Додгоҳи шаҳри Ҳисор Шайхмуслиҳиддин Ризоев, писари Маҳмурод Одинаев, муовини зиндонии раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистонро ба 6 сол зиндон маҳкум кардааст. Мақомот гуфтанд, ӯ ба авбошӣ ва талоши таҷовуз ба номус гунаҳкор аст. Пайвандонаш ҳукми додгоҳро беасос дониста, гуфтанд, ӯ қурбонии фаъолиятҳои сиёсии падараш шудааст.
Ҳукми Додгоҳи шаҳри Ҳисор дар бораи Шаймуслиҳиддин Ризоев рӯзи 25-уми феврали имсол содир шудааст. Масъулони додгоҳ танҳо рӯзи 1-уми март ва дар суҳбат бо Радиои Озодӣ эълони ҳукмро тасдиқ карданд.
Тафсилот дар ин навор аст:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Як масъули додгоҳ бе зикри номаш гуфт, Шайхмуслиҳиддин Ризоев бар асоси моддаҳои 237, қисми 2 (авбошӣ) ва 32-138 (қасди таҷовуз ба номус) гунаҳкор дониста шудааст.
Пайвандони Ризоев гуфтанд, ҳукми додгоҳро қабул надоранд, чун ба иддаои онҳо, "ӯ зери шиканҷа ба гуноҳ эътироф кардааст". Меҳринигор Ризоева, модари Шайхмуслиҳҳиддин Ризоев, рӯзи 1-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, "ҳатто моро ба толори додгоҳ роҳ надоданд".
Масъулини Додгоҳи шаҳри Ҳисор ва мақомоти дигари расмӣ дар бораи ҷузъиёти парвандаи Шайхмуслиҳиддин Ризоев шарҳ надодаанд. Аз ҷумла, маълум нест, бар асоси кадом далел Ризоев ба қасди таҷовуз ба номус айбдор шудааст. Пештар Вазорати корҳои дохилӣ гуфта буд, Ризоев ба авбошӣ дар як тарабхонаи шаҳри Ҳисор муттаҳам аст.
Гузоришро дар инҷо бишнавед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Қазияи Шайхмуслиҳиддин Ризоев моҳи октябри соли 2020 расонаӣ шуд. Маҳмурод Одинаев, падари Шайхмуслиҳиддин, ки он замон дар озодӣ буд, гуфт, писараш ронандаи такси аст ва ӯро дар назди як тарабхона дар Ҳисор задаанд. Меҳринигор Ризоева, модари Шайхмуслиҳиддин Ризоев, мегӯяд, писараш дар оғоз ҳамчун ҷабрдида сабт шуда буд, аммо баъд аз фирори падараш ӯро боздошт ва ба зиддаш парванда боз карданд.
Шурӯи қазия ВКД мегӯяд, Шайх Ризоевро "муштариёни тарабхона латукӯб кардаанд"Мақомот ба ин иддао посух надодаанд, вале дар наворе, ки Вазорати корҳои дохилӣ нашру паҳн кард, Шайхмуслиҳиддин Ризоев мегӯяд, духтареро ба хотири надодани роҳкиро "як мушт задааст". Наздикони Шайх Ризоев мегӯянд, "ӯ зери фишору шиканҷа ин гапро гуфтааст".
Шайхмуслиҳиддин Ризоев дар ҳоле ба 6 сол зиндон маҳкум мешавад, ки як моҳ пеш падари ӯ, Маҳмурод Одинаев, 14 сол аз озодӣ маҳрум гардид. Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ рӯзи 28-уми январи имсол Одинаевро ба авбошии гуруҳӣ ва даъват ба сарнагунии ҳокимият айбдор кард. Худи ӯ ҳукми додгоҳро напазируфт ва беасос донист.
Ҳамроҳ бо Маҳмурод Одинаев, писари дигараш Ҳабибулло Ризоев, низ дар курсии айбдорӣ нишаста буд ва ӯ ба пардохти 58 ҳазор сомонӣ ҷарима муваззаф шуд.
Ҳамсари Маҳмурод Одинаев бовар дорад, ки боздошту зиндонӣ шудани фарзандонаш ба фаъолиятҳои сиёсии падарашон рабт дорад ва хостори аз ҷавобгарӣ озод кардани онҳост. Мақомот чунин чизро рад кардаанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Қонуни духела. Яке барои "худиҳо" ва дигаре барои "бегонаҳо” ва "норозиён"Вазир: "Одинаев шиканҷа нашудааст". Наздиконаш: "Миён ва пояш шикастаанд".ВИДЕО14 сол зиндон. Маҳмурод Одинаев: "Адолат нест, Худо ҳаст". Додрас: "Метавонад шикоят кунад" ВИДЕОДодситон ба Маҳмурод Одинаев 15 сол зиндон талаб кардаастНаздикони Маҳмурод Одинаев ба президент Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат кардандРӯҳияи эътирозӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон дар соли 2020. "Табу"-и ғайрирасмӣ аз байн рафт?Кӣ ба зидди яке аз фаъолони мухолифин ба муштариёни ширкатҳои мобилӣ дар Тоҷикистон СМС фиристод?