"Мақомот ба модари Абдулвосит ва Садриддин Маҳбубшоевҳо, ду нафар аз боздоштшудаҳо гуфтаанд, ки рӯзи душанбе 1-уми июл барои вохӯрӣ ҳозир шаванд. Интизор ҳастем, ки модарашон бо чӣ хабар бармегарданд,”- гуфт яке аз наздикони боздотшудаҳо рӯзи 1 июл ба Радиои Озодӣ.
Алҳол маълум нест, ин афрод ба чӣ муттаҳам мешаванд, мақомот дар бораи боздошт ва истирдоди онҳо расман хабар надодаанд. Пулиси Маскав панҷ сокини Язгуломро 14-уми июн дар ошхонаи тоҷикии “Лаззат” боздошт кард ва онҳоро 19-уми июн тариқи хатсайри Маскав-Кӯлоб ба Тоҷикистон фиристоданд. Аммо пайвандонашон онҳоро дар фурудгоҳи Кӯлоб пайдо накарданд.
Нимаи моҳи майи имсол Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон беш аз 30 сокини Ванҷро бо гумони ҳамкорӣ бо гурӯҳи “Ансоруллоҳ” боздошт кард. Наздикони боздоштшудаҳо ин иттиҳомро рад кардаанд.
Дар як моҳи ахир тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ ҳудуди 15 сокини Ванҷ аз Русия ба Тоҷикистон истирдод шудааст. Манобеи Радиои Озодӣ боздошти онҳоро ба ҳамкорӣ бо гурӯҳе аз сокинони Ванҷ бастагӣ медиҳанд, ки бо гумони “ифротгароӣ” дастгир шудаанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Ишора ба "Ансоруллоҳ". Ҷузъиёти боздоштҳо дар ЯзгуломПанҷ сокини Язгулом дар фурудгоҳи Кӯлоб “гум” шудаандРусия 5 сокини Ванҷро ба Тоҷикистон истирдод кардаастДар Язгулом чӣ гап? Сафари мансабдорони баландпоя ба Бадахшон