Икромро таблиғи манъи никоҳи хешутаборӣ тарсондааст

Акс аз бойгонӣ

Ҷавонеро, ки ду моҳ пеш бо духтари холааш издивоҷ кард, валвалаи зарари издивоҷҳои хешовандӣ дар ташвиш андохтааст.
Ташвиқи ҳамарӯзаи манъи издивоҷи хешутаборӣ ва пешниҳоди лоиҳаи чунин қонун ба парлумон ин ҷавонро, ки худро шартан Икром ном бурд, водор кардааст, ки барои пешгирӣ аз таваллуди фарзанди ноқис рӯи бордор кардани ҳамсараш бо усули сунъӣ фикр кунад.

Икром мегӯяд, сӯҳбатҳои ҳамарӯза дар бораи зиёни издивоҷи хешутаборӣ аз тариқи матбуот ӯро сахт нигарон кардааст. Вай бо духтари холааш аз сари ишқу муҳаббат хонадор шуд ва ҳоло ягона роҳро дар ин мебинад, ки бо ҳамсараш ба Душанбе бираванд ва аз ташхис гузаранд. Агар бо далелҳо барояшон гуфта шавад, ки аз издивоҷи онҳо фарзанди носолим ба дунё меояд, пас маҷбуранд, пинҳонӣ аз атрофиён аз усули бордоркунии сунъӣ истифода кунанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Эҳтимоли манъ шудани издивоҷҳои хешутаборӣ



Ин ҷавон мегӯяд, аз ҳама имкониятҳо барои фарзанди солим доштан истифода мебарад, аммо ба ҳеҷ ваҷҳ аз холадухтараш ҷудо наҳоҳад шуд, зеро ӯро дӯст медорад. Ба чунин тасмим расидани Икром дар ҳолест, ки пешниҳоди таҳияи қонуни манъи никоҳи хешутаборӣ аз сӯи як вакили Маҷлиси Намояндагон сару садои зиёдеро дар ҷомиа ба бор овардааст.

Саодат Амиршоева, вакили парлумон ва яке аз муаллифони ин тарҳ мегӯяд, аксари кӯдакони маъюб дар Тоҷикистонро ҳосили издивоҷи никоҳи хешу табориянд. Ӯ бо такя ба маълумоти Вазорати тандурустӣ мегӯяд, “дар ҷумҳурӣ беш аз 25 ҳазор кӯдакони маъюб аст, ки 60-70 дар сади онҳо аз издивоҷҳои хешу таборӣ ва бемориҳои модарзодӣ мебошанд.»

Аммо бисёриҳо ба ин ақида розӣ нестанд. Гулчеҳра Шерова, як сокини шаҳри Кӯлоб мегӯяд, падари ӯ духтари амакашро ба занӣ гирифта буд ва аз ин никоҳ даҳ фарзанд ба дунё омад, ки ҳама солиманд.

Аммо ин зан боз ҳам мухолифи издивоҷи хешутаборист: “Падару модари ман, ки амакбачаанд, даҳ фарзанд доранд. Мо, сад бор Шукри Худо, ки ҳамаамон солимем ва 15 набераи падару модари ман ҳам ягон дард надоранд. Лекин ман аз сабабе, ки мегӯянд, хешу таборӣ як тарафаш хуб аст, ба хонадоршавии наздикон розӣ нестам. Як ҷангу ҷанҷол шавад, тамоми муносибати хешу таборӣ барҳам мехӯрад. Яъне як оила вайрон намешавад, балки муносибати як авлод дигар мешавад.”


Домулло Холмурод

Аммо Икром, ҷавоне, ки бо духтари холааш издивоҷ карда, аз оқибати он дар хафв аст, мегӯяд, чунин мисолҳоро, ки аз никоҳҳои хешутаборӣ фарзандони солим ба дунё меояд, зиёд шунидааст, вале ба ҳар ҳол, мехоҳад эҳтиёт кунад.
Дар ҳамин ҳол, Домулло Холмурод, рӯҳонии маъруф дар Кӯлоб дар посух ба суоли мо дар ин масъала гуфт: “Агар аз мард ба зани худаш бо сабабҳои зиёд ба таври сунъӣ бордор кунад, дуруст аст, аммо аз марди дигар дар Ислом ҷоиз нест. Дар мавриди никоҳи хешу таборӣ гуфтаниам, ки ин масъала дар Қуръон дар сураи “Нисо” баён шудааст ва никоҳ бо духтари амаку духтари хола дуруст аст. Ин чиз, ки аз ин никоҳ фарзандони носолим ба дунё меояд, намедонам, то кадом дараҷа дуруст аст. Камбудиву нуқс зиёд аст ва мебинем, ки аз хешутаборӣ ҳам вобаста нест. Сабабҳои инро дар дигар ҷо бояд омӯхт”.


Баҳриддин Сангмадов

Баҳриддин Сангмадов, хабарнигори маҳаллӣ, ки аз никоҳ бо духтари тағояш, ба гуфтаи худи ӯ, як писари солим дорад, мегӯяд, даҳҳо масъалаи ҷиддитаре дар ҷомеа вуҷуд дорад, ки бояд сари онҳо баҳс шавад, на рӯи ин мавзӯъи никоҳи хешу табор: “Никоҳи хешу таборӣ буд ва мемонад. Лекин ин тарғибот таъсири бади худро мерасонад. Тасаввур кунед, ки зан бо писари хешаш никоҳ кардааст ва нӯҳ моҳи бордорӣ дар паи чунин тарғибот андеша мекунад, ки мабодо кӯдакаш носолим биояд. Ин андеша аллакай ба зану кӯдаки батнаш аз лиҳози равонӣ зарар мерасонад. Шахсан ман ягон зарари никоҳи хешутабориро намебинам. Мо бояд сари масъалаҳои ҷиддитар ва мушкилоти воқеии мардумро баҳс кунем, на ин ки ба масъалаҳои оилаву оиладорӣ дахолат кунем. ”

То кунун дар Тоҷикистон таҳқиқоти ҷиддие сурат нагирифтааст, ки воқеан аз издивоҷҳои хешовандӣ ба дунё омадани кӯдакони носолимро собит кунад. Ҳарчанд муаллифони тарҳи қонун бовар доранд, ки чунин никоҳҳоба генофонди миллат зиёни ҷиддӣ мерасонад. Икром мегӯяд, агар чунин бошад, бояд аз усули бордоркунии сунъӣ истифода кард.