов, фармондеҳи флоти баҳри Сиёҳи артиши Русия Александр Витко ва вакили порлумони Русия Сергей Миронов, муаллифи тарҳи қонунеро, ки ба ишғоли Қрим роҳ кушод, таҳти таҳрим қарор додааст. Рӯйхати пурраи таҳримшудаҳо шоми душанбе дар рӯзномаи ИА - "Official Journal" - нашр шуд.
Ҳамин тавр, интизор меравад, бахши сиёсии Паймони ҳамгироӣ байни ИА ва давлати нави Украина алакай рӯзи 21 март дар Брюссел имзо шавад.
ИА ва Амрико қабл аз раъйпурсии дирӯзаи Қрим эълон карда буданд, ки агар ин райъпурсӣ доир шавад, алайҳи Русия таҳримот ҷорӣ мекунанд. Рӯзи 17 март, қабл аз нишасти Брюссел раҳбари идораи сиёсати хориҷии ИА Кетрин Эштон гуфт, Аврупоро лозим аст, то ҳангоми эълони таҳримоташ ба Русия "паёми ҳаддалимкон шадидтарин" бифиристад.
Бино ба тарҳи ин санад, ки нусхааш ба дасти Радиои Озодӣ ҳам расида буд, вазирони хориҷаи ИА раъйпурсии "ғайриқонунӣ"-и рӯзи 16 март дар Қримро "шадидан маҳкум карда", натиҷаҳои ин назархоҳиро эътироф намекунанд.
Ин санад ҳамчунин саммити ИА - Русияро, ки мебоист моҳи июн дар ҳошияи нишасти сарони G8 дар Сочии Русия доир мешуд, лағв карда, бо қадрдонӣ аз хештандориҳои Киев дар посух ба иқдомҳои Русия, аз Маскав мехоҳад, нирӯҳои низомиашро билофосила ба ҳолати то оғози бӯҳрон биорад. Аммо ҳанӯз маълум нест, ки ин тақозоҳо дар матни ниҳоии қарори нишасти вазирони хориҷаи ИА ҷо шудааст ё на.
Сикорски: Мо шоҳиди "аншлюс"-и Қрим шудаем
Вазири хориҷаи Лаҳистон (Полша) Радослав Сикорский рӯзи 17 март ишғоли вилояти Қрим аз сӯи нирӯҳои низомии Русия ва талоши ба қаламраваш ҳамроҳ кардани ин вилояти Украинаро ба "аншлюс"-и Австрия аз сӯи Олмони фашистӣ ва ҳукумати Адолф Ҳитлер дар соли 1938 монанд кард, Сикорски, ки дар Брюссел дар пешорӯи нишасти вазирони хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо роҷеъ ба вазъи Украина сӯҳбат мекард, гуфт: "Мо шоҳиди "аншлюс"-и Қрим шудаем, ки набояд аз сӯи ҷомиаи байналмилалӣ бидуни посух гузошта шавад. Райъпурсӣ мутобиқ ба Қонуни асосӣ ва қонунӣ набуд ва раъйи Қрим аз сӯи ҷомиаи байналмилалӣ эътироф нахоҳад шуд. Ва ин ба чунин маъност, ки ИА ба он чӣ ки гуфта буд, амал хоҳад кард."
Аншлюс (дар забони немисӣ Anschluss — ҳамроҳ ё муттаҳид кардан) дар таърих ба ҳайати Олмони фашистӣ ҳамроҳ кардани қаламрави Австрияро меноманд, ки тайи 2 рӯз - 12 ва 13 марти соли 1938 анҷом шуд. Истиқлоли Австрия соли 1945, баъди шикасти Олмони ҳитлерӣ барқарор шуда, соли 1955 тавассути созишномаи давлатие, ки аншлюсро манъ мекунад, қонунӣ гардонда шуд. Аншлюс дар забони сиёсии муосир ҳаммаънои "аннексия" (ишғол, тасарруф) аст, вале ба маънои боз ҳам манфитар.
Котиби давлатии Ҷопон Йошиҳике Суга гуфт, тағйири қаламрави Украина танҳо бар пояи раъйпурсии саросарӣ аз сӯи тамоми мардуми ин кишвар метавонад сурат бигирад ва Русия бояд ба якпорчагии кишвари ҳамсояаш эҳтиром гузошта, аз тасарруфи бахшҳое аз хоки Украина даст бикашад. Суга гуфт, Токио дар масъалаи таҳримоти зидди Русия дар ҳамоҳангӣ бо кишварҳои дигари узви гурӯҳи G7Ҷ ки 7 кишвари аз нигоҳи саноатӣ пешрафтаи дунёро муттаҳид мекунад, амал хоҳад кард.
Аммо Лӣ Баодонг, муовини вазири хориҷаи Чин, аз ангуштшумор муттаҳидони Русия дар саҳнаи байналмилалӣ рӯзи 17 март дар Пекин мӯҳтотона изҳори умед кард, ки "тамоми ҷонибҳо оромона аз хештандорӣ кор хоҳанд гирифт ва аз ташдиду тахриби бештари авзоъ ҷилавгирӣ хоҳанд кард. Онҳоро лозим аст, ки тавассути муколама ва музокирот роҳи ҳалли сиёсиеро пайдо кунанд."
Путин рӯзи сешанбе дар бораи Қрим суханронӣ мекунад
Кремл мегӯяд, раисиҷумҳури Русия Владимир Путин рӯзи сешанбе, 18 март, соати 12 дар иҷлосияи муштараки ҳарду маҷлиси порлумони Русия роҷеъ ба дархости Қрим барои пайвастан ба Русия суханронӣ хоҳад кард.
Ҷузъиёти суханронии Путин ҳанӯз маълум нест, вале ин дар ҳолест, ки порлумони Қрим рӯзи 17 март эълони истиқлол карда, билофосила аз Русия расман хост, ки ин вилоятро ба қаламраваш ҳамроҳ кунад. Аз ин эъломия аз 100 вакили порлумон ҳамаи 85 вакиле, ки дар ҷаласа ҳузур доштанд, ҳимоят кардаанд. Порлумони Қрим ҳамчунин аз СММ ва кишварҳои дигар даъват кард, то истиқлолашро ба расмият бишиносанд.
Дар иҷлосияи имрӯзаи порлумони вилоят ҳамчунин қарор шуда, ки тамоми моликияти давлатии Украина дар қаламрави Қрим миллӣ карда шавад. Як ҳайати порлумони Қрим барои баррасии иқдомоти баъдӣ рӯзи 17 март роҳии Маскав шуд. Ин иқдомот дар пайи раъйпурсии рӯзи 16 март дар Қрим аст, ки дар он, ба гуфтаи мақомоти рӯ ба Русияи ин вилоят, 96,8 дарсад аз пайвастани Қрим ба Русия пуштибонӣ кардаанд. Дар Ғарб ин раъйпурсиро маҳкум мекунанд, вале Русия гуфтааст, ки он мутобиқ ба қонунҳои байналмилалӣ доир шуд.
Дар ҳамин ҳол, порлумони Украина рӯзи 17 март фармони кафили раиси ин ҷумҳурӣ Олександр Турчинов дар мавриди даъват ба хидмати низомиро тасвиб кард. Ин даъват аз ҷумла ба хидмати низомӣ сафарбар кардани то 40 000 сарбози захиравиро дар назар дорад.
Таҷлил дар Қрим ва омодагиҳо дар Ғарб ба таҳримоти зидди Русия
Бино ба натоиҷи ниҳоии райъпурсии рӯзи 16 март, ки мақомоти рӯ ба Русияи ин Қрим рӯзи душанбе эълон карданд, 96,8 дарсад аз пайвастани ин вилояти Украина ба Русия пуштибонӣ кардаанд. Ба гуфтаи мақомоти интихоботӣ, дар раъйпурсӣ 82 дарсади мардуми соҳиби ҳаққи раъй ширкат доштаанд.
Шаби гузашта ҳазорон нафар аз тарафдорони Русия ба хотири таҷлил аз натиҷаҳои райъпурсӣ ба майдони Ленин дар маркази Симферопол, маркази маъмурии Ҷумҳурии мухтори Қрим рехтанд. Видеои ин раҳпаймоӣ инҷост:
Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико дар вокуниш ба ин ҳамапурсии Қрим дар тамоси телефонӣ бо ҳамтои руси худ Владимир Путин гуфтааст, Амрико ва ҷомеаи байналмилалӣ натиҷаҳои ин ҳамапурсиро, ки "Қонуни асосии Украинаро зери по гузошта ва таҳти фишор ва бо дахолати низомии Русия анҷом шудааст, намепазирад." Маскав ҳам мегӯяд, ки дар ин тамоси телефонӣ Владимир Путин натиҷаҳои ҳамапурсӣ дар нимҷазираи Қримро қонунӣ донистааст. Ӯ ҳамчунин аз "нотавонии давлати Украина дар пешгирӣ аз хушунат алайҳи русзабонони он кишвар" ибрози нигаронӣ кардааст.
Пештар Барак Обама ва кишварҳои ғарбӣ хостори ҳузури нозирони байналмилалӣ барои назорат барои иҷрои ҳуқуқи шаҳрвандии сокинони Қрим ва дифоъ аз онҳо шуда буданд, аммо онҳо натавонистанд вориди минтақа шаванд. Минтақае, ки назорати он пас аз сарнагунии Виктор Янукович, бо ҳузури густурдаи нерӯҳои мусаллаҳ ва низомиёни Русия аз дасти Киев хориҷ шуд.
Вилям Ҳейг, вазири умури хориҷии Бритониё шаби гузашта аз Иттиҳодияи Аврупо хост то "паёме қавӣ ба Русия бифиристад, ки ба чолиш кашидани тамомияти арзӣ ва ҳаққи ҳокимияти Украина, барои Маскав паёмадҳои ҷиддӣ дар пай хоҳад дошт."
Нахуствазири Канада низ бо радди ҳамапурсӣ дар Қрим, дар мавриди таҳримҳои нав алайҳи Русия ҳушдор додааст. Ба гузориши хабаргузории Франс-пресс, нахуствазири Канада гуфтааст, ки натиҷаи ин ҳамапурсӣ "чизеро нишон намедиҳад, магар контроли низомии Русияро."
Бино ба натоиҷи экзит-поллҳо, рӯзи 16 март дар раъйпурсии Ҷумҳурии мухтори Қрим 93 дарсади ширкаткардагон ба тарафдорӣ аз пайвастани ин нимҷазира ба Русия раъй додаанд. Ширкаткунандагон бояд ба ин пурсиш посух медоданд, ки Қрим дар Украина бимонад ё ба Русия ҳамроҳ шавад. Аммо азбаски украиниҳо ва тоторҳои Қрим аз ширкат дар ин назарпурсӣ даст кашиданд, аз пеш маълум буд, ки аксарияти русзабони сокини Қриим ба тарафдорӣ аз пайвастани ин вилоят ба Русия овоз хоҳанд дод.
Мақомоти кунунии Украина раъйпурсии Қримро аз пеш ғайриқонунӣ эълон карда: гуфтаанд, ки натиҷаҳояшро эътироф нахоҳанд кард. Бо ин ҳол, вазири дохилаи Украина Арсен Аваков рӯзи 16 март гуфт, марзи Украинаву Русия пурра баста шуда, марзбонҳо ва ҷанговарони Горди миллӣ ба он шаҳрвандони Русия, ки "ҳадафҳои машкук доранд", иҷозати убур намедиҳанд.Як манбаъ дар хадамоти марзбонии Русия гуфт, марз аз тарафи Русия баста нест.
Садри аъзами Олмон Ангела Меркел рӯзи 16 март дар як тамоси телефонӣ бо раисиҷумҳури Русия Владимир Путин рафтори Маскав дар Қримро маҳкум кардааст. Аммо Путин ба Меркел гуфтааст, раъйпурсӣ дар Қрим мутобиқ ба меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ доир шудааст.
Қабл аз раъйпурсӣ...
Ҳамапурсӣ дар Қрим аз соати ҳашти субҳ ба вақти маҳаллӣ, як рӯз пас аз он баргузор шуд, ки Русия -- узви доимии Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи он Шӯроро, ки раъйпурсии Қримро маҳкум мекард, вето гузошт. 13 кишвар аз 15 кишвари узви Шӯрои Амният аз ин қатънома пуштибонӣ карда, танҳо Русияву Украина аз ширкат дар раъйгирӣ худдорӣ варзиданд.
Дар ҳамин ҳол, Украина мегӯяд, нирӯҳои Русия таҳти ҳимояти чархболҳои ҷангӣ як русто дар фаротар аз марзи шимолии Қримро тасарруф кардаанд. Амалиёт дар Стрелкове зоҳиран нахустин иқдоми нирӯҳои Русия ба фаротари Қрим аст, ки аз аввали моҳ таҳти назорати ҳазорон нирӯи Русия қарор дорад. Дар бораи кадом даргирӣ дар Стрелкове гузориш нашудааст.
Кафили раисиҷумҳури Украина Олександр Турчинов гуфт, Украина ба таҳдиди воқеъии ишғоли сарзаминаш рӯбарӯ шудааст. Дирӯз ҳазорон эътирозгари тарафдори Русия дар Донетск ба дафтарҳои Хадамоти амният ҳамла карданд. Дар Киев мутмаинанд, ки эҳсосоти ҷудоихоҳӣ дар вилоятҳои шарқу ҷануби Украинаро маҳз аз Маскав нохун мезананд.
Баробар бо раъйпурсӣ дар Қрим рӯзи 16 март дар Харков тарафдорони Русия гирди ҳам омаданд. Пахши зиндаи ин раҳпаймоиро инҷо тамошо кунед:
https://www.youtube.com/watch?v=lhUspFTYshM&feature=share
Дар чунин ҳавлу ҳоле рӯзи 16 март дар Ҷумҳурии мухтори Қрими Украина раъйпурсии саросарӣ доир мешавад. Танҳо масъалаи матраҳ дар ин назархоҳӣ ин аст, ки Қрим дар ҳайати Украина бимонад ё ба Русия бипайвандад.
Раъйпурсии Қрим дар пасманзари ишғоли қаламраваш аз тарафи нирӯҳои Русия сурат мегирад. Дар Киев ва дар Ғарб бар ин назаранд, ки дар паси ин ҷунбиши ҷудоиталабии Қрим маҳз Русия истодааст, ки ба таъбири садри аъзами Олмон Ангела Меркел, аз сустии кишвари ҳамсояаш – Украина – сӯъиистифода карда истодааст.
Дахолати Русия ба бӯҳрони Украина баъди барканории Виктор Янукович аз раёсати ин ҷумҳурӣ ва паноҳ оварданаш ба Русия сурати ошкор гирифт. Дар поёни моҳи феврал ва авоили моҳи март дар Қрим ҳукумати ошкоро тарафдори Маскав рӯи кор омад ва нуқтаҳои стратегии ин нимҷазира, бо шумули фурудгоҳҳои асосӣ ва биноҳои ҳукумат ва порлумон дар маркази маъмуриаш, шаҳри Симферополро гурӯҳҳои силоҳабадаст таҳти тасарруфи худ оварданд. Ин силоҳбадастон ягон нишонаи мансубият надоранд ва Маскав ибтидо исрор меварзид, ки ин нирӯҳо марбут ба Русия нест, балки гурӯҳҳои худдифои худи Қриманд. Аммо дар Киев ва дар Ғарб мутмаинанд, ки дар асл инҳо нирӯҳои низомии Русияанд.
Аз тарафи дигар, ин силоҳбадастон сар аз 1 март, дуруст аз рӯзе ба кӯчаҳои Қрим рехтанд, ки маҷлиси болоии порлумони Русия ба раиси ин ҷумҳурӣ Владимир Путин иҷозаи истифодаи нирӯҳои низомӣ дар Украинаро дод. Сафири Русия дар СММ Виталий Чуркин баъди чанд рӯз дар Шӯрои Амният матни дархостеро намоиш дод, ки гӯё аз номи раисиҷумҳури барканоршудаи Украина Виктор Янукович буда, дар он ӯ аз Русия мехоҳад, “то замони барқарор шудани тартиботи конститутсионӣ” дар Украина нирӯҳои низомиашро ба ин кишвар ворид кунад.
Дар Киев ва дар Ғарб мегӯянд, раъйпурсии рӯзи 16 март дар Қримро ғайриқонунӣ медонанд ва ҳеҷ гоҳ натиҷаашро эътироф нахоҳанд кард. Порлумони Украина рӯзи 15 март, як рӯз қабл аз ин раъйпурсӣ порлумони Қримро аз ҷумла барои ҷудоихоҳиаш барҳам дод. Кишварҳои ғарбӣ таҳдид кардаанд, ки агар Русия ба пешниҳодҳои онҳо ҷиҳати қатъи дахолат дар умури Украина ва эҳтиром ба истиқлол ва якпорчагии ин кишвар розӣ нашавад ва рӯзи 16 март раъйпурсиро дар Қрим доир кунад, аз рӯзи 17 март алайҳи ин кишвар таҳримоти шадид ҷорӣ хоҳанд кард.
Раҳбарони аввали Ғарб бо як лаҳни тунди, ба ақидаи нозирон, аз замони хатми Ҷанги сард дар авоили солҳои 90 бесобиқа ба интиқоди амалкардҳои Русия дар Украина пардохтанд ва ҳатто Русияро ба он айбдор карданд, ки дар асри 21 бо шеваҳои истеъморгароиҳои асри 19 рафтор мекунад.
Ҳамзамон кишварҳои Ғарб то охирин рӯзҳои бозмонда то раъйпурсии Қрим талошҳои худ барои моил кардани Маскав ба роҳи гуфтугӯро низ идома доданд, вале бидуни натиҷа. Ҳадди аксари ваъдае ки Маскав то имрӯз ба Ғарб додааст, ин аст ки таҷрибаи Қримро дар дигар вилоятҳои шарқиву ҷанубии Украина такрор нахоҳад кард. Аммо дар Киев ҳатто ба ин ваъдаи Русия бовар надоранд ва мегӯянд, ҷунбишҳои ҷудоиталабӣ дар вилоятҳои дигари шарқи Украина, бавижа дар Донетску Харков низ маҳз аз Маскав ҳидояту раҳнамоӣ мешаванд.
Рӯзи 14 март музокироти вазирони хориҷаи Амрикову Русия Ҷон Керрӣ ва Сергей Лавров дар қароргоҳи сафири Амрико дар Лондон наздики 6 соат тӯл кашид, вале боз ҳам бенатиҷа анҷом ёфт. Сергей Лавров гуфт, ҷаҳон бояд масъалаи Қримро мисли Косово як масъалаи истисноӣ бишиносад ва мардуми Қрим бояд ҳаққи таъини сарнавишти худро дошта бошанд. Ӯ ҳамчунин хабар дод, ки Владимир Путин тасмимаш дар бораи ояндаи Қримро танҳо баъди раъйпурсии рӯзи 16 март ва бар асоси натиҷаҳои он хоҳад гирифт.
Аммо азбаски аксари аҳолии Қримро русзабонҳо ташкил медиҳанд ва бар илова тоторҳои Қрим ва бахши аъзами украиниҳои сокини ин нимҷазира ба нишони эътироз аз ширкат дар раъйпурсӣ даст кашидаанд, зоҳиран Маскав метавонад натиҷаҳои барояш лозимро дар назархоҳии 16 март ба даст биорад. Аз тақрибан 2,5 миллион нафар мардуме ки имрӯз дар Қрим ба сар мебаранд, 58 дарсадро русҳову русзабонҳо, 24 дарсадро украиниҳо ва 12 дарсадро тоторҳои Қрим ташкил медиҳанд. Дар ин нимҷазира ҳамин тавр шуморе арманиҳову юнониҳову яҳудиҳо ва намояндагони миллатҳои дигар ба сар мебаранд.
То соли 1944 аксари аҳолии Қримро тоторҳо – сокинони бумии ин сарзамин - ташкил медоданд. Вале режими Иосиф Сталин дар соли 1944 тоторҳои Қримро ба ҳамкорӣ бо Олмони фашистӣ дар солҳои ишғоли Қрим аз сӯи Олмон айбдор ва ин мардумро саросар ба Сибиру Осиёи Марказӣ бадарға кард. Шароити бозгашти тоторҳои Қрим ба ватани бобоияшон танҳо сар аз поёни солҳои 80 фароҳам шуд, вале он ҳам бо мавонеъу саддгузориҳои зиёд аз тарафи мақомоти маҳаллӣ. Аммо дар ин чанд даҳсолае ки тоторҳо дар бадарға ба сар бурданд, аксарияти аҳолии Қрим русзабонҳо шуданд.
Дар соли 1954 раҳбари вақти ҳукумати СССР Никита Хрушёв, ки худ зодаи Украина буд, Қримро ба ҳайати Украина даровард. Вақте соли 1991 СССР барҳам хӯрд, ҳаракатҳое пароканда буд, ки Қримро ба Русия баргардонанд, вале ҳокимони вақти Русия дар ниҳоят дар ивази баъзе гузаштҳо, аз ҷумла мақоми вижаи шаҳри Севастопол, мақоми мухторияти Қрим ва созишномаи дарозмуддати истиқрори флоти баҳри Сиёҳи Русия дар бандарҳои ин нимҷазира якпорчагии Украинаро расман эътироф карданд.
Чизе ки имрӯз Владимир Путин мехоҳад бо истифода аз нирӯи низомӣ ва раъйпурсии рӯзи 16 март дар Қрим ислоҳ кунад. Вале ба вокуниши тунди мақомоти нави Украина ва раҳбарони кишварҳои ғарбӣ рӯбарӯ шуда, кишварашро дар ростои танише чунон шадид бо Ғарб қарор додааст, ки дар чоряк асри охир, аз замони хатми Ҷанги сард ба ин тараф собиқа надошт.
Аммо чунин ба назар мерасад, ки лаҳни ҷангҷӯёнаи Кремлро ҳатто дар худи Русия на ҳама қабул доранд. Рӯзи 15 март ҳазорон нафар дар Маскав барои ширкат дар Марши сулҳ ба зиёбон рехтанд. Фаъолони мухолифин ин раҳпаймоиро алайҳи таҷовузи низомии Русия ба Қрим созмон доданд. Видеои ин раҳпаймоиро аз навори зер тамошо кунед: