Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ш.Раҳимзода: Рукуди бозор баъди пирӯзии Трамп муваққаттӣ аст


Дар соатҳои аввали баъди эълони пирӯзии Доналд Трамп дар интихоботи ИМА субҳи 9 ноябр, бозори бурс ва арзиши доллари амрикоӣ дар бозорҳои ҷаҳон якбора поин рафт. Сармоягузорон хавф доштанд, ки пирӯзии Трамп боиси бебандубориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ мешавад ва эҳтимоли эҷоди номуайяниҳои тӯлонимуддат дар сиёсати иқтисодӣ шавад. Дар лаҳзаҳои аввали боз шудани бозори бурс рӯзи 9 ноябр дар бозорҳои Аврупо низ коҳиши нишондодҳо эҳсос шуд. Ин вокуниши бозор ба мағлубияти Ҳилларӣ Клинтон дар интихобот шуд.

Мардум ба харидани тилло сар кардаанд. Албатта, ин муваққатӣ аст. Баъди онки сиёсати худро эълон кард, бозорҳо ба реҷаи муқаррарӣ мегузаранд. Ин таъсири ҷиддӣ надорад

Қимати саҳҳом дар бозори бурси ИМА ва Токио 5 дар сад поин омад ва ин нишондод ҳатто поинтар аз замоне буд, ки Бритониёи Кабир тасмим берун рафтан аз ҳайати Иттиҳодияи Аврупоро эълон кард. Трамп дар маъракаи интихоботии худ ваъда дода буд, ки дар байни ИМА ва Мексика “як девори зебое” бунёд мекунад ва баъди пахши хабари пирӯзии ӯ дар интихобот, арзиши песо – пули миллии Мексика ҳам якбора поин рафт. Ҳоло арзиши пули милии ҳамсояи наздики ИМА дар поинтарин саҳт дар баробари доллар қарор дорад.

Раҳимзода: Бесарусомониҳои бозор муваққаттист

Дар Тоҷикистон, ки дар баробари дигар кишварҳои ҷаҳон аз ҷараёни маъракаи интихоботии пуршӯри ИМА мушоҳида мекарданд, дар бораи паст рафтани нишондоди бозор мутахассисони соҳа ҳам зуд огаҳ шуданд. Вале ба бовари ​Шариф Раҳимзода, раҳбари пешини Бонки миллӣ ва ҳоло вакили порлумони Тоҷикистон, ин падида муваққатист ва таъсири дурудароз нахоҳад дошт.

Шариф Раҳимзода
Шариф Раҳимзода

Дар як сӯҳбат бо радиои Озодӣ субҳи 9 ноябр Раҳимзода дурнамои вазъи бозори ҷаҳонро чунин шарҳ дод: "ин наметавонад таъсири дурудароз дошта бошад. Азбаски Трамп як фарди сиёсӣ нест ва аз соҳаи тиҷорат омадааст ва сиёсати муайян надорад, соҳибони саҳмияҳои гуногун камтар дар хавфанд ва ҳаракат мекунанд, саҳмияҳои худро фурӯхта, дороии дигар гиранд."

Раҳимзода афзуд, бар асоси мушоҳидаи ӯ субҳи 9 ноябр арзиши саҳмияҳо поён ва қимати тилло то се дар сад боло рафтааст. "Ин маънои онро дорад, ки мардум ба харидани тилло сар кардаанд. Албатта, ин муваққатӣ аст. Баъди онки сиёсати худро эълон кард, бозорҳо ба реҷаи муқаррарӣ мегузаранд. Ин ба сиёсати иқтисодӣ таъсири ҷиддӣ надорад", - хулоса кард ӯ.

Бозорҳо интизори пирӯзии Клинтон буданд

Аксари бозорҳои ҷаҳон интизор доштанд, ки интихобот бо пирӯзии Клинтон меанҷомад. Саҳҳомдорон омадани Клинтонро ҳамчун идомаи як мавқеи “статус кво” ё идомаи сиёсати Барак Обама арзёбӣ мекарданд.

Зимнан, арзиши доллари амрикоӣ дар бозори Аврупо баъди нисфирӯзии 9 ноябр тадриҷан боло рафт.

XS
SM
MD
LG