"Пантера" ва шарики "Хаммер" аз зиндон раҳо шуд (ВИДЕО)

Акс аз бойгонӣ

Мақомоти тоҷик таъйид карданд, ки Фаридун Умаров маъруф бо «Пантера» аз зиндон раҳо шудааст.

Фаридун Умаров, афсари собиқи милиса ва бародари Мансур Умаров, муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистонро, ки барои қочоқи маводи мухаддир ба 7 соли зиндон маҳкум шуд, аз адои ҷазо дар зиндон озод кардаанд.

Як манбаъ дар Додгоҳи ноҳияи Сино ба Радиои Озодӣ гуфт, Фаридун Умаров тибқи моддаи 80, банди «б»-и Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне «иваз кардани намуди муасиссаи ислоҳӣ» озод шуд. Ба гуфтаи ин манбаъ, то поёни мӯҳлати зиндони Фаридун Умаров 7 моҳи дигар боқӣ монда буд, аммо бо дарназардошти “интизоми намунавӣ” дар зиндон, ӯро тибқи қонун қабл аз адои ҳукм шартан раҳо карданд.

Мусоҳиби Радиои Озодӣ гуфт: “Тибқи моддаи 80, банди «б»-и Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар маҳкумшуда аз чаҳор ҳиссаи мӯҳлати ҷазо, се ҳиссаи маҳбасро нишаста бошад ва дар давоми адои ҷазо ҳеҷ қонуншикание накарда бошад, бо шарти берун нарафтан аз маҳаллӣ зист ва давоми як бор ҳозир шудан ба муассисаҳои ислоҳӣ, ҳуқуқи дар озодӣ буданро дорад. “

Фаридун Умаровро моҳи августи соли 2012, ба 7 сол ва як шарики ӯ Рустам Ҳайитовро, ки ба қавли тафтишот, ҳамчун қочоқбари умда бо 42 кило героин боздошт шуда буд, ба 24 соли зиндон маҳкум карда буд. Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ, аз ин пеш нисфи ҳукми зиндони Фаридун Умаров бар тибқи Қонуни афв карданд. Парвин Ализода, сухангӯи Раёсати ислоҳии маҳбасҳои вазорати адлияи Тоҷикистон низ ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, воқеан Фаридун Умаров ҳафтае пеш тибқи қарори додгоҳ аз зиндон берун шуд.

Фаридун Умаров, сардори собиқи бахши мубориза бо маводи мухаддири Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фархор, охири соли 2011 бо Рустам Ҳайитов, маъруф бо лақаби «Хаммер» бо гумони даст доштан бо маводи мухаддир боздошт шуданд. Мақомоти интизомӣ дар он вақт гуфтанд, ки Фаридун Умаров як узви гурӯҳи ҷиноие буд, ки дар ноҳияи Фархор амал мекард. Дар ин гурӯҳ Зафар Мирзоев, сардори собиқи раёсати мубориза бо маводи мухаддири вазорати умури дохилӣ, Тоҳир Шеров, сардори собиқи раёсати умури дохилии Душанбе ва чанд нафар аз афсарони собиқи милиса шомил будаанд.

Дар Тоҷикистон шикоят аз он зиёд аст, ки додгоҳҳо ҳангоми қабули қарор ва судури ҳукм нисбат ба ҳама ба чашми яксон наменигаранд ва мусоидат мекунанд, ки наздикону хешовандони афроди мансабдор ё ҷазои сабук бигиранд ва ё ҷазо ҳам гирифтанд, ба ҳар роҳи қонунӣ зудтар озод шаванд.

Ҷузъиёти бештар дар ин мусоҳибаи видеоист: