Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

В. Портников: "Путин дар Қрим Саддом дар Кувайтро ба хотир меорад"


 Виталий Портников
Виталий Портников

Таҳлилгар ва журналист Виталий Портников мегӯяд, раисиҷумҳури Русия, Владимир Путин, дар қазияи Қрим ба иштибоҳе роҳ дод, ки ҷаҳон онро дарк карда наметавонад.

Бисёриҳо дар Маскав намефаҳманд, ки чаро талошҳои Кремлин барои азхуд кардани Қрим боиси хашму нороҳатии ҷомеаи ҷаҳонӣ шудааст. Нороҳатие, ки дар муноқишаҳои дигар, масалан, дар низоъи атрофи вилоятҳои худмухтори Гурҷистон дида намешуд. Ҳарфи аслӣ ҳам ин аст, ки дар робита ба Қрим президенти Русия Владимир Путин иштибоҳи сиёсӣ кард, иштибоҳе, ки ба назари бархе аз таҳлилгарон метавонад ба баҳои ҷойгоҳи ӯ тамом шавад. Путин хост, ки тани танҳо меъёрҳои ҳуқуқии ҷаҳони модернро дигар кунад – иштибоҳе, ки ба он чашм намепӯшанд.

Марзҳои давлатҳои Аврупои модерн ё замонавӣ, аз замони Ҷанги Дуввуми Ҷаҳонӣ дигар нашуданд. Ҳатто замоне, ки давлатҳое бо номи СССР ва Югославия аз харитаи ҷаҳон нопадид шуданд тақсимбандӣ дар марзҳои қаблӣ пазируфта шуд. Дар ҷойҳое, ки тақсими марз имкон надошт, давлатҳои худгардоне пайдо шуданд, ки мустақилияти онҳоро касе эътироф накард ва гузашта аз ин, ҳеҷ давлате онҳоро ба қаламрави худ ҳамроҳ накард.

Қарабоқи Кӯҳӣ- бахши Арманистон нест. Преднестрове – қаламрави Русия нашуд, ҳарчанд дар назарсанҷии мустақилият ва баъдан ҳамроҳ шудан ба Русия дар соли 2006, “97” дар сади бошандагони он райъи мусбат доданд. Ҷумҳурии Сербска- бахши Сербистон нашуд ва ҳамин тавр Косово низ моли Албания нест.

Агар Маскав ба баргузории назарсанҷии истиқлолияти Қрим мусоидат мекард, мусаллам мебуд, ки ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба пайдоиши як давлати худгардони дигар ҳамчун ба як манбаи низоъи хуфтаи навбатӣ бархурд мекард. Дипломатҳои Русия қарори порлумони Қримро ба шарикони ғарбии худ ҳамун натиҷаи таҳаввулоти Киев ва “мавҷи ифротгароӣ” шарҳ медоданд ва сохторҳои ҷаҳонӣ низ ҳарду тарафро ба нишаст дар гирди мизи музокирот ташвиқ мекарданд. Сӯҳбати зиёд дар ин мавзуъ зарур нест, кофист таърихи равобити Гурҷистон бо Абхозистон ва Осетияи Ҷанубиро ба ёд биёрем, то бубинем, ки раванди эътидол дар ин гуна ҳолатҳо метавонад беохир бошад.

Аммо Путин иштибоҳ кард: ӯ вокуниши коҳилонаи Ғарбро на ҳамчун ошноӣ бо вазъи давлатҳои худгардони қаламрави собиқ шӯравӣ, балки тарс дар баробари Русия донист. Президенти ин кишвари ҳошиянишини содиркунандаи маводи хом, ки ҳатто наметавонад ба тавозуни энержӣ дар Аврпуо ҷиддан таъсир гузорад, худро раҳбари ҷаҳони модерн эҳсос кард – ҳолате, ки канслери Олмон Ангела Маркел онро зиндагие андаруни воқеияти дигар номид. Путин тасмим гирифт, ки ҳеҷ гуна саҳнасозӣ барои мустақилияти Қрим ва ҳеҷ гуна давраи гузариш даркор нест. Қрим бояд дарҳол ба қаламрави Русия ҳамроҳ шавад. Барои ин Русия ҳатто қонуни кишвари худро дигар кард, ки қаблан ба чунин ҳолатҳо роҳ намедод.

Бо ин кораш Путин дар назари шариконаш қартабозеро мемонад, ки баробари дарки мағлубияти худ мизи бозиро чаппа мекунад. “Аннексия” ё пайвастани як қаламрав ба давлати дигар, эълони давлати худгардон нест. Ин бомбаест дар зери қавонини байналмилалӣ. Зеро як давлат наметавонад қаламраверо бидуни иҷозаи давлатдор аз худ кунад. Чашм пӯшидан ба чунин талошҳо фалокат аст ва инро наметавон бо шиорҳое аз қабили “ҳимояи ҳамватанон” тавҷеҳ кард. Баръакс, ин гуна даъвоҳо вазъро печидатар мекунанд. Масалан, дар Руминия ва Словакия ҷамъиятҳои венгерҳо сарҷамъона зиндагӣ мекунанд. Дар Италия олмонизабонҳо ба сар мебаранд ва онҳо ба Рум онгуна бархӯрд доранд, ки миллатгароёни Қрим ба Киев доранд. Дар Белгия автономияи олмониҳои маҳаллӣ порлумону ҳукумати худро доранд. Ё бигирем қаламрави Шӯравии собиқро. Русҳо дар Қазоқистон, анклавҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар қаламравҳои якдигар, арманиҳову озариҳо дар Гурҷистон, тоҷикҳо дар Узбакистон. Акнун тасаввур кунед, ки ин қаламравҳо бидуни иҷозаи соҳиби заминҳо ба давлатҳои дигар ҳамроҳ шаванд. Агар ин кор шавад, ҷаҳон босуръат ба асри миёна бармегардад ва аз Лиссабон то Ашқобод даргири задухӯрдҳои садсола мешавад.

Онҳое, ки фикр мекунанд, Ғарб ба ин ҳама чашм мепӯшад, иштибоҳ мекунанд. Гап танҳо сари якпорчагии Украина нест. Гап сари ин аст, ки Маскав қонуни байналмилалиро, ки мегӯяд “қаламрави бегонаро аз худ накун” вайрон кард.

Хориҷ аз Аврупо низ ин гуна “ҳисобу китобҳо” таҷруба шудаанд. Намунаи на он қадар дур қарори Саддом Ҳусей барои ворид кардани Кувайт ба қаламрави Ироқ буд, ки аз тарафи Амрико ва шариконаш дар як муддати кӯтоҳ ҷилавгирӣ шуд. Киштии ҳавопаймобари “Ҷорҷ Буш”, ки тоза аз рамзҳои мушорикати Амрико дар низои Қрим берун шудааст, аломатест, ки ҳама гуна авантюра ё моҷаро дер ё зуд хотима меёбад.

Владимир Путин сарнавишти Саддом Ҳусейнро такрор мекунад. Аз ҳоло таъсиси эътилоф барои фишорҳои иқтисодиву энержӣ алайҳи ҳукумати Русия оғоз шудааст. Албатта, ҷанг бо кишвари дорои силоҳи ҳастаӣ кори осон нест, аммо иқтисоди онро рӯ ба суқут овардан ва маҷбур кардан, ки даст аз таҷовуз бардорад, осонтар аз ин аст. Аз сӯи дигар озодшавии Қрим низ дигар ба Путин кӯмак намекунад. Ӯ ҳатто баъди пайдо шудани роҳи созиш низ барои ҳалқаи олигархҳои атрофи худ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки раҳбарони он намедонанд аз Путини ғайриқобили пешгӯӣ чиро интизор бошанд, ба ҳайси як нафари хатарнок боқӣ мемонад. Бӯҳрони эътимод ва нобоварӣ ба фардо барои ҳама гуна ҳукумат, ҳатто барои Путин низ марговар аст.
XS
SM
MD
LG