Хабарнигорони радиои Озодӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар ҷараёни таҳияи барномаи видеоии “Перекресток” дарёфтанд, ки қимати кори дасти чинакчиҳои оддӣ – кӯдакону занҳо дар Тоҷикистон, Ӯзбакистон ва Қазоқистон як будааст.
Дар ин кишварҳо барои ҳар кило пахтаи чидаи онҳо на бештар аз 11 сент, яъне барои 100 кг пахта - тақрибан 10-11 доллар маблағ медоданд. Инро пахтачинҳои наврас ҳам дар як саҳрои ноҳияи Ёвони Тоҷикистон ва ҳам дар вилояти Қазоқистони ҷанубӣ тасдиқ карданд.
Таҳлилгарон мегӯянд, соҳаи пахтапарварӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки шадидан ба ислоҳу навсозӣ ниёз дорад, ҳамоно аз рӯи шеваи шӯравии банақшагирӣ идома мекунад. Созмони байналмилалии “Гурӯҳи бӯҳроншиносӣ” менависад, имрӯз ҳам соҳаи пахтапарварӣ “бар пояи нирӯи арзони корӣ” амал карда, ба фишорҳои сиёсӣ, рукуди иқтисодӣ ва харобшавии муҳити зист сабаб мешавад.
Истифодаи нирӯи кӯдак дар пахтачинӣ аз сангинтарин намунаҳои поймолшавии ҳуқуқи инсон дар мавсими пахта эътироф шудааст.
Дар ин бора муфассал дар барномаи таҳлилии “Перекресток” баҳс шудааст:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад