Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӣ дар Осиёи Миёна ба пахтачинӣ меравад?


Дар кишварҳои Осиёи Миёна ҷамъоварии ҳосили пахта аз ин рӯзҳо оғоз шудааст. Интизор меравад, ки аз 5 сентябр дар Узбакистон “ҳашари умумихалқӣ” эълон шавад.

Дар остонаи оғози ин мавсим дар ҷумҳурии Узбакистон корхонаву муассисот дастур гирифтаанд, ки то омадани нируҳои кӯмакрасон ё ёрдамчиҳо дар ноҳияҳои пахтакор ҷои иқомати муваққатии онҳоро таъмир ва шароити аввалияи зистро омода кунанд. Масорифи таъмири шипанг ё бошгоҳҳоро ба муасиса ё корхонаҳо супоридаанд. Дар ин шипангҳо донишҷӯён ва коргарону кормандони муасисаҳои давлатӣ дар давраи пахтачинӣ муваққатан иқомат хоҳанд кард.

Яке аз мақомоти расмии ноҳияи Ҷарқурғони Узбакистон, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт: “Ҳама чиз таппа-тайёр, ба ҳама ташкилотҳо гуфта шудааст, самовару дегу зарфҳои обгирӣ тайёр мекунанд. Ҳар вақт, ки мавсими ҷамъоварии пахта эълон шавад, ҳама ёрдамчиҳо ба ҷойҳои тайёр меоянд”.

Дар Узбакистон то ҳол пахта зироати аслӣ ва яке аз сарватҳои миллӣ ба шумор меравад ва кишоварзон ба ёрии дигарон ниёз доранд. Дар солҳои Шӯравӣ дар ин кишвар то 6 миллион тон ҳосили пахта ҷамъоварӣ мекарданд, вале акнун ин рақам тақрибан ним баробар поин рафтааст ва ба 3 миллиону 350 ҳазор расидааст. Коршиносон мегӯянд, ки Узбакистон барои ҷамъоварии ин миқдор пунба ба кӯмаки донишҷӯён ва ба кӯмаки кормандони муассисаву корхонаҳои шаҳрӣ ниёз дорад. Ҳатто соли гузашта ба ин маърака имомхатибони масоҷидро низ ҷалб карда буданд.

Дар Туркманистон донишҷӯёнро ба пахтачинӣ сафарбар намекунанд, вале ҳар сол тақрибан аз се як ҳиссаи кормандони муассисаву корхонаҳои давлатӣ ва ҳатто бемористонҳо ба чиниши пахта ҷалб мешаванд.

Дар Тоҷикистон низ дар баъзе мавридҳои истисноӣ пахтакорон аз корхонаҳо кӯмак мехоҳанд. Ёрмаҳмад Бобоев-пизишки яке аз бемористонҳои шаҳри Кӯлоб мегӯяд, мисли солҳои пеш ҳоло сафарбарии дастаҷамъона ба чиниши ҳосили пахта вуҷуд надорад. Вале агар кӯмак зарур бошад, онҳо бо назардошти имкон кӯмак мекунанд: “Агар хоҳиш карданд, имкон бошад, мо ҳам меравем, ёрдам мекунем. Агар рӯзҳои корӣ имконият наёфтем, рӯзҳои шанбеву якшанбе ёрдам мекунем. Баъзе бемористонҳо метавонанд ёрӣ расонанд, баъзеи дигараш наметавонанд. Масалан, шӯъбаи ҷарроҳӣ ва шӯъбаи реаниматсия наметавонанд. Онҳо бояд доим дар назди бемор бошанд. Вале марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ метавонанд дасти кӯмак дароз кунанд”.

Дар Тоҷикистон замин ба воҳидҳои кишоварзӣ тақсим шудааст ва онҳо худашон намехоҳанд, ки даромади ҳосили ба дастовардаи худро ба дигарон тақсим кунанд. Ҳоҷиқурбон Дӯстов-раҳбари яке аз воҳидҳои кишоварзӣ дар водии Вахш мегӯяд, соли ҷорӣ онҳо дар 2 ҳектор пунбадона кишт кардаанд ва дар ин рӯзҳо аз он 500 кило ҳосили аввалро ҷамъ овардаанд. Вай мегӯяд: “Ҳозир хоҷагиҳо барои ёрӣ он қадр муҳтоҷ нестанд, барои он ки бисёриҳо дар заминҳояшон гандум ё беда кишт кардаанд. Баъд аз беда ҷуворимакка мекоранд. Пештар аз ташкилотҳову мактабҳову сохтмонҳо ва ё аз духтурхонаҳо ба ёрдам меомаданд. Ҳозир дигар ин хел нест”.

Дӯстов мегӯяд, онҳо мехоҳанд, ки даромадро худашон бигиранд ва ин даромад бояд то расидани ҳосили соли дигар харҷи рӯзгорашонро таъмин кунад. Даромади баъзе хонаводаҳо аз ҳосили пахта соле то ба 15 ҳазор доллар мерасад, ки ба гуфтаи вай барои як хонаводаи начандон бузург кифоят мекунад. Дӯстов мегӯяд, соҳибони замин дастур гирифтаанд, ки бо назардошти нируи кории худ ва имконоти худ пахта кишт кунанд, зеро ба онҳо дигар касе аз корхонаву муассисаҳо ба кӯмак нахоҳад омад.

Дар Қирғизистон низ вазъ тақрибан мисли Тоҷикистон аст ва донишҷӯёну кормандони корхонаву муассисот ба чиниши пахта сафарбар намешаванд. Ин кишвар ҳатто аз Тоҷикистон ним баробар камтар пахта ҷамъоварӣ мекунад. Солона кишоварзони Тоҷикистон бештар аз 350 ҳазор тон пахта ҷамъоварӣ мекунанд.

Эшбӯрӣ Эсанқулов-узви кумитаи кишоварзии маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон ҷалби донишҷӯёну коргарони корхонаҳо ба ҷамъоварии пахта дар Узбакистонро ба мазореи зиёди пунба дар ин кишвар иртибот медиҳад ва мегӯяд, кишоварзон наметавонанд ҳосили пахтаро бидуни кӯмаки корхонаву муассисот ҷамъоварӣ кунанд. Вале дар Тоҷикистон ин тавр нест: “Зарурати ҷалб кардани дигарон боқӣ намондааст. Чунки пахтакорон пахтаи истеҳсолкардаи худро худашон мехоҳанд чида супоранд. Касе, ки пахтаро коридааст, бояд худаш ҳосилро гирад”.

Баъд аз алюмин пахта аз дуввумин молҳои содиротӣ дар Тоҷикистон дониста мешавад. Моҳи июли соли 2010 вазорати кори Амрико эълон кард, ки пахтаи Тоҷикистонро ба феҳристи маҳсулоте ворид кардааст, ки воридоташон ба Амрико мамнӯъ аст, зеро дар ҷамъоварии он аз нируи кӯдакон истифода мешавад. Он вақт баъзе таҳлилгарони мустақили тоҷик ин тасмими Амрикоро сиёсӣ арзёбӣ карданд. Вале акнун вазъ тағир ёфтааст ва ба ҷамъоварии ҳосили пахта на танҳо кӯдакону донишҷӯён, балки кормандони корхонаву муассисаҳо низ ҷалб намешаванд.

Баъд аз дастури раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳоло шогирдони мактабҳо ва донишҷӯён дар чиниши пахта ширкат намекунанд. Вале дар баъзе хонаводаҳо бо ҳидояти волидайн фарзандони онҳо барои ба истилоҳ “пул кор кардан” гаҳ-гоҳе берун аз дарсҳои худ пахта мечинанд.
XS
SM
MD
LG