Гуфтугӯи Путин ва Трамп дар бораи "беҳбуди робитаҳо" ва "Сурия"

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия рӯзи 14 ноябр бо Доналд Трамп телефонӣ сӯҳбат намуда ва пирӯзии ӯ дар интихоботи президентии Амрикоро табрик гуфтааст. Ду ҷониб дар мавриди "беҳбуди робитаҳо", "буҳрони Сурия" ва "муқобила бо терроризм", гуфтугӯ кардаанд.

Тибқи иттилои дафтари раиси ҷумҳури мунтахаби Амрико, Доналд Трамп алоқамандии амиқи худро барои барқарории робитаҳои зич ва пойдор бо ҳукумат ва мардуми Русия иброз кардааст. Ба гуфтаи дафтари Доналд Трамп, Путин "пирӯзии таърихӣ"-и ӯро табрик гуфтааст.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Русия низ дар баёнияе гуфтааст, ки Владимир Путин зимни табрики пирӯзии Доналд Трамп, омодагӣ кардааст, ки робитаҳои ду кишвар дар даврони маъмурияти президенти нави Амрико бар асоси иттиҳод, эҳтироми дутарафа ва дахолат накардан дар корҳои якдигар, идома ёбад.

Дар баёнияи дафтари Трамп, бар робитаҳои 200-солаи ду кишвар ишора шуда ва омадааст, ки "ду раҳбар дар мавриди масъалаҳои мухталиф, аз ҷумла таҳдидҳо ва чолишҳое, ки Русия ва Амрико дар баробари он қарор доранд", сӯҳбат кардаанд.

Маскав мегӯяд, ки Путин ва Трамп ҳар ду бар сари ин масъала, ки робитаҳои Русия ва Амрико дар марҳилаи "бисёр номатлуб" қарор доранд, ҳамақида ҳастанд. Онҳо дар мавриди оддисозии робитаҳо ва ҳамкориҳои созанда гуфтугӯ кардаанд.

Аз дигар масъалаҳое, ки дар тамоси телефонии Путин ва Трамп мавриди баррасӣ қарор гирифтааст, бӯҳрони Сурия мебошад ва ҳамон тавр, ки Маскав мегӯяд, "мубориза алайҳи душмани шумораи яки ҳар ду кишвар-- терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ", будааст.

Доналд Трамп дар ин мақом ҷойгузини Барак Обама мешавад.

Бинобар ин баёния, Путин ва Трамп мувофиқат кардаанд, ки дар оянда ба гуфтугӯҳои телефонии худ идома дода ва бо ҳам мулоқотҳои рӯбарӯ дошта бошанд.

Доналд Трамп дар интихоботи президентии 8 ноябр бар рақибаш Ҳиллари Клинтон пирӯз шуд ва Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия аз нахустин сарони кишварҳои ҷаҳон буд, ки ӯро табрик гуфт.

Путин, ки дар як соли гузашта чанд бор дахолаташ дар интихоботи Амрикоро рад карда буд, дар ҷараёни маъракаҳои интихоботӣ, Доналд Трампро марди "ҷолиб" гуфта буд. Доналд Трамп ҳам дар раванди маъракаҳои интихоботиаш аз Путин ситоиш намуда ва ваъда дода буд, аз ҷумла барои мубориза бо терроризм бо Русия ҳамкорӣ хоҳад кард.

Амрико ва Русия солҳои гузашта робитаҳои пурфарозу нишебе доштаанд, ки ҷанг дар Сурия яке аз онҳо мебошад. Ҳамчунин бӯҳрони Украина дар равобити ду кишвар танишҳоеро ба миён овард ва Вошингтон ва дигар кишварҳои аврупоӣ алайҳи Маскав таҳримҳо ҷорӣ карданд.