Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳама - ба пахтачинӣ! Аз Хуҷанд - ба Зафаробод


Инҳо мардону занони синну солашон мухталиф ва кормандони бахшҳои тандурустӣ, маориф, фарҳанг, алоқа ва ғайра буданд. Онҳо аз субҳи барвақт дар шоҳроҳи назди Кохи матбуоти Хуҷанд ҷамъ омаданд ва назди биёрии онҳо бастаҳои бистару халтаҳои сару либос ва хӯрок ба назар мерасид. Ҳашарчиён савори маршруткаҳо, ки ҳоло ба нақлиёти асосии одамкашон мубаддал шудааст, барои 10 рӯз роҳи саҳрои пахта пеш гирифтанд.

Бархе занону ҷавонон дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфтанд, ки дастури раҳбарони худро хуш пазируфтаанд ва аз он ки чанд рӯзро дур аз ғавғои шаҳр дар саҳро бо ёрӣ ба деҳқонон мегузаронанд, шоданд. Аммо аз чеҳраи бархеи дигар аён буд, ки ба ҳашари чиниши пахта ночор, ба қавле бо гардани баста ҳозир шудаанд.



Як марди 58-сола, коргари “Водоканали 3” - и шаҳри Хуҷанд дар посух ба саволи Озодӣ, ки оё чаро корашро канор гузошта, ба пахтачинӣ меравад?, чунин гуфт: “Раҳбарамон гуфтанд, ки пахтачинӣ меравед, барои ҳамин рафта истодаам. Агар наравам, намешавад. Рафта 10 рӯз пахта мечинам.”

Мусоҳибам афзуд, ки мехост ба ҷояш ба пахтачинӣ писари ягонаашро фиристад, аммо вай ҳанӯз аз мардикорӣ дар Русия барнагаштааст.

Парвариши пахта дар Тоҷикистон як бахши аслии кишоварзӣ боқӣ мемонад. Соли равон дар вилояти Суғд ҷамъоварии 112 ҳазору 500 тон пахта пешбинӣ шудааст. Ҷамъи ҳосили солонаи пахта дар кишвар то 400 000 тонна пешбинӣ мешавад.

Ҳосили пахта дар Тоҷикистон тақрибан пурра ба тарзи дастӣ ҷамъ оварда мешавад, аз ин рӯ хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки аксаран хусусӣ шудаанд, давраи ҷамъоварии ҳосили пахта ниёзи шадид ба нерӯи корӣ ниёз доранд.

Қаблан донишҷӯёни мактабҳои олии Суғд ба дастури мақомот ба таври "маҷбурӣ-ихтиёрӣ" ба пахтачинӣ бурда мешуданд, аммо чанд сол қабл бо дастури раисҷумҳур ин кор манъ карда шуд. Ҳоло мақомот кори сангини “ёрӣ ба деҳқонон" дар мавсими пахтачиниро асосан бар дӯши кормандони бахшҳои буҷавӣ гузоштаанд.
XS
SM
MD
LG