Як корбари Радиои Озодӣ рӯзи 26-уми август видеоро фиристод, ки дар он дида мешавад сангҳои мармарро ба муҷассама начаспондаанд. Муаллифи навор изҳори умед кардааст, ки “акнун масъулон оромона тамоми камбудҳои муҷассама ва иншооти дигари ҷашниро аз байн хоҳанд бурд”.
Сафари кории президенти Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд рӯзи якшанбеи гузашта ба поён расид. Ӯ тӯли панҷ рӯз дар Хуҷанду Гулистон ва Кӯҳистони Мастчоҳ ва Зафаробод буд.
Дар гузашта низ аз чанд мавриди сохтакорӣ ё саҳнасозии мақомоти шаҳру ноҳияҳо ҳангоми сафари раиси ҷумҳур гузориш шудааст.
Навори фиристодаи корбаронро дар ин ҷо бинед: