“Ҳайкалтароширо дар ҳолати марг ҳам бигӯем, мешавад. Мумкин аст, 4-5 одам бошем. Кор нест, эҷод карда наметавонем. Вазъи иқтисодии оила бад аст. Аз ин рӯ, бояд дар ҷустуҷӯи чизе бошам, ки оилаи худро таъмин кунам,” -- изҳор дошт Сафарбек Қосимов, ҳайкалтароши тоҷик.
Ба қавли ӯ, имрӯзҳо аз ҳама бештар муҷассамаи шахсиятҳои таърихӣ ва қаҳрамонҳои миллӣ, аз ҷумла Исмоили Сомониро фармоиш медиҳанд.
Шерзамон Латифов, пайкарасози ҷавони тоҷик, мегӯяд, дархости муҷассамаи ҳайвонҳо низ вақтҳои охир афзудааст: “Асосан муҷассамаи ҳайвонҳо фармоиш мешавад. Шояд сабаб он бошад, ки мехоҳанд аз масъалаҳои ҳассос дурӣ ҷӯянд. Аммо чизҳои ҷолибе, ки сохтан мумкин аст, хеле зиёданд. Барои мисол, қаҳрамонҳои таърихӣ”.
Ҳайкалтарошони тоҷик асосан чизҳоеро месозанд, ки дархост мешавад ва ба гуфтаашон, фармоишгарон ҳам бештар на ба сифати кори онҳо, балки ба зуд омода шудани муҷассама ва арзон будани он аҳамият медиҳанд. Латифов мегӯяд, бештари фармоишгарон талаб мекунанд, ки муҷассама дар муҳлати бисёр кӯтоҳ сохта шавад.
“Ҳама чтиз аз муҳлат вобаста аст. Вақте ба назди шумо меоянду мегӯянд, бояд дар 15 рӯз сохта шавад, натиҷа ҳамин мешавад. Чизи арзандае, ки мехоҳем боқӣ бимонад, бояд бо маводи дарозумр, аз ҷумла биринҷӣ ё санг сохта шавад. Ё ҳадди ақал саффорӣ шавад. Ин гарон мешавад. Ҳоло, ки талабот ба муҳлати анҷоми кор асту на сифат, табиист, ки маводи арзон - бетон интихоб мешавад. Бо бетон кор зуд ва ҳам арзон хоҳад буд,” – шарҳ дод Шерзамон Латифов.
Аммо худи пайкарасозон ба зидди гузоштани муҷассамаҳои бетонӣ дар шаҳру вилоятҳоянд. Зеро онҳо баъди 2-3 сол таъмирталаб мешаванд ва вақте таъмир шуданд, шакли аслии худро гум мекунанд.
Сафарбек Қосимов гуфт: “Ба фикри шахсии ман, дар шаҳр аз бетон муҷассама сохтан хандаовар аст. Вақте аз дохили шаҳр мегузаред, дар бисёр ҷойҳо, аз маҳаллаи 82-ум поён меравед, ҳамааш бетон аст. Бояд раҳбарияти вилоятҳо ба ин чиз аҳамият диҳанд”.
Ба назари баъзе аз пайкарасозон, қомат афрохтани муҷассамаҳои бесифату “кӯтоҳумр” дар шаҳру ноҳияҳои кишвар сабабҳои дигар низ дорад. Амрӣ Аминов, пайкарасози тоҷики муқими Порис, мегӯяд, муҷассамаҳо бояд дар асоси озмунҳо ва хулосаи мутахассисон интихоб шаванд.
“Ҳар касе мехоҳад, ҳайкал мегузорад, бидуни озмун, бидуни қабул кардани он аз тарафи мутахассисон. Вақте ман барои иштирок дар чанд озмун омада будам, барои ҳайкали Рудакӣ, барои силсилаи ҳайкалҳои назди бинои Китобхонаи миллӣ, ба корҳои ман, ки унвони академики Академияи рассомии Русияро дорам, як хатмкардаи Омӯзишгоҳи рассомӣ баҳо додааст. Ӯ раиси комиссия будааст,” – нақл кард ӯ.
Нанотехнология, принтери себӯъдӣ ва ҳуши маснӯӣ аз рақибони дигари пайкарасозонанд, ки бозори онҳоро мешикананд. Аммо Амрӣ Аминов мегӯяд, бо вуҷуди ин ниёз ба ҳайкалтарошони касбӣ аз байн нахоҳад рафт.
“Худи ҳайкалро бояд ҳайкалтарош бисозад. Ҳамин телефонро як дизайнер сохтааст. Агар инро насохта бошад, ӯ чӣ тавр нусхабардорӣ мекунад. Аз санги сунъӣ ё пластик... Барои ҳамин, ниёз ба ҳайкалтарош ва ҳайкали олӣ ё дар сатҳи касбӣ сохташуда ҳамеша ҳаст,” – гуфт ӯ.
Шерзамон Латифов мегӯяд, таваҷҷуҳи насли нав низ ба пайкарасозӣ чандон зиёд нест. Ба назари ӯ, аз як тараф ҳайкалтарошӣ касби пурмашаққат аст ва аз тарафи дигар омилҳое вуҷуд надоранд, ки ҷавононро ба ин шуғл ҳавасманд гардонанд: “Бисёриҳо роҳҳои осонро меҷӯянд. Вақте барои даромад ба даст овардан роҳҳои осони зиёд вуҷуд доранд, чаро бояд машғули коре шаванд, ки ҳам мушкил асту ҳам хатарзо.”
Солҳои охир дар Тоҷикистон ҳайкалу нимпайкараҳои зиёд сохта ва гузошта шудаанд. Онҳо бо тантана рӯнамоӣ ва ба зудӣ танқид мешаванд. Пайкарасозон набудани шароити хуби корӣ ва корхонаи мисгудозиро як сабаби дигари буҳрони ин пеша меноманд.
Видеоро дар ин ҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад