Фирор аз хонаи падар ё аз "хурофот"? ВИДЕО

Ихтилофи назар, шикояти пайвастаи волидони муҳофизакор аз амалу гуфтор ва зоҳиру нақшаҳои Сурайё боис шудааст, ки дар фикри зиндагии алоҳида ва ҷудо аз падару модар шавад. Сурайё дар як соли охир ба ин хулоса омад, ки роҳи беҳтарини раҳо кардани худ ва волидонаш аз баҳсҳои беохир ҳамин аст.

Як рӯз либосамро дида гуфтанд, ин либосат мардона аст? Ё чаро ин шимат дарида аст, пул надорӣ?

Сурайё мехоҳад, мустақил бошад

Сурайё мехоҳад, зиндагиашро мустақилона ба роҳ монад –хоҳише, ки дар ҷомеаи суннатие ба мисли Тоҷикистон ба мухолифати зиёд дар хонавода рӯ ба рӯ мешавад. “Барои онҳо ин тасмими ман як навъ шармандагӣ аст. Мегӯянд, ту моро бо ин кор беобрӯ мекунӣ. Намехоҳам, ки барои ман нороҳат шаванд, бемор шаванд”, - мегӯяд Сурайё.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Чаро ҷавонони тоҷик аз хонаи волидон фирор мекунанд?

Сурайё 24 сол дорад, оиладор нест ва мегӯяд, ки нақшаҳояш барои оянда бузург аст -- карйера ва орзуҳои зиёди дигар, аммо волидон барои ӯ орзуҳои комилан дигар доранд. Аз нигоҳи онҳо, духтари мусалмон бояд, боиффат бошад ва ҳатман аз хонаи падар бообрӯ шавҳар кунад. “Модарамро мефаҳмам. Ӯ дар 17-солагӣ шавҳар кардаву ҳоло сатр мепӯшад. Нигоҳи ӯ, орзуҳояш дигар аст. Аммо ман 5 сол донишгоҳ хондам, нақшаҳоям дигар аст. Тоза ҷойи кори хуб ҳам ёфтам, мехоҳам кор кунам, дунёро бибинам. Дар ҷомеаи мо агар шавҳар кардӣ, дигар тамом, нақшаҳо тамоман дигар мешавад”, - гуфт ӯ.

Оламафрӯз

Тасмими Сурайё барои шурӯи зиндагии алоҳида ҷиддӣ аст. Ӯ ҳоло дақиқ намедонад то куҷо ба ҳадаф мерасад, аммо мегӯяд, бо ин тафовуту ихтилофот ҳам зиндагӣ кардан дар хонавода барояш мушкил аст.

Аксаран онҳое, ки мисли Сурайё бо ақидаву шеваи зиндагӣ дар оила аз дигарон фарқ мекунанд, ба диду баҳогузории ғолибан мазҳабии волидон ба ҳама паҳлӯҳои зиндагии худ, аз ҷумла ба либос ва зоҳири худ розӣ нестанд, мехоҳанд зиндагиро мустақилона ба роҳ монанд. Бархе ҳам зиёд фикр намекунанд ва мераванд.

Оламафрӯз аз ҳамсолонаш бо чӣ фарқ мекунад?

Оламафрӯзи 25-сола чанд соли охир дур аз волидон аст ва зиндагии мустақил дорад. Бо ҳадафи идомаи таҳсил ба пойтахт омад, донишгоҳро хатм кард, аммо бо вуҷуди хоҳишҳои пайиҳами волидон дигар ба зодгоҳ барнагашт. «Пас аз омадан, худро хеле озод ҳис мекардам, ҳар либосе мехостам, мепӯшидам. Тоҷикистон ҳамин хел аст, ки мо дар як чаҳорчӯба бояд либос пӯшем ва мӯйи сарро ороиш диҳем», - мегӯяд Оламафрӯз.

Ҳоло Оламафрӯз бо намуди зоҳирии худ, мӯйи дароз, либос, ҳалқае, ки дар гӯш дорад, аз аксар ҳамсолони дигараш фарқ дорад. Волидон ҳам маъмулан аз ӯ хоҳиши тағйир додани зоҳирашро мекунанд. «Як рӯз либосамро дида гуфтанд, ин либосат мардона аст? Ё чаро ин шимат дарида аст, пул надорӣ? Гуфтам не, шеваи дӯхташ чунин хел аст. Модарам бисёртар мегӯяд, ки ришатро гир, мӯйи сарата гир бачаи хушрӯ мешавӣ», - нақл кард ӯ.

Зарина Кенҷаева

Оламафрӯз мегӯяд, ихтилофи ӯ бо хонавода ҳанӯз аз интихоби касбаш шурӯъ шуд. Ба ӯ пешниҳод карданд, ки ҳунарпеша нашавад. Аммо ба гуфтаи ӯ, агар ҳар кас тавонад волидонро бо дунёи худ хуб ошно кунад, онҳо ӯро ҳатман дарк хоҳанд кард. Ӯ мегӯяд агарчӣ дар бисёр маврид ҳоло волидон ба назару амали ӯ мувофиқ нестанд, аммо болояш фишор намеоранд ва ӯро ба коре, ки намехоҳад, маҷбур намекунанд. «Онҳо ҷанг намекунанд, қабул надоранд. Масалан, бисёр чизро, вале маҷбур ҳам намекунанд. Мегӯянд, маслиҳати мо ҳамин ки бачаи батартиб шав», - гуфт ӯ.

Рафтан аз хонаи падар ва зиндагии танҳову мустақилонаро ихтиёр кардан, барои як ҷавони ҳанӯз муҷаррад дар хонаводаҳои муҳофизакори тоҷик, ки одат аст фарзандон то 30-40 солагӣ, ҳатто баъди падару модар шудан ҳам назорат шаванд, кори осон нест. Посухи аксар падару модар ба чунин тасмимҳо як аст. Онҳо ба ин розӣ нестанд. Бар ин боваранд, ҷавон танҳо дар зиндагӣ роҳгум мезананд ва ба роҳи баде меравад.

"...вале, ҷавонон набояд саросема шаванд"

Бачаҳо фикр мекунанд, ки аз ҳаёт қафо монданд. Барои эҳсос кардани тамоми лаззати дунё озодӣ мехоҳанд. Бо даст додани имконият онҳо мехоҳанд озод шаванд. Аммо озодӣ масъулият дорад.

Ҷомеашиносон мегӯянд, роҳнамоии фарзандон дар ҳама масоил муҳим аст, аммо дахолат ва хӯрдагирӣ ба паҳлӯҳои зиндагии онҳо дуруст нест. Зарина Кенҷаева, равоншинос ва мудири кафедраи ҷомеашиносӣ дар Донишкадаи санъати Тоҷикистон бар ин бовар аст, ки дар ҳар ҳолат вақте як ҷавон тасмим мегирад, ки зиндагии мустақилона ба роҳ монад, бояд дастгирӣ шавад на фишор бубинад.

Ӯ гуфт, "баъзан вақт калонсолон аз озод гузоштани ҷавонон дар ташвиш мешаванд. Медонанд, ки дар ягон мушкил дучор мешаванд, майнӯш мешаванд, ба роҳи бад мераванд ё хурофотӣ мешаванду дигар чизҳо. Аз ин мушкилот дар ҳаросанд. Аммо дар кадом ҳолате набошад, бояд ба онҳо озодиро диҳем. Ин озодӣ метавонад, ки ҷаҳонбинии ин наслро каме дигар кунад"

Ба андешаи ин равоншинос, маъмулан, ҷавононе, ки барвақт зиндагии ҷудогонаро ихтиёр мекунанд, онҳое ҳастанд, ки аз сахтгирӣ ва фишор дар хона азият мекашад. Заррина Кенҷаева мегӯяд, бештар бачаҳое дар оила фишорро эҳсос мекунанд, ки фикррониву ҷаҳонбиниашон дигар аст ва инҳо фикр мекунанд агар заррае озод бошанд, бештар дастовард доранд, ба ин хотир мехоҳанд ҷудо бошанд -- ё инки бародарони калон доранду падарашон сахтгир аст.

"Вале дар ҷавонӣ як чизро фаромӯш кардан даркор нест, набояд саросема шаванд. Бачаҳо фикр мекунанд, ки аз ҳаёт қафо монданд. Барои эҳсос кардани тамоми лаззати дунё озодӣ мехоҳанд. Бо даст додани имконият онҳо мехоҳанд озод шаванд. Аммо озодӣ масъулият дорад. Дар чорчӯбаи ҷомеа ва ҳам чорчубаи исломӣ бубинед, ки як меъёрҳои дурусти инсонӣ вуҷуд дорад ва мо бояд кӯшиш кунем, ки аз чорчӯбаи инсонӣ нагузарем", - мегӯяд Заррина Кенҷаева.

Ҳоло Сурайё медонад, ки тасмими рафтани ӯ аз хона ва зиндагии мустақилонааш барои волидон сахт хоҳад буд. Аз сӯйи дигар, барои худаш ҳам, ки ҳанӯз ба дастгирии молии онҳо каму беш ниёз дорад. Вале мегӯяд, бояд роҳе пайдо кунад, ки волидони муҳофизакораш ӯро дарк карда, барояш озодӣ диҳанд.